Дар сарҳади байни Тоҷикистону Ӯзбекистон имрӯз 1 гузаргоҳи роҳи оҳан, ҳамчунин 8 гузаргоҳи равуои автомашинаҳо ва боз 1 гузаргоҳи сарҳадӣ ба фаъолият шурӯъ мекунанд, хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз намояндагии дипломатии Тошканд дар Душанбе.
Қарори ҳукумати Ӯзбекистон дар ин хусус санаи 21 феврал қабул шудааст.
Имрӯз гузаргоҳҳои зерин ба фаъолият оғоз мекунанд
- Гузаргоҳи «Ҷартеппа» - байни шаҳри Панҷакенти Тоҷикистн ва Самарқанди Ӯзбекистон;
- Гузаргоҳҳои «Қӯшкент» ва «Учтурган» - байни ноҳияҳои Ғончӣ ва Зафарободи Тоҷикистон ва Ҷиззахи Ӯзбекистон;
- Гузаргоҳҳои «Ховастобод» и «Бекобод» - байни ноҳияи Спитамени Тоҷикистон ва вилоятҳои Тошканду Сурхондарё;
- Гузаргоҳи «Пап» - байни ноҳияи Ашт ва вилояти Намангон;
- Гузаргоҳи «Равот» - байни шаҳри Конибодом ва вилояти Фарғона;
- Гузаргоҳи «Гулбаҳор» байни ноҳияи Шаҳритӯс ва вилояти Сурхондарё;
- Гузаргоҳи роҳи оҳани «Амузанг», ки вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистонро бо истгоҳи роҳи оҳани «Хошади» дар вилояти Хатлон пайваст мекунад.
Ба иттилои манбаъ, дар наздикии маҳаллаи аҳолинишини Ҷартеппа дар ноҳияи Ургути вилояти Самарқанд низ гузаргоҳи сарҳадӣ бо шаҳри Панҷакент боз мешавад.
Тӯли 8 соли охир байни кишварҳо танҳо ду нуқтаи гузаштан тариқи роҳи заминӣ - «Турсунзода - Сариосиё» ва «Фотеҳобод - Ойбек» амал мекарданд.
Аз оғози соли равон дар сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон ду гузаргоҳи замони президентии Ислом Каримов басташуда - «Андархон-Патар» ва «Қӯштегирмон» дубора ба кор шурӯъ намуданд.
Мутобиқи Созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон аз соли 2002, дар сарҳади давлатҳо 16 гузаргоҳ амал мекард, ки 9-тоаш мақоми байнулмилалӣ ва 7-тои боқимонда мақоми дуҷониба дошт.
Чортои онҳо гузаргоҳҳои наклиёти роҳи оҳан мебошанд. Дар вилояти Суғд 12 гузаргоҳи сарҳадӣ бо Ӯзбекистон мавҷуд буда, боқимонда дар вилояти Хатлон ва шаҳри Турсунзода ҷойгир мебошанд.
Қобили зикр аст, ки аксари гузаргоҳҳо солҳои ба сардӣ гароидани муносибатҳои давлатҳо, замони сари мансаб қарор доштани собиқ президенти даргузаштаи ин кишвар Ислом Каримов аз ҷониби Ӯзбекистон баста шуда буданд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
Целебная трава Таджикистана. Весенние блюда на все дни недели
Как понять, что вы выгораете на работе? (ТЕСТ)
Почему IT-специалисты из Таджикистана переезжают в Узбекистан?
Как экономить электроэнергию в быту?
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 13 апреля 2025 года
Глава Азиатской конфедерации велоспорта: «Душанбе – идеальная арена для такого престижного события, как MTB Eliminator»
Покорители Вселенной в Душанбе. Кто из космонавтов бывал в таджикской столице?
Радио «Озоди»: Военная прокуратура Таджикистана начала расследование гибели солдата-срочника в Рушане
Молодые представители Таджикистана получили навыки миротворчества и противодействия экстремизму
Как вернуть деньги, если по ошибке перевел их на чужой кошелек или карту?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста