Дидбони Ҳуқуқи Башар (HRW), як созмони муътабари ҳомии ҳуқуқи инсон аз Иттиҳоди Аврупо даъват кард, ба кишварҳои Осиёи Марказӣ бигӯяд, кӯмакҳои бештар ба минтақа дар ивази ислоҳоти воқеии ҳуқуқи инсон вобаста хоҳанд буд.

Тавре Радиои Озодӣ хабар медиҳад, Созмон, ки дар Ню Йорк қароргоҳ дорад, рӯзи 16-уми ноябр дар ин бора баёнияе нашр кард ва дар замоне, ки Ҷузеп Боррел, масъули умури хориҷии Иттиҳодияи Аврупо барои мулоқоти онлайнӣ бо вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ омода мешавад.

Қарор аст, мулоқоти 16-уми Иттиҳоди Аврупо ва вазирони кишварҳои Осиёи Марказӣ рӯзи 17-уми ноябр сурат бигирад. Ҳю Вилямсон, мудири дафтари Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар дар ин баёния гуфтааст, вокуниши кишварҳои минтақа ба талотумҳои сиёсӣ дар Қирғизистон, ва ё мушкилоти офаридаи пандемияи коронавирус “бештар самар медод, агар онҳо ба аҳди худ барои мурооти ҳуқуқи инсон вафо мекарданд.”

Дар баёния омадааст, ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ бо баҳонаи монеъ шудан ба густариши коронавирус дастрасӣ ба иттилоот ва озодии баёнро маҳдуд кардаанд. Аз тарафи дигар мушкилоти иқтисодӣ ва нобаробарӣ дар натиҷаи пандемия дар минтақа зиёдтар шудааст.

ҚИРҒИЗИСТОН

Ба гуфтаи Дидбони Ҳуқуқи Башар, талотумҳои сиёсии чанде пеш дар Қирғизистон, ки ба истеъфои раиси ҷумҳур Сооронбой Ҷеенбеков расонд, ҳуқуқи инсон дар кишварро зери хатар гузоштааст.

Ба гуфтаи созмон, Иттиҳоди Аврупо бояд ба Қирғизистон фишор биёрад, ки барои маълум кардани сабабҳои марги Азимҷон Аскаров, ҳомии шинохтаи ҳуқуқи инсон “як таҳқиқи воқеии бетарафона” сурат бигирад. Аскаров моҳи июл дар боздоштгоҳе дар Қирғизистон даргузашт. Дар баёния омадааст, Азимҷон Аскаров “Аз соли 2010 баноҳақ дар паси панҷара буд ва марги нобаҳангоми ӯ, як доғи амиқ дар собиқаи ҳуқуқи инсон дар кишвар аст”.

ҚАЗОҚИСТОН

Дидбони Ҳуқуқи Башар гуфтааст, дар Қазоқистон ваъдаҳои раиси ҷумҳур Қосимҷомарт Токаев барои ислоҳот “ҳеҷ беҳбудии чашмгире наовард.” Тазоҳургарони осоиштаро ҳамчунон “озор медиҳанду боздошт мекунанд”, монеаҳо барои таъсиси иттиҳодияҳои коргарии мустақил боқӣ мондаанд ва хабарнигоронро ҳангоми корашон ҳамчунон озор медиҳанд ва ё ба онҳо ҳамла мекунанд. Дар баёния Макс Бокаев фаъоли қазоқро ёдовар шудаанд, ки ба гуфтаи Дидбони Ҳуқуқи Башар соли 2016 “баноҳақ зиндонӣ шуд” ва аз он замон то кунун дар зиндон аст. Ӯро бо гуноҳи ташкили тазоҳуроти оммавии ғайриқонунӣ ба зидди ислоҳоти замин дар Қазоқистон ба зиндон маҳкум кардаанд.

ӮЗБЕКИСТОН

Дар Узбекистон ба гуфтаи Дидбони Ҳуқуқи Башар қадамҳое барои беҳтар кардани вазъи ҳуқуқи инсон бардоштаанд, вале онҳое, ки аз боздошт раҳо шудаанд, мушкилоти ҳуқуқӣ доранд, Кодекси ҷиноӣ муқаррароти мушкилофаре дорад ва ваъда барои мутобиқ кардани қонуни созмонҳои ғайриҳукуматӣ ба меъёрҳои баёналмилалӣ иҷро нашудааст. Ҳомиёни ҳуқуқи созмон гуфтаанд: “Иттиҳоди Аврупо бояд пеш аз додани имтиёзҳои нави тиҷоратӣ, замонат бигирад, ки Ӯзбекистон аҳдномаҳои байналмилалии ҳуқуқи инсонро дар ҳақиқат риоят мекунад.”

ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Тоҷикистон Дидбони Ҳуқуқи Башар гуфтааст, бештар аз 150 мухолифони давлат, мунтақидон ва вакилони дифои онҳо, ки бо иттиҳомоти дорои ангезаҳои сиёсӣ ҷазо гирифтаанд, дар зиндон мемонанд. Айни замон вазъи зиндонҳо “ваҳшатнок” аст ва фаъолон аз “шиканҷаву бадрафтории густурда” дар ин муассисаҳо гузориш медиҳанд. Ба гуфтаи созмон, ба мухолифони давлати Тоҷикистон дар хориҷ ҳамла сурат мегирад, онҳоро бо дархости ҳукумат истирдод мекунанд ва хешовандони ин афродро дар дохил озор медиҳанду дастгир мекунанд.

ТУРКМАНИСТОН

Дидбони Ҳуқуқи Башар Туркманистонро “бадтарин саркӯбгар” дар минтақа номида ва гуфтааст, маълум кардани теъдоди дақиқи онҳое, ки дар инҷо бо иттиҳомоти дорои ангезаҳои сиёсӣ зиндонӣ шудаанд, имконнопазир аст. Дар баёния омадааст: “Сарнавишти баъзе аз онҳое, ки нопадид шудаанд, 18 сол боз маълум нест.”

Ҳукумати Туркманистон, ки “дар рӯ ба рӯи мушкилоти азими иҷтимоиву иқтисодӣ аст ва норасоии маводи ғизоӣ некӯаҳволии мардумро зери хатар мегузорад, назорат бар иттилоърасониро сахт зери назорат дорад.” Дидбони Ҳуқуқи Башар гуфтааст, Иттиҳоди Аврупо бояд бо истифода аз абзорҳои фишораш нишон бидиҳад, ки агар ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ ваъдаҳои ислоҳотро дар амал иҷро накунанд, оқибатҳои беамалиашонро хоҳанд дид.

Иттиҳоди Аврупо соли 2019 стратегия нав барои Осиёи Марказиро қабул кард, ки дар он волоияти қонун, посухгуии мақомот дар назди мардум авлавият дорад.