Дар шаҳри Берлин рӯзи 28-уми январ таҳти унвони “Осиёи Марказии Сабз” конфронси байналмилалӣ баргузор гардид.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар ҳамоиши мазкур вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ, Афғонистон, Олмон, Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ, инчунин намояндагони дигари кишварҳои Аврупо ширкат варзиданд.
Гуфта мешавад, ҳайати Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин роҳбарӣ намуд.
Зимни суханронӣ дар конфронс Сироҷиддин Муҳриддин ҷомеаи ҷаҳониро ба таҳкими ҳамкориҳо дар ростои тағйиёрбии иқлим ва таъсири он ба олами ҳайвоноту наботот даъват намуда, аз ташаббуси Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъсиси Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки барои кишварҳои ниёзманд ва осебдида дар ин самт мусоидат хоҳад кард, ёдрас шуд.
Вазири корҳои хориҷии кишвар инчунин ҳифзи захираҳои обии минтақа ва истифодаи сарфаракоронаи онҳоро муҳим хонда, диққати ширкаткунандагонро ба ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Тоҷикистон оид ба захираҳои обӣ, ки барои пешбурд ва татбиқи Ҳадафҳои рушди устувори марбут ба об мусоидат менамоянд, ҷалб намуд.
Зикр мегардад, ки дар фарҷоми нишаст вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ширкаткунанда Эъломияи муштаракро дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва амният ба имзо расониданд.
Ташаббуси таъсиси Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳоро бори нахуст раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар конфронси Копенгаген оид ба тағйирёбии иқлим пешниҳод карда буд.
Он замон сарвари давлати Тоҷикистон таъкид намуда буд, ки тайи 70 соли охир наздики 35% пиряхҳои хурд дар ҷумҳурӣ талаф ёфта, аз 13 ҳазор пиряхҳо дар кӯҳҳои Тоҷикистон то имрӯз 1 ҳазораш аз байн рафтааст (дар қаламрави Тоҷикистон то 60% захираҳои обии Осиёи Марказӣ ташаккул меёбад).
Ба иттилои ВКХ ҶТ, дар Берлин Сироҷиддин Муҳриддин ҳамчунин бо вазири федеролии корҳои хориҷии Олмон Ҳайко Маас дидору гуфтушунид кард. Ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангиро миёни Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ ва роҷеъ ба масъалаҳои мубрами минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла, амният ва муҳити зист мубодилаи афкор намуданд.
Дар анҷоми гуфтугӯ ҷонибҳо Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба фаъолияти меҳнатии аъзои оилаи кормандони намояндагиҳои дипломатӣ ва консулиро ба имзо расониданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.






Спи, моя радость, усни! Как наладить сон ребенка, если он мало и беспокойно спит?
«Азия-Плюс» и «Ориёнбанк» посадили деревья в Душанбе
Суд в Санкт-Петербурге вынес приговор таджикистанцу за оправдание теракта в «Крокусе»
Таджикистан и европейские компании усилят взаимодействие по проекту CASA-1000
Маэстро, соединяющий миры. Толибхону Шахиди — 80 лет
Чья тренерская школа окажется сильнее? Иностранцы против местных специалистов в чемпионате Таджикистана-2026
Российские компании представят цифровые решения для Таджикистана
Афиша от «Азия-Плюс»: Спектакль «За чем пойдешь, то и найдешь», гастроли Цирка Дана Запашного и Artel Local Bazaar
Таджикистан и АБР заключили стратегию партнёрства на 2026-2030 годы
Агаси Арутюнян назначен Представителем ФАО в Таджикистане
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста