Созмонҳои байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи Дидбони ҳуқуқи башар (Human Rights Watch (HRW) ва Анҷумани ҳуқуқи башар дар Осиёи Миёна (Association for Human Rights in Central Asia) аз ҳукуматдорони Тоҷикистон даъват карданд, ки адвокатҳои ба муҳлатҳои зиёди зиндон маҳкумшуда бетаъхир озод карда шаванд.

Суди шаҳри Душанбе санаи 6 октябр адвокатҳо Бузургмеҳр Ёровро ба 23 сол ва Нуриддин Маҳкамовро ба 21 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард.

Дар изҳороти интишоршуда дар торнамои HRW дар ин робита қайд мешавад, ки мурофиаи судӣ бо истифода аз «рафтори бераҳмона» сурат гирифта, ҳукм «ангезаи сиёсӣ дар пай дорад».

«Адвокатҳо бояд фавран озод карда шуда, ҳукуматдорон бояд мустақилияти соҳаи адвокатура дар Тоҷикистонро таъмин кунунд», - таъкид мешавад дар изҳорот.

Хабаргузории «Озодагон» дар мавриди ин масъала иттилоъ медиҳад, ки Стив Свердлов, пажуҳишгари Дидбони ҳуқуқи башар дар Осиёи Миёна дар ин изҳорот гуфтааст, мақомоти Тоҷикистон бо ин таъқиби қонунӣ талош доранд садои ин ду вакили мудофеи фаъолро хомӯш кунанд ва ин ҳукм зарбаест ба мустақилияти таъмини риояи ҳуқуқ дар Тоҷикистон аст.

Адвокатҳои маҳкумшуда Нуриддин Маҳкамов ва Бузургмеҳр Ёров
Коллажи АИ "Фергана"

Қобили зикр аст, ки суд Бузургмеҳр Ёровро мутобиқи 5 модда ва Нуриддин Маҳкамовро мувофиқи 4 моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ гунаҳкор эътироф намуд. Ҳарду адвокат ҳамчунин ба муддати панҷ сол баъди озод шудан аз зиндон аз ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти адвокатӣ маҳрум карда шуданд.

Рӯзи 27 сентябр зимни суханронии ниҳоии худ дар мурофиаи судӣ адвокат Бузургмеҳр Ёров изҳор карда буд, ки «ӯ на ифротгаро, балки адвокат буда, ба ҳимояи аъзои ҲНИТ на аз рӯи муҳаббату самимият ба онҳо, балки аз рӯи тақозои касб пардохтааст».

Бузургмеҳр Ёров санаи 28 сентябри соли 2015 дар дафтари кории коллегияи адвокатҳои «Сипар» боздошт шуда, он замон ба ҳимояи манфиатҳои 7 узви боздоштшудаи Ҳизби фаъолияташ мамнӯъи наҳзати исломии Тоҷикистон машғул буд.

Адвокат Нуриддин Маҳкамов охири моҳи октябри соли гузашта ба гумони даст доштан дар қаллобӣ боздошт шуд. Ӯ низ корманди коллегияи адвокатҳои «Сипар» буд. То замони боздошт Маҳкамов ният дошт, ки ба ҳимояи манфиатҳои ҳамтои боздоштшудаи худ пардозад, вале барои ин кор иҷозатнома дастрас карда натавонист.