Дар доираи сафари расмӣ ба Фаронса раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 7-уми ноябр дар шаҳри Порис бо намояндагони доираҳои соҳибкорӣ ва сармоягузорони ин кишвар мулоқот кард.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни мулоқот дурнамои ҳамкорӣ ва имконоту иқтидори Тоҷикистону Фаронса барои густариши муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ баррасӣ шуд.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ дар доираи Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Фаронса, муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии байни ширкатҳои ду кишвар баррасӣ гардида, таъсиси Агентии рушди Фаронса дар Тоҷикистон зарур шуморида шуд.
Гуфта мешавад, дар ин вохӯрӣ намояндаи махсуси Вазорати умури Аврупо ва корҳои хориҷии Ҷумҳурии Фаронса оид ба Осиёи Марказӣ, сафири Фаронса дар Тоҷикистон, роҳбарони ширкатҳои бонуфузи Аэробус (AIRBUS) Клустер Монтейҷн (CLUSTER MONTAGNE), Фивз (FIVES), Групп Иннитера (GROUP INNITHERA), Сафран (SAFRAN), Шевер (SCHIEVER), Талес (THALES), Тотал (TOTAL), Трактебел Инҷиниринг (TRACTEBEL ENGINEERING) ва Медеф Интернасионал (MEDEF INTERNATIONAL) ҳузур доштанд.
Онҳо ба раисҷумҳури Тоҷикистон барои фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ баҳои баланд дода, ҳавасмандии худро баҳри иштирок дар рушду густариши иқтисодиёти Тоҷикистон иброз доштанд.
Дар ҳамин ҷо барои рушду густариши муносибатҳои тиҷоратӣ байни корхонаву ширкатҳои ду кишвар санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расонда шуд, аз ҷумла, созишномаи ҳамкорӣ байни КВД “Тоҷинвест” ва ассотсиатсияи фаронсавии "Medef International".
Қобили зикр аст, ки маҳз ҳамин ширкат 45 сол пеш корхонаи истеҳсоли анодҳоро дар Ширкати алюминии Тоҷикистон (ТАЛКО) сохта буд.
Ҳамчунин байни ТАЛКО, Ширкати фаронсавии Фавз (Fives) ва Ширкати олмонии Риедҳаммер (Riedhammer) созишномаи сеҷонибаи ҳамкорӣ оид ба воридоти технологияи муосир барои коргоҳи анодпазӣ ба имзо расид.
Дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон байни Ширкати “Аэробус”-и аврупоӣ ва Ширкати ҳавопаймоии “Сомонэйр”-и Тоҷикистон созишномаи ҳамкорӣ оид ба ворид кардани 5 чархбол ба Тоҷикистон имзо шуд.
Ба ҷуз ин, созишномаҳо миёни ширкати дорусозии “Сифат Фарма”-и Тоҷикистон ва ширкати фаронсавии “Лабаротория ИННОТЕК интернасионал” дар бораи ҳамкорӣ, инчунин байни ширкати “Амид”-и Тоҷикистон ва ширкати “Шивер Групп”-и Фаронса оид ба ташкили маркази савдо дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд имзо шуданд.
Дар ҷараёни мулоқот Эмомалӣ Раҳмон доир ба имконоти сармоягузорӣ маълумот дода, зикр кард, ки айни ҳол дар Тоҷикистон беш аз 20 ширкату коргоҳҳои фаронсавӣ фаъолияти пурсамар доранд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Лимоны Таджикистана: ароматный вклад в экономику страны
США сместили Мадуро: венесуэльский президент оказался в руках американских военных
ТОП-15 самых читаемых новостей «Азия-Плюс» за 2025 год
2025 год как точка опоры: как таджикское дзюдо перешло от отдельных успехов к системному росту
Что ждет мигрантов в России в 2026 году?
Озода Рахмон оказала помощь матери Кобилджона Алиева в размере 300 тысяч сомони
Год в поиске: что чаще всего гуглили таджикистанцы в 2025 году?
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 3 января 2026 года
Трагедия в Одинцово, итоги года от президента и тяжелые утраты: главные события декабря по версии «Азия-Плюс»
7 душевнх историй «Азия-Плюс» в 2025 году, которые дают надежду
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста