Сафири нави Тоҷикистон дар Малайзия Муҳаммадӣ Музаффар Мунавварзод рӯзи 16 июни соли 2016 нусхаи эътимодномаи худро ба сардори Раёсати ташрифоти Вазорати корҳои хориҷии Малайзия Дато Камилан Максом супорид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар ҳошияи вохӯрӣ мулоқоти дуҷониба баргузор шуд, ки дар он оид ба ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Малайзия ва дурнамои онҳо мубодилаи афкор сурат гирифт.

Гуфта мешавад, Дато Камилан Максом ба Сафири навтаъйини кишвар дар Малайзия дар иҷрои вазифаи баланди дипломатӣ ҷиҳати густариши ҳарчи бештари муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни ду кишвар комёбӣ орзу намуд.