Байни Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон даҳумин муколама оид ба масоили ҳуқуқи инсон дар Душанбе, Тоҷикистон баргузор гардид. Вохӯрӣ барои мубодилаи кушоду ошкоро атрофи вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон имконият дод.
Дар ҷараёни муколама Иттиҳоди Аврупо озод шудани рӯзноманигор Хайрулло Мирсаидов ва ҳимоягар - ҳомии ҳуқуқ Шӯҳрат Қудратовро ба хушнудӣ истиқбол кард. Иттиҳоди Аврупо инчунин барои фаъолияти пурсамари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон Зариф Ализода изҳори миннатдорӣ карда, ҷониби Тоҷикистонро барои таҳкими мустақилии ин муассисаи ҳимояи ҳуқуқии инсон даъват намуд.
Тарафайн бар он ҳамфикр шуданд, ки дар соҳаи пешгирии шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар боздоштгоҳҳо, хусусан, дар самти тақвияти меъёрҳои ҳуқуқӣ бар зидди шиканҷадиҳӣ, баъзе пешравиҳо дида мешаванд. Бо вуҷуди ин, Иттиҳоди Аврупо аз Ҳукумати Тоҷикистон саъю кӯшишҳои бештареро дар татбиқи ин муқаррароти қонунӣ тавассути гузаронидани тафтишоти пурра ва саривақтии ҳар як парвандаи шиканҷадиҳӣ, инчунин кафолати пардохтани ҷуброни муносибро ба ҷабрдидагони шиканҷа, гузарондани назорати мустақили ниҳодҳои ҳабсӣ дархост намуд.
Иттиҳоди Аврупо иқдоми тадбирҳои мусбиеро, ки солҳои охир барои баробарии гендерӣ дар Тоҷикистон мусоидат карданд, ба хушнудӣ истиқбол намуд. Тарафайн эътироф карданд, ки дар ин самт метавон корҳои бештареро анҷом дод ва Иттиҳоди Аврупо ҷониби Тоҷикистонро ба ҷорӣ намудани моҳияти самарабахши татбиқи қонунҳо ва андешидани иқдомҳои сиёсӣ барои кафолати давлатии баробарии гендерӣ даъват намуд. Иттиҳоди Аврупо инчунин даъват аз Ҳукумати Тоҷикистон намуд, ки нисбати зӯроварии хонагӣ ҳарчӣ зудтар ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар карда шуда, дар Кодекси ҷиноӣ он чун ҷинояти алоҳида дониста шавад.
Иттиҳоди Аврупо инчунин аз тарафи Тоҷикистон ба имзо расидани Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи шахсони имконияташон маҳдуд истиқбол гирифт.
Бо вуҷуди баъзе пешравиҳо, Иттиҳоди Аврупо умуман дар бораи ихтисори фазои ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кард. Тарафи Иттиҳоди Аврупо ба ҳолатҳои ҳабси дарозмуддати мухолифини сиёсӣ, таъқиби аъзоёни оилаҳои онҳо ва ҳуқуқшиносоне, ки ҳуқуқи онҳоро ҳимоя мекунанд, бо нигаронӣ эътибор дод.
Ба ин мақсад, дар ҷаласа масъалаи ҳуқуқшинос Бузургмеҳр Ёров бардошта шуда буд. Иттиҳоди Аврупо ҷониби Тоҷикистонро ба аз навбаррасии ин парванда даъват намуда, дархост, ки ба Сафирони кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо муқими шаҳри Душанбе иҷозат ва мусоидат карда шавад, ки бо Ёров дар ҳабсхона вохӯрӣ гузаронанд.
Ҷониби Иттиҳоди Аврупо нақши муҳими созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳимоятгарони ҳуқуқи инсонро дар Тоҷикистон таъкид намуда, аз фишороварӣ бар онҳо изҳори нигаронӣ кард. Иттиҳоди Аврупо даъват аз Ҳукумати Тоҷикистон барои ҷалби бештари созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди таҳияи қонунҳо намуд.
Иттиҳоди Аврупо ҷониби Тоҷикистонро ба хотима додан ба таҷрибаи бастани дастрасӣ ба сомонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ даъват намуд. Иттиҳоди Аврупо бо афзалиятҳои Тоҷикистон дар таъмини амну суботи кишвар пурра ҳамфикр буда, бо вуҷуди ин, таъкид аз он кард, ки суботи дохилӣ ва дастрасии озод ба иттилоот ихтилофнок нестанд, ва феълан метавонанд якдигарро мукаммал созанд. Иттиҳоди Аврупо диққати махсус бар он дод, ки дастрасӣ ба иттилоот қисми муҳими ҳар як давлати демократӣ буда, муроҷиат аз Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати таъмини дастрасӣ барои ҳамаи рӯзноманигорон намуд.
Ҳайати Иттиҳоди Аврупоро Борис Ярошевич, Сардори Шӯъбаи Осиёи Марказӣ дар Хадамоти корҳои хориҷии Аврупо сарварӣ кард, ва ҳайати ҷониби Тоҷикистонро бошад, Абдуҷаббор Сатторзода, Сардори Раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раисӣ намуд.
Замина
Ҷумҳурии Тоҷикистон бештарин ҳиссаи кӯмаки дутарафаро аз Иттиҳоди Аврупо дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба маблағи 251 млн. евро барои солҳои 2014-2020 мегирад. Дар ин давра, ҳамкориҳои баҳри тараққиёт байни Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан се соҳаи зеринро дар бар мегирад: маориф (асосан таҳсилоти миёнаи умумӣ ва касбомузии ибтидоӣ), тандурустӣ (асосан сатҳи кӯмаки аввалияи тиббӣ ва маблағгузории соҳаи тандурустӣ) ва рушди деҳот (дастгирии ислоҳоти аграрӣ, сабзиши соҳибкорӣ дар деҳот, ислоҳот дар бахши обёрӣ ва захираҳои об, инчунин мусоидат ба идоракунии захираҳои табиӣ). Инчунин, ИА Тоҷикистонро дар татбиқи ислоҳоташ дар системаи идоракунӣ, сиёсати тиҷоратӣ ва идоракунии молияи давлатӣ дастгирӣ мекунад.
Ғайр аз ин, Тоҷикистон аз кӯмакҳои минтақавӣ ва мавзӯъӣ дар соҳаҳои зерин баҳра мегирад, аз чумла идоракунии сарҳадот, назорати маводи нашъаовар, маориф, демократия ва ҳуқуқи инсон, рушди сохторҳои ғайридавлатӣ, нерӯ, нақлиёт, сабзиши корхонаҳои хурду миёна, сулҳу субот, захираҳои обӣ, ҳифзи муҳити зист ва амнияти ҳастаӣ. Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон аз соли 1992 инҷониб фаъолият намуда, барои рушди мамлакат ҳамасола ба таври грант тақрибан 35 млн. евро кӯмак мерасонад.
В Таджикистане определились с налогоплательщиками – льготниками на 2025 год
Душанбе занял 216-е место в рейтинге лучших городов для экспатов
В Канибадаме обнаружены тела ещё четырёх человек - членов двух семей
За распространение психотропных препаратов в Душанбе задержали пять человек
Резервный фонд президента Таджикистана получит из бюджета $63 млн в 2025 году
Эмомали Рахмон переизбран главой НОК Таджикистана, а Рустам Эмомали продолжит руководить ФФТ
Парламентские молчуны. Почему таджикские депутаты перестали контактировать со СМИ?
В России заблокировали Viber. Как это отразится на таджикистанцах?
Премьер-министр Кыргызстана ушел в отставку. Он сам подал заявление
Глава Хатлона запустил строительство Дворца тенниса и принял детские площадки в Бохтаре
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста