Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев қонун дар бораи тасдиқи шартнома дар бораи қитъаҳои ҷудогонаи сарҳади байни Ӯзбекистону Тоҷикистонро ба имзо расонид.
Қонун 31 май аз ҷониби Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ӯзбекистон қабул ва санаи 29 июн аз ҷониби Сенати ин кишвар маъқул шуморида шуд.
Шартнома дар бораи қитъаҳои ҷудогонаи сарҳади байни Ӯзбекистону Тоҷикистон дар доираи сафари давлатии прещзиденти Ӯзбекистон ба Душанбе санаи 9 март ба имзо расида буд.
Дар ҷаласаи 15-уми пленарии Сенат, ки дар он қонун маъқул шуморида шуд, зикр гардид, ки ҷонибҳо дар аломатгузорӣ ва таъйини 99,99% ё худ 192,7 километри сарҳад байни давлатҳо ба мувофиқа расидаанд. Аз рӯи ин қитъаҳо харитаҳои топографӣ таҳия шуданд.
Қаблан зикр гардида буд, ки дар сарҳади давлатии Тоҷикистон то имрӯз як қитъа дар мавзеи нерӯгоҳи барқи обии «Фарҳод» мувофиқа нашудааст, ки масофаи он 2 километр буда, дар он партовгоҳ воқеъ аст.
«Ин қитъа дар маҳалли пайвастшавии сарҳади вилояти Суғди Тоҷикистон ва вилояти Сирдарёи Ӯзбекистон воқеъ буда, дар он ҳеҷ гуна иншоот ва маҳаллаи аҳолинишин вуҷуд надорад, танҳо партовгоҳ ҷойгир аст», - хабар дода буд ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон.
Зимнан изҳори бовар шуда буд, ки зимни сафари давлатии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ӯзбекистон, ки аввали тирамоҳ дар назар аст, ҷонибҳо доир ба қитъаи мазкур созиш ҳосил мекунанд.
Парлумони Тоҷикистон шартномаи зикршударо санаи 19 апрел тасдиқ кард.
Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии идоракунии замин ва геодезияи Тоҷикистон, масофаи умумии сарҳад миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон 1332,9 километрро ташкил медиҳад, ки тӯли сарҳади заминӣ - 1227,98 километр ва обӣ (дарёӣ) - 105 километр аст.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.