Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон натиҷаҳои пешакии маъракаи Раъйпурсии умумихалқии санаи 22 май оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи ҷумҳуриро эълон кард.
Дар изҳороти дар рӯзномаи «Ҷумҳурият интишоршудаи раиси КМИр Бахтиёр Худоёрзода дар ин робита зикр мегардад, ки дар маъракаи раъйпурсӣ 4 млн. 095 ҳазору 422 нафар шаҳрвандони кишвар иштирок карданд, ки аз 4 млн. 430 ҳазору 116 шаҳрвандони аз ҷониби КМИР бақайдгирифта ҷиҳати иштирок дар ин маърака 92%-ро ташкил медиҳад.
Ба гуфтаи раиси КМИР, аз ин шумор ба ҷонибдории ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия 3 млн. 834 ҳазору 862 нафар ва мухолифи он 134 ҳазору 877 нафар шаҳрвандони овоз додаанд, ки аз шумори умумии интихобкунандагон мутаносибан 94,5% ва 3,3%-ро ташкил медиҳад.
Ӯ қайд кардааст, ки барои баргузории раъйпурсӣ дар дохили кишвар 68 ҳавзаи интихоботӣ ва 3 ҳазору 239 ҳазор қитъаҳои интихоботӣ ва дар 29 кишвари ҷаҳон 36 қитъахои интихоботӣ барои раъйдиҳӣ таъсис дода шуда буданд.
Раиси КМР Тоҷикистон зикр кардааст, ки баъди ҳисобу китоби овозҳо 89 ҳазору 683 варақаҳои овоздиҳӣ (2,2%) беэътибор дониста шудаанд.
Ӯ ҳамчунин иттилоъ додааст, ки дар ҷараёни омодагӣ ва баргузории раъйпурсӣ аз ҷониби шаҳрвандони дар ин маърака иштироккарда ва ҳамчунин нозирон ба КМИР ҳеҷ шикояте ва ё аризае пешниҳод нашудааст.
Ҳамин тариқ, изҳор доштааст раиси КМИР, раъйпурсӣ баргузоршуда эътироф гардида, ҳамаи тағйироту иловаҳо ба Конститутсия қабул шуданд.




«Лица года-2025» в Таджикистане: выбор журнала VIPzone
Молдова начала процедуру денонсации соглашений с СНГ и выхода из Содружества
Конфликт в «Парламенте». Прокурора Бустона уволили после стычки с владельцем ресторана
Товарооборот между Китаем и Центральной Азией в 2025 году превысил $100 миллиардов
В Душанбе открылся HikCenter — монобрендовый бутик Hikvision
«Снова и снова решалась на беременность — в итоге похоронила пятерых детей». Трагедии родственных браков в Таджикистане
Доставка товаров из Китая через Jana Post: прозрачно и без переплат
Курс на перестройку и результат: чего ждать от Милана Милановича в «Худжанде»
Таджикистан столкнулся с рекордными температурными аномалиями в 2025 году
В Таджикистане на сотнях гектаров высадили саксаул для защиты от пыльных бурь
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста