Аз моҳи марти соли равон оғози интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон аз эҳтимол дур нест.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, ҳаҷми умумии интиқоли нерӯи барқ ба кишвари ҳамсоя на камтар аз 1,5 млрд. кВт/соат дар як солро ташкил дода метавонад.
Бино ба гуфтаи манбаъ, Тошканду Душанбе айни замон шартҳои интиқоли нерӯи барқи Тоҷикистон ба бозори кишвари ҳамсоя ва ҳамчунин нархи онро баррасӣ доранд.
Зимнан зикр гардид, ки зимни сафари давлатии қарибулвуқӯъи президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон ин масъала ба таври ниҳоӣ ҳаллу фасл хоҳад шуд.
Охири моҳи декабри соли гузашта зимни суханронӣ дар парлумон вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода изҳор дошта буд, ки аз тобистони соли 2018 Тоҷикистон метавонад ба Ӯзбекистон нерӯи барқ интиқол диҳад.
Он замон ӯ қайд карда буд, ки баъди аз низоми ягонаи муттаҳидаи энергетикии Осиёи Марказӣ хориҷ шудани Тоҷикистон дар моҳи ноябри соли 2009, дар низомҳои энергетикии Тоҷикистону Ӯзбекистон тағйироти назаррас сурат гирифт.
«Баъди аз низоми ягонаи муттаҳидаи энергетикии Осиёи Марказӣ хориҷ шудани Тоҷикистон, шимоли кишвар бо нерӯи барқи истеҳсоли худӣ таъмин шуд, ки қаблан аз нерӯи барқи Ӯзбекистону Қирғизистон истифода мекарданд. Дар навбати худ, минтақаи ҷануби Ӯзбекистон қаблан аз Тоҷикистон нерӯи барқ мегирифт ва баъдан Ӯзбекистон низ худаш онро таъмин мекунад», - қайд кард вазир.
Ӯ таъкид дошт, ки имрӯз Тоҷикистону Ӯзбекистон қотеъона ният доранд, ки низоми ягонаи муттаҳидаи энергетикии минтақаро барқарор кунанд. «Барои ин Ӯзбекистонро лозим аст, ки 60 км хати интиқоли барқи васлкунандаи ҷануби кишвар бо Тоҷикистонро барқарор ва лоиҳаи ҳифзи табдили барқ (реле) ва автоматикаро амалӣ созад», - иброз дошт Усмонзода.
Вазир зикр кард, ки соли 2017 энергетикҳои тоҷик чун соли пешин беш аз 18 млрд. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол намуданд, ки ба таъмини кишвар бо нерӯи барқ бидуни ҷорӣ сохтани маҳдудият (лимит) имкон дод.
Народный артист СССР. Знай наших!
На конференции в Исламабаде талибов призвали снять ограничения на образование девочек
ТОП-5 видов продукции, которые обеспечили аграрный рост Таджикистана в 2024 году
Сбербанк России обнаружил в даркнете «университет» по обучению мошенников
В Таджикистане задержали подозреваемого в организации незаконной миграции в Украину
Райские парадизы Востока
Мировой рейтинг дзюдо: на каком месте таджикистанцы?
Минтруда Таджикистана огласило список профессий для трудовой миграции в Катар
Таджикистанец впервые избран президентом Исполнительного совета ЮНИСЕФ
В США запретят TikTok, если Китай не продаст платформу до 19 января
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста