Ба масъалаи омодагии сафари давлатии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд.
Дар доираи ҷаласаҳои Комиссияҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва таъйину аломатгузории марзи давлатӣ маҷмӯи васеи масоили марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба дар ин самтҳо баррасӣ шуданд.
Ҷаласаҳо таҳти раёсати сарвазирони Тоҷикистону Ӯзбекистон Қоҳир Расулзода ва Абдулло Орипов доир гардиданд, ки бо сафари корӣ ба Душанбе ташриф овард.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар раванди гуфтушунидҳои баргузоршуда, ҷонибҳо аҳамиятнокии рушди муносибатҳои ду давлати бародарро дар фазои дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ ба таври возеҳ таҷассум намуда, дар ҳошияи ҷаласаҳо доираи васеи масоили муҳими ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла самтҳои асосии робитаҳои мутақобилаи Тоҷикистону Ӯзбекистон дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, нақлиёт, саноат ва фарҳангу маориф баррасӣ шуданд.
Қаблан як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» иттилоъ дода буд, ки сарвари давлати Ӯзбекистон аввали баҳор бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд.
Мавзӯи амалкарди минбаъда ҷиҳати делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ ва ҳалли масоили марбут ба омадурафт ва будубоши шаҳрвандони ду кишвар дар қаламрави якдигар, ба таври алоҳида матраҳ гардид.
Ҷонибҳо дурнамои тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои самараноки тиҷоратию иқтисодӣ, татбиқи тарҳҳои муштараки минтақавӣ, пешбурди муколамаи фарҳангӣ ва байни миллатҳоро муайян намуданд.
Изҳори умедворӣ гардид, ки натиҷаҳои музокироти доиршуда омили муҳим дар таъмиқи ҳамкориҳои фарогири дуҷониба миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон мегарданд.
Оид ба натиҷаи ҷаласаи комиссияҳо протоколҳои дахлдор имзо гардиданд.