Рӯзи чоршанбе, 6-уми ноябр гуфтугӯйи телефонии вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Чингиз Айдарбеков баргузор шуд.
Тавре хадамоти матбуоти Идораи сиёсати хориҷии Қирғизистон хабар медиҳад, Чингиз Айдарбеков дар робита ба ҳуҷуми гурӯҳи мусаллаҳ ба дидбонгоҳи сарҳадӣ дар наздикии марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки бар асари он кормандони сохторҳои қудратии Тоҷикистон ҳалок шуданд, изҳори нигаронӣ кардааст.
Дар маълумоти нашршуда гуфта мешавад, ки ҷониби Қирғизистон чунин амалҳоро маҳкум карда, ба талошҳои муштараки давлатҳои минтақа баҳри таъмини амнияти минтақавӣ дастгирии қавии худро изҳор медорад.
Вазири корҳои хориҷии Қирғизистон ба аҳли оилаҳои хизматчиёни ҳарбии фавтидаи Тоҷикистон изҳори ҳамдардӣ кардааст.
Ёдрас мекунем, ки вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин айни замон шомили ҳайатест, ки раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро дар сафари Аврупо ҳамроҳӣ мекунад,.
Раёсати иттилооти ВКХ Тоҷикистон хабар медиҳад, ки Сироҷиддин Муҳриддин дар Берн бо сардори Департаменти федералӣ оид ба корҳои хориҷии Конфедератсияи Швейтсария И. Кассис вохӯрдааст. Зимни мулоқот ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Швейтсария дар соҳаҳои мухталиф, инчунин дар чаҳорчӯби созмонҳои байнулмилалӣ ва дурнамои рушди онҳо баррасӣ шудааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
10 вопросов, которые нужно задать врачу об ожирении
Главный военный прокурор Таджикистана выступил за предотвращение незаконных методов набора призывников
Эмомали Рахмон произвёл кадровые назначения в органах суда и прокуратуры
В Душанбе сбили работницу коммунальных служб: она скончалась в больнице
СМИ: ЕС приостановил разработку пакета военной помощи Украине из-за Венгрии
Сносить нельзя оставить. Где мэрия Душанбе поставит запятую?
В Таджикистане в месяц Рамазан изменили график подачи света населению
В Казахстане насчитали 400 прорывоопасных гидротехнических сооружений
Таджикистан и Кыргызстан намерены восстановить прямые авиарейсы между двумя странами
В Австралии умер один из старейших доноров в мире. Его плазма спасла 2,4 млн детей
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста