Муовини вазири корҳои хориҷии Русия Григорий Карасин дар мусоҳиба ба хабаргузории РИА Новости изҳор намуд, ки муҳоҷирон дар иқтисоди Русия саҳми назаррас доранд.
«Бо ирсоли маблағҳои зиёд ба ватан муҳоҷирон натанҳо оилаҳои худро дастгирӣ мекунанд, балки дар иқтисоди Русия низ саҳми назаррас доранд. Заминаҳои воқеъии иттиҳод, зарурати ҷустуҷӯи механизмҳои беҳтарин ва методҳои ҳалли муштараки мушкилоти рӯзмарра ба ҷараёни ҳозираи ташаккули минтақаи ҳамлу нақли озоди молу хизматгузорӣ шароит фароҳам оварданд», - иброз доштааст ӯ.
Дар ҳамин ҳол, сиёсатмадор қайд кардааст, ки ҷорӣ кардани низоми раводи миёни Русия ва кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ба муносибатҳои аллакай ташаккулёфта байни онҳо зиён меоварад.
Бино ба маълумоти таҳқиқоти Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии Русия (РАНХиГС), нимсолаи аввали соли 2017 шумори омадагон ба Русия коҳиш ёфта, баръакси ҳол, шумори рафтагон афзудааст.
Гуфта мешавад, коҳиши шумори вуруди муҳоҷирон аз Молдова ва Украина идома дошта, дар навбати худ, шумори муҳоҷирон аз Тоҷикистону Ӯзбекистон тадриҷан зиёд мешавад, вале то ҳол ба сатҳи тобуҳронӣ нарасидааст.
Звездопад на Tarona Music Award 2024
Путин рассказал, при каких условиях готов вести переговоры с Зеленским
«Не хватает рабочих рук»: Путин высказался о путях решения проблемы миграции в России
Власти Тюменской области запретят мигрантам торговать табачными изделиями
Манучехр Беназирзода одержал победу на FORMULA55 CUP по FC25
Каждый житель Таджикистана ежедневно выбрасывает 100 граммов пластика
Во Франции мужчину, который в течение 10 лет накачивал свою жену наркотиками и насиловал, приговорили к 20 годам
Центральноазиатские страны лидируют в репатриации граждан из лагерей Сирии
Демографический бум Центральной Азии помог экономике?
«Когда правда становится жертвой клеветы». Бывший партнер героини материала о семейном насилии отвергает ее обвинения
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста