Ҷон Марк Поммершайм сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон таъин шуд, иттилоъ дода мешавад дар сомонаи сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон.
Дар хабар қайд мешавад, ки ӯ санаи 7 январи соли 2019 ба ин вазифа таъин шуда, ояндаи наздик ба Тоҷикистон ташриф меорад.
Гуфта мешавад, номзадии Ҷон Марк Поммершайм ба вазифаи Сафири ИМА дар Тоҷикистон аз ҷониби Президент Доналд Трамп дар санаи 12 сентябри соли 2018 пешниҳод шуда буд.
Зикр мегардад, ки пеш аз ин ӯ ба ҳайси ҷонишини Сафири Амрико (2015-2018) дар сафорати ИМА дар шаҳри Остонаи Қазоқистон адои вазифа намудааст.
Пеш аз фаъолияти корӣ дар Қазоқистон ӯ вазифаи Директори Идораи корҳо оид ба Қафқоз ва муноқишаҳои минтақавӣ дар назди Бюрои корҳои Аврупо ва Авруосиёи Департаменти давлатиробар дӯш доштааст, ки дар чорчӯбаи он ӯ ба роҳбарии доираи густурдаи муносибатҳои Амрико бо Арманистон, Озарбойҷон ва Гурҷистон масъул буд.
“Дар доираи фаъолияти дипломатии худ Поммершайм дар силсилаи вазифаҳои гуногун дар шаҳри Вашингтон, дар бахши корҳои сиёсии сафорати ИМА дар Ҷопон, Чин, Беларус ва Олмон кор кардааст. Ӯ ҳамчунин дар вазифаи Консули генералии ИМА дар шаҳри Владивостоки Руссия адои вазифа намудааст, - омадааст дар хабар. - Пеш аз шурӯъ ба фаъолияти дипломатии хеш Поммершайм дар шабакаи Си-Эн-Эн (шабакаи хабарии Амрикоӣ) дар шаҳри Москав фаъолияти корӣ намудааст. Ӯ инчунин дар омодагӣ ва гузаронидани намоишгоҳи технологияи иттилоотӣ бо Агентии иттилооти ИМА дар Гурҷистон ва Ӯзбекистон ҳамкорӣ кардааст”.
Поммершайм зодаи шаҳри Питтсбурги иёлати Пенсилвания буда, соҳиби дипломҳои таҳсилӣ аз донишгоҳҳои Бакнелл ва Колумбия, ҳамчунин Донишкадаи давлатии забони русии Пушкин бо стипендияи Вазорати мудофиа аст. Забонҳои русӣ, олмонӣ, ҷопонӣ ва чиниро медонад. Ҳамсараш Наталия Поммершайм буда, онҳо соҳиби се писар мебошанд.
Айни замон Кевин Коверт иҷрокунандаи вазифаи сафири ИМА дар Тоҷикистон мебошад. Ӯ моҳи августи соли 2017 ба иҷрои вазиафи муовини Роҳбари намояндагии дипломатӣ дар Душанбе оғоз намуд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Трамп пригрозил странам БРИКС пошлинами в 100%, если они откажутся от доллара
Боксер из Таджикистана Асрор Вохидов победил узбекистанца в Екатеринбурге
Байден помиловал своего сына Хантера по двум уголовным делам
США приостановили стратегическое партнерство с Грузией, где идут протесты
Российский депутат обвинил мигрантов в падении курса рубля
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 2 декабря 2024 года
СПИД в Таджикистане: Как и кто в Таджикистане рассказывает детям об этом заболевании?
Сам заразил, но жену обвинил. Женщины с ВИЧ подвергаются в Таджикистане дискриминации
Шириншо Шотемур. Первый гражданин Таджикистана
Ноябрь-2024: Климатические инициативы, процесс за закрытыми дверями, падение рубля и горячая линия для мигрантов
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста