7 иқтибос аз гуфтаҳои вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар бораи вазъ дар сарҳади давлатии байни Тоҷикистону Қирғизистон ва ҷараёни гуфтушунид оид ба ин масъала, ки дар нишасти матбуотии рӯзи 18-уми феврал изҳор шуданд.
Ҳамдигарфаҳмӣ ҳаст...
“Масъалаҳои вобаста ба сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон хеле муҳим буда, ҳамеша дар сатҳи роҳбарони давлатҳо ва ҳукумати кишварҳо баррасӣ мешавад. Дар ин сатҳ ҳамдигарфаҳмӣ хуб аст. Соли гузашта ҳайати комиссияҳои байниҳукуматӣ доир ба ин масъала 23 маротиба вохӯриҳо гузарониданд”.
...аммо сохтмон идома дорад
“Мутаассифона, сарфи назар аз қарордодҳо, дар минтақаҳои мувофиқаношуда бештар аз ҷониби Қирғизистон сохтмони хонаҳо, роҳҳо ва иншооти гуногун давом дорад. Комиссияи байниҳукуматӣ дар бораи қатъи сохтмон дар қитъаҳои баҳснок санад ба имзо расонидааст, аммо шаҳрвандони Қирғизистон онро риоя намекунанд”.
Эҷоди монеаҳо ба равуои мардум
“Роҳи Исфара-Ворух тариқи минтақаҳои мувофиқаношуда мегузарад, ки дар он ҷониби Қирғизистон ғайрирасмӣ хонаҳо сохтааст. Шаҳрвандони Қирғизистон баъзан ба сӯйи шаҳрвандони мо санг мепартоянд, ба ҳаракати нақлиёту равуои одамон монеа эҷод мекунанд. Аз ин рӯ, бо вуҷуди созишу қарордодҳо дар сатҳи ҳукуматӣ, мутаассифона, дар сатҳи поёнӣ мушкилот сар мезананд. Ман боварӣ дорам, ки бо ҷониби Қирғизистон мо бо роҳи сиёсӣ ва сулҳомезона ҳамаи ин масъалаҳоро ҳал мекунем”.
Сиёсати дигар
“Пеш аз ҳама, бояд татбиқи дурусти тамоми санадҳо (протоколҳо)-и дар давоми зиёда аз 16 сол имзошударо таъмин бикунем, на ин ки протоколҳоро дар назар нагирему дар сатҳи поёнӣ сиёсати дигарро ба роҳ монем. Ин хел ҳеҷ вақт мо ба мақсад намерасем. Ҳарчанд дар музокироти байниҳукуматӣ ҳар ду ҷониб инро дуруст қабул мекунад, лекин...”.
Дасткашӣ аз имзо
“Ҳатто аломатгузории як қисми сарҳади давлатӣ – 519,9 километрро мувофиқа карда будем. Мо ба имзои он омодаем. Протоколҳое буданд, ки ишора ба имзои ҳамин ҳуҷҷат мекарданд. Ҷониби Қирғизистон имзо карда буд, лекин мутаассифона, аз имзои худ даст кашид”.
Як гурӯҳи одамон ҳастанд, ки...
“Барои ҳалли ин масъалаҳо асосҳои ҳуқуқӣ муҳим мебошанд. Ба ҷойи зудтар мувофиқа кардани асосҳои ҳуқуқӣ ва татбиқи дурусти онҳо, рӯз аз рӯз як гурӯҳи одамон аз ҷониби Қирғизистон ҳастанд, ки ба муташанниҷ шудани вазъ дар ҳамин минтақаҳо мусоидат мекунанд”.
Кор бо ВАО
“Дар пешниҳоди маълумот мавқеи кишварҳо фарқ дорад: ҷониби Қирғизистон кӯшиш мекунад, ки ҳарчи зудтар ба намояндагони ВАО маълумот диҳад. Мо бо тарзи дигар кор мекунем, яъне ба ВАО баъд аз анҷоми гуфтушунид ва ҳосил шудани ягон натиҷа маълумот дода мешавад”.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.