Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин, ки дар ҷаласаи ҷашнии СҲШ дар Душанбе тариқи онлайн иштирок мекунад, изҳор дошт, ки дар Афғонистон бояд як давлати фарогир ташкил шавад.

“Мо бояд ҳамкориро дар марзҳои кишварҳои узв тақвият диҳем. Афғонистон тӯли чанд ҳафтаи охир ба як таҳаввулот рӯ ба рӯ шудааст. Ин бояд ниёзмандиҳои созмонҳои байналмилалиро барои ҳамкорӣ намудан ба миён орад. Ин кишвар бояд аз ҳар гуна терроризм пешгирӣ шавад. Афғонистон бояд ба масири сулҳ субот ва тавсеа пеш равад”, - муътақид аст сарвари давлати Чин.

Irna

Дар навбати худ, президенти Русия Владимир Путин, ки ӯ ҳам тариқи онлайн дар ҷаласа штирок мекунад, зикр кард, ки масъалаи азсаргирии фаъолияти гурӯҳи тамоси  СҲШ - Афғонистон, ки дар вақташ барои ҳамкорӣ бо шарикони афғон таъсис дода шуда буд, бояд дида баромада шавад.

"Мо бояд мақомоти нави Афғонистонро барои иҷрои ваъдаҳои худ ҳавасманд кунем. Тағйири қудрат тақрибан бе хун буд. Ин бешубҳа як нуқтаи мусбӣ аст. Имрӯз Толибон амалан тамоми қаламрави Афғонистонро таҳти назорат доранд ва мақомоти нави афғон бояд ба иҷрои ваъдаҳои худ дар бораи барқарор кардани сулҳ, ба эътидол овардани ҳаёти ҷамъиятӣ ва таъмини амният барои ҳама ташвиқ карда шаванд", - иброз дошт ӯ.

Раисиҷумҳури Қазоқистон Токаев зимни суханрониаш дар ҷаласаи СҲШ пешниҳод кард, ки дар шаҳри Алмато маркази СҲШ барои расонидани кӯмаки байналмилалӣ ба Афғонистон ташкил карда шавад.

Сурат: Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Asia-Plus

Сарвари давлати Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев пешниҳод кард, ки бо назардошти вазъи башардӯстона, имкони боздории ҳисобҳои Афғонистон дар бонкҳои хориҷӣ баррасӣ карда шавад.

Раисиҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бори дигар аз гуфтугӯ бо Толибон ҳимоят кард ва хостори дидори роҳбарони СҲШ бо масъулини ҳукумати нави Афғонистон шуд.

Мирзиёев омадани Толибонро як амри воқеӣ унвон кард ва гуфт миёни кишварҳои узви СҲШ дар масъалаи гуфтугӯ бо роҳбарони ҷадиди кишварҳо бояд тавофуқе эҷод шавад.


Бо ин вуҷуд Мирзиёев хостори риояи ҳаққи занон ва ақаллиятҳои миллӣ дар Афғонистон шуд ва  дар масъалаи коҳиши муҳоҷират хостори  ҳамкорӣ шуд.

Мирзиёев ҳамчунин гуфт, кишвараш омода аст, ки дидори сатҳи баланд дар сатҳи Шонгҳой-Афғонистонро дар шаҳри Тошканд мизбонӣ кунад.

Сарвазири Покистон Имрон Хон низ зикр ард, ки ба Афғонистон ҳеҷ гуна кумаки инсондустонаро дареғ набояд дошт.

“Мехоҳем, ки ҳамаи ҳимояти байналмилалӣ ба кумаки инсондустона ба Афғонистон шитобанд. Мушокироти СММ ба дахолати Афғонистон муҳим аст. Муҳимтар аз ҳама бояд як сохтори фарогир дар ин кишвар ташкил шавад. Сохторе ки тамоми гурӯҳҳои Афғонистон бояд бошанд ва дар ин замина сулҳу амният барқарор шавад”, - гуфт ӯ.

Ба гуфтаи Имрон Хон дар Афғонистон бояд аз ҳукқуи ҳамаи халқиятҳои ин кишвар ҳимоят шуда, он набояд ба лонаи террористҳо табдил ёбад.

“Мо тарафдори амн ва як Афғонистон шукуфон ҳастем. Ин миллат ибтидо ба дунболи истиқлоли худаш  аст. Афғонистон кишваре аст, ки онро дар берун намешавад идора ё контрол кард”, - афзуд сарвазири Покистон.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.