Дар доираи сафари қарибулвуқӯъи президенти Ӯзбекистон ба Душанбе дар бораи аз ҷониби Тошканд ҷудо шудани 100 млн. доллар баҳри дастгирии тоҷирони тоҷик созишномаи байниҳукуматӣ ба имзо мерасад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, маблағи ҷудошуда ба сифати қарзи имтиёзнок ба суратҳисоби яке аз бонкҳои Тоҷикистон гузаронида мешаванд, лекин номи бонк мушаххасан зикр нашуд.

«Тибқи шартҳои ҷониби Ӯзбекистон, маблағ бо фоизҳои начандон зиёд танҳо ба он соҳибкорони тоҷик дода мешаванд, ки бо корхонаҳои давлатӣ ва хусусии Ӯзбекистон тарҳҳои тиҷоратии мушаххас дошта бошанд», - қайд кард манбаъ.

Мувофиқи маълумоти расмии оморӣ, соли 2017 ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон дар муқоиса бо соли 2016 ба андозаи 82 фоиз афзуда, 126 млн. долларро ташкил дод.

Дар сохтмори ҳаҷми муомилоти мол миёни кишварҳо 69 млн. доллар ба воридоти мол аз Ӯзбекистон ва 57 млн. доллар ба содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба ин кишвар рост меояд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.