Ба наздикӣ имзои Созишнома байни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Туркия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об дар назар аст. Лоиҳаи санадро ҳукумати Тоҷикистон барои тасдиқ ба вазорату идораҳои дахлдор фиристодааст.
Дар лоиҳаи созишнома гуфта мешавад, қарордод бо хоҳиши тарафҳо ба хотири таҳкими робитаҳои дӯстона байни халқҳои турку тоҷик ва беҳтар кардани ҳамкорӣ дар соҳаи об имзо мешавад.
Дар чаҳорҷӯби санаде, ки ба имзо мерасад, пешниҳоди кумаки техникӣ барои иншоотҳои мавҷуда ва нави таъминоти об, инчунин мубодилаи донишу таҷриба оид ба технологияҳои нав дар бахши таъминот ва тозакунии об пешбинӣ шудааст.
Тарафҳо оид ба идоракунии маҷрои дарё ва захираҳои обӣ, аз ҷумла, камшавии захираҳои обӣ дар натиҷаи тағйирёбии иқлим, талаботи бахшҳои кишоварзӣ, саноат ва маишӣ ба об табодули таҷриба мекунанд.
Ба ҷуз ин, таъсиси шабакаи коршиносони ҳар ду кишвар, табодули таҷриба оид ба идоракунии сарбандҳо ва ғайра ба нақша гирифта шудааст. Илова бар ин, дар қарордод таҳия ва амалисозии лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи об пешбинӣ шудааст.
Тарафҳо метавонанд муассисаҳои давлатӣ ва илмӣ, корхонаҳои хусусӣ ва ташкилотҳои ғайридавлатиро барои иштирок дар фаъолият оид ба ҳамкорӣ дар доираи Созишномаи мазкур даъват намоянд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Бизнес по-китайски. Каким секретам и тонкостям стоит поучиться у китайских предпринимателей?
Рашид Алимов: «Дефицит средств для устранения последствий стихии в Таджикистане ежегодно превышает $400 млн»
В Кыргызстане утвердили переход на 12-летнее школьное образование
ТОП-5 грузов, которые нельзя ввозить в Россию без разрешительных документов или вовсе запрещено
Сель затопил дорогу и приусадебные участки в Кулябе
Посол Таджикистана в России встретился в согражданами в московских аэропортах
«Это историческое соглашение». Таджикистан и Кыргызстан поздравляют с подписанием Договора о границе
ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Граница мира, взлет цен на автоутилизацию и впечатляющие результаты таджикских спортсменок
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 15 марта 2025 года
Спи, моя радость, усни! Как наладить сон ребенка, если он мало и беспокойно спит?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста