Тоҷикистону Ӯзбекистон минбаъд ният доранд, ки байни шаҳри Душанбе ва шаҳрҳои Самарқанду Бухоро алоқаи мунтазами ҳавоӣ роҳандозӣ намоянд.
«Масъалаи тавеъаи имконоти равуои мусофирон тариқи нақлиёт байни кишварҳо зимни ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Ӯзбекистон моҳи январ дар Душанбе баррасӣ шуд», - иттилоъ дод зимни нишасти хабарӣ вазири нақлиёти Тоҷикистон Худоёр Худоёрзода.
Ӯ қайд кард, ки аз моҳи апрели соли гузашта ширкати ҳавопаймоии «Ӯзбекистон ҳаво йӯллари»-и кишвари ҳамсоя мунтазам тариқи хатсайри Тошканд - Душанбе-Тошканд парвоз анҷом медиҳад.
Вазир хабар дод, ки дар вохӯрии моҳи январ дар пойтахти Тоҷикистон ҷониби Ӯзбекистон пешниҳод кардааст, ки байни шаҳри Душанбе ва шаҳрҳои Самарқанду Бухоро хатсайри мунтазами ҳавоӣ ба роҳ монда шавад.
Ӯ таъкид дошт, ки ба монандаи хатсайри Душанбе - Тошканд дар ин маврид низ санади дахлдор омода гардидаааст, ки як қисмати таркибии созишномаи таҳияшуда дар бораи мусофиркашонӣ тариқи алоқаи ҳавоӣ байни кишварҳо хоҳад буд.
Ба гуфтаи Худоёрзода, нисбати созишнома тамоми расмиёти дохилии давлатӣ мувофиқа ва ба анҷом расида, он зимни сафари давлатии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Душанбе ба имзо мерасад.
Зимнан зикр гардид, ки ҳамчунин байни шаҳрҳои ҳарду кишвар боз кардани хатсайрҳои мусофиркашонии автомобилӣ низ дар назар аст, ки баъди имзои созишномаи дахлдори пешбинишуда зимни сафари президенти кишвари ҳамсоя ба нақша гирифта шудааст.
Дар идома вазири нақлиёти ҷумҳурӣ қайд кард, ки айни замон дар мавриди барқарор кардани алоқаи роҳи оҳан байни минтақаи ҷануби Тоҷикистон ва Ӯзбекистон низ гуфтушунидҳо ҷараён доранд.
«Мо бо раҳбарияти КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» қисмати роҳи худро то сарҳад бо Ӯзбекистон аз назар гузаронидем. Айни замон дар ҷойҳое, ки ба таъмир ниёз доранд, корҳо рафта истодаанд. Ҷониби Ӯзбекистон низ ба барқарор кардани қисмати роҳи худ шурӯъ кард. Баъди анҷоми ин корҳо ҳаракати қатораҳо оғоз мегардад», - таъкид дошт ӯ.
Вазир илова намуд,ки барқарор шудани ҳаракати қатораҳо байни кишварҳо дар ин самт барои ҳарду ҷониб ва Афғонистон низ аҳамияти зиёд дошта, бо ин роҳ тариқи шаҳри Тирмиз аз Тоҷикистон бору маҳсулот, аз ҷумла семент интиқол дода мешавад.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
Как советская Центральная Азия встречала Новый год?
В Таджикистане приняты поправки в два десятка законов
Новогодний стол без сюрпризов: как избежать пищевых отравлений в праздники
ФСБ сообщила о задержании выходцев из Центральной Азии, готовивших теракты в отделе полиции
Памяти устода Мардони
«Афзали Хучанд» - единственный производитель майонеза в Таджикистане - представляет новинку под брендом «NISO»
Отмена виз, рост зарплат и счастливые дети. Хорошие новости 2024 года
Центральная Азия становится новой точкой бума e-commerce
Авиакомпания Qazaq Air приостановила полеты в Екатеринбург – по соображениям безопасности
Самые интересные автомобили для семейных путешествий
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста