Сафири Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ рӯзи 24 августи соли 2016 эътимодномаи худро ба Дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) Иёд Амин Маданӣ, ба ҳайси намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин созмон, тақдим намуд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни мулоқот, ки баъд аз маросими эътимодномасупорӣ баргузор гардид, ҷонибҳо доир ба роҳҳои густариши ҳамкории гуногунҷанба дар доираи ин созмон сӯҳбати судманд анҷом доданд.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни вохӯрӣ ба масоили вобаста ба рушди ҳамкории иқтисодию сармоягузорӣ, сайёҳӣ ва илмию фарҳангӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардидааст.