Хайрулло Мирсаидов, рӯзноманигор ва роҳбари дастаи «КВН Тоҷикистон», ки бо қарори суди вилояти Суғд рӯзи 22 август аз зиндон озод шуд, дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» изҳор намуд, ки барои дарёфти адолат агар лозим ояд, то ба суди ҳуқуқи башари Гаага муроҷиат хоҳад кард.
«Дар мақомоти болоии Тоҷикистон исрор хоҳам варзид, ки ҳамаи айбномаҳо нисбати ман бекор шавад, - изҳор дошт Мирсаидов. – Мувофиқи ҳукми суди шаҳри Хуҷанд ва қарори ҳайати мушовара (коллегия)-и суди вилояти Суғд то ҳол ман ҷинояткорам, ҳарчанд ба қонуншиканӣ даст назадаам, ман ба ин розӣ нестам, ҳатман шикоят хоҳам бурд».
Ӯ корашро дар соҳаи журналистика идома доданист, лекин мегӯяд, эҳёи дастаи «КВН Тоҷикистон» дигар муяссар нахоҳад шуд.
«Баъди ҳабси ман аъзои даста мудом зери фишори мақомоти прокуратура қарор доштанд ва акнун ба гумон аст, ки дигар ба даста баргарданд, - иброз дошт ӯ. – Ғайр аз ин, муддати чор соли охир барои корашон онҳо ягон ҳақмузде нагирифтаанд. Даста пароканда шуд».
Ёдрас мекунем, ки бо қарори ҳайати мушовараи суди вилояти Суғд аз 22 август, Хайрулло Мирсаидов аз толори суд озод карда шуд.
Суди вилоят ҷазо нисбати Мирсаидовро аз рӯи ҳамаи се модда, ки қаблан тибқи онҳо ба ӯ аз ҷониби суди шаҳри Хуҷанд айбнома пешниҳод шуда буд, тағйир дод.
Аз ҷумла моддаҳои 245 ва 345 (маҳрумият аз озодӣ) ба ҷарима дар ҳаҷми наздики 80 ҳазор сомонӣ ва моддаи 346 Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ба корҳои ислоҳӣ иваз карда шуданд.
Иҷрои корҳои ислоҳӣ маънои онро дорад, ки Хайрулло Мирсаидов дар ҷойи дилхоҳаш кор карда метавонад ва 20% аз ҳаҷми музди меҳнаташро муддати 2 сол ба буҷети давлатӣ пардохт мекунад.
Суди шаҳри Хуҷанд санаи 11 июл рӯзноманигор ва роҳбари дастаи «КВН Тоҷикистон» Хайрулло Мирсаидовро ба 12 соли зиндон маҳкум намуд. Ӯ дар содир намудани ҷиноятҳои азхудкунӣ ё камомади маблағ, сохтакории ҳуҷҷатҳо ва дидаву дониста додани маълумоти бардурӯғ гунаҳкор эътироф гардид.
Пас аз содир шудани ҳукми суд оилаи Мирсаидов ба сифати ҷуброни зиёни муайяншуда аз ҷониби мақомоти тафтишотӣ ба нафъи давлат 124 ҳазор сомонӣ маблағ пардохт намуд.
Сипас адвокатҳо доир ба бозбинии ҳукми суди шаҳри Хуҷанд шикояти таҷдиди назар (кассатсионӣ) пешниҳод намуданд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.