Дар бӯстонсаройи беруназшаҳрии ҳукумати Тоҷикистон «Пугус» воқеъ дар Варзоб мулоқоти сеҷонибаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раисҷумҳури Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ва Сарвазири Покистон Муҳаммад Навоз Шариф баргузор шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни вохӯрӣ Эмомалӣ Раҳмон  таъкид намуд, ки оғози татбиқи лоиҳаи минтақавии  КАСА-1000  аз  дастовардҳои  бузург ва таърихии ин давлатҳо ба ҳисоб меравад.

Дар мулоқоти сегона бо диди васеъ ва иродаи матин суръат бахшидани раванди татбиқи ин тарҳи стратегӣ  таъкид гардида, аз роҳбарони ҳайатҳо даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати татбиқи бетаъхири лоиҳа бо мақсади пайванди табиии  давлатҳои  минтақа  ва  таъмини  рушди устувори иқтисодию иҷтимоии онҳо тадбирҳои судманд амалӣ намоянд.

Ҳамчунин дар заминаи иҷрои тарҳҳои муштарак ҷиҳати тавсеаи зерсохтори иртибототии  кишварҳо  тавассути сохтмони роҳҳои оҳану мошингард, рушди алоқаи ҳавоию  телекоммуникатсионӣ  ва пайвастагии минтақавӣ, истифодаи масири транзитӣ ва имзои ҳарчи зудтари Созишномаи тиҷорати транзитии се кишвар  фикру мулоҳизаҳои судман баён карда шуд.

Густариши бештари  ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ  ба нафъи мардумони се кишвар ва омили муҳимми  тавсеаи робитаҳои минтақавӣ дониста шуд ва  мусоидату корбурди василаҳои муосир – гузаронидани  намоишгоҳҳову анҷуманҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ  ва сармоягузории муштарак бо мақсади ташвиқи бештару муаррифии имкониятҳои ҳамдигар, аз ҷумла маҳсулоти кишоварзӣ  муфид арзёбӣ гардид.

Бо назардошти ин, Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки ҳамчун иқдоми аввал дар ин ҷода дар рӯзҳои ҷашни суннатии Меҳргон дар моҳи октябри соли равон Намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон,Афғонистон ва Покистон дар шаҳри Душанбе гузаронида шавад.

Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба масъалаҳои муҳими марбут ба ҳамкориҳои сеҷониба дар самти иштироки фаъол дар баэътидоловарии вазъи мураккаби сиёсию низомии Афғонистон, мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, ҷиноятҳои муташаккил ва қочоқи маводи нашъаовар табодули афкор намуданд.