Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки шаҳрвандони Тоҷикистон, ки азми сафар ба Ӯзбекистонро доранд, танҳо бо доштани шиносномаи хориҷӣ ба сафар баромада метавонанд.
Ёдрас мекунем, ки аз рӯи натиҷаҳои сафари давлатии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон (9-10 март) оид ба сафарҳои мутақобилаи шаҳрвандон, ки ҳузури бераводиди шаҳрвандони ду кишварро ба муддати 30 рӯз пешбинӣ мекунад, байни давлатҳо Созишномаи байниҳукуматӣ ба имзо расид.
«Азбаски баъзе расонаҳо аллакай дар бораи ба иҷро даромадани Созишнома хабар паҳн карданд, Вазорати корҳои хориҷӣ ба манзури пешгирӣ аз нороҳатиҳо барои шаҳрвандон дар гузаргоҳҳои наздисарҳадӣ, ба маълумот мерасонад, ки барои амалигардонии ин Созишнома зарур аст, то расмиёти дохилӣ аз ҷониби тарафҳо ба анҷом расад», - қайд мешавад дар маълумоти Вазорат.
Таъкид мешавад, ки Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо шарикони узбекистонӣ ҷиҳати суръат бахшидан ба раванди татбиқи расмиёти дахлдор талоши заруриро анҷом медиҳад.
«Ҳамчунин ба маълумот мерасонем, ки сарҳади давлатиро танҳо тавассути шиносномаи хориҷии Тоҷикистон метавон убур кард», - гуфта мешавад дар маълумот.
Зимнан зикр мегардад, ки дар бораи санаи эътибор пайдо кардани Созишнома иловатан маълумот дода хоҳад шуд.
Дар ҳамин ҳол, айни замон шаҳрвандони ҳарду кишвар, ки дар минтақаҳои наздисарҳадӣ зиндагӣ мекунанд, бо пешниҳоди шиносномаи дохилӣ ба равуо бидуни раводид ба қаламрави давлатҳои ҳамдигар ба муддати панҷ рӯз ҳуқуқ доранд.
Чанде қабл мо нархҳои шиносномаи хаориҷиро дар чанде аз кишварҳои ИДМ муқоиса намудем. Маълум шуд, ки шиносномаи хориҷӣ дар кишвари мо аз ҳама гаронтар аст.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
Животноводам в Узбекистане будут возвращать 50% от НДС
Таджикский боец проведет бой с бразильцем на турнире ONE Championship
ГУИУН: Трое заключенных колонии в Вахдате были ликвидированы при попытке побега
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 4 февраля 2025 год
Каждая роль - шедевр. Памяти неподражаемой Туфы Фазыловой
Глава Кувейтского фонда развития готов и далее финансировать проекты в Таджикистане
В Швеции освободили подозреваемых в убийстве организатора сожжения Корана Салвана Момики
Остатки Стабфонда развития экономики Таджикистана направляют на достройку Рогуна
Глава Комитета по строительству сообщил, почему в Таджикистане высокие цены на жилье
«Сомон Эйр» увеличивает частоту полетов из Душанбе в Тегеран
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста