Бо пешниҳоди шарикони мо аз Тоҷикистон механизмҳои боътимоди таъмини амният дар марзҳои ҷанубии СПАД бо шумули баргузории машқҳои муштараки ҳарбӣ ва кумак ба Тоҷикистон лар таҳкими ҳифзи қитъаҳои кӯҳии душворгузари сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистон таҳия мешаванд, изҳор доштааст рӯзи 13 январ намояндаи расмии Вазорати умури хориҷии Русия Мария Захарова дар мавриди шарҳи ақидаи сарвари давлати Тоҷикистон оид ба ташкили “камарбанди амният” дар атрофи Афғонистон.
Тавре дафтари матбуоти ВКХ Русия хабар медиҳад, Захарова гуфтааст, вазъияти Афғонистон дар маркази таваҷҷуҳи СПАД қарор дошта, рӯйдодҳои дар он ҷо ҷараёндошта ба ҳамаи кишварҳои минтақа ва аъзи СПАД дахл доранд.
“Хотиррасон мекунам, ки бо ташаббуси Русия моҳи августи соли 2021 пас аз хуруҷи неруҳои низомии ИМА ва итифоқчиёнаш аз Афғонистон, ба таври таъҷилӣ иҷлосияи Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ барои баррасии тадбирҳои аввалиндараҷаи мушаххас ҷиҳати таъмини кафолатноки амният дар минтақаи зери масъулияти СПАД даъват шуда буд”, - иброз доштааст вай.
Яке аз муҳимтарин вазифаҳои Созмон, ба ақидаи ӯ, пешгирӣ аз вуруди исломгароии тундгаро ба қаламрави кишварҳои узв, инчунин ҷилавгирӣ аз ҷалби шаҳрвандон ба сафи ифротгароён, аз ҷумла бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва Интернет мебошад.
Кишварҳои СПАД ҳамкориҳои мақомоти салоҳиятдор ва хадамоти махсусро ҷиҳати ошкор ва безарар гардонидани ячейкаҳои ифротгароӣ ва террористӣ, ки аз фиристодаҳо (эмиссарҳо)-и хориҷии худ камтар хатарнок нестанд, тақвият хоҳанд дод. Барои муқовимат ба таблиғоти тахрибкоронаи созмонҳои террористӣ дар фазои иттилоотӣ низ чораҳои муассир андешида мешаванд”, - зикр кардааст намояндаи ВКХ Русия.
Ӯ таъкид доштааст, ки масоили ҷилавгирӣ аз фаъолияти бозори пинҳонии аслиҳа дар Афғонистон, ки аз нерӯҳои эътилоф мондааст, ҳамчунин мушкилоти истеҳсол ва қочоқи маводи мухаддир дар маркази таваҷҷуҳи СПАД боқӣ хоҳад монд.
“Вазъияти Афғонистон муттаҳид шудани талошҳои тамоми кишварҳои узви СПАД-ро тақозо мекунад. Бо ин гуфтаҳо зарурати талошҳои глобалӣ таҳти сарпарастии СММ, Шӯрои Амнияти он ва тамоми созмонҳои минтақавию ҷаҳониро, ки ҳоло бо мавзӯи Афғонистон сарукор доранд, инкор намекунам. Дар доираи СПАД дар бораи вазифаҳои дарпешистода фаҳмиши ягона вуҷуд дорад. Бо дастури сарони давлатҳо дар ҳамаи ин соҳаҳо дар чаҳорчӯби сохторҳои махсуси СПАД, дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ, мудофиа, котибони шӯроҳои амният муколамаи доимӣ сурат мегирад”, - илова кардааст ӯ.
Ёдрас мекунем, ки дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии СПАД сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки дар доираи СПАД рӯйхати ягонаи созмонҳои террористӣ тартиб дода шуда, барномаи ҳадафноки байнидавлатӣ оид ба таҳкими ҳифзи марзи Тоҷикистону Афғонистон қабул ва дар атрофи Афғонистон “камарбанди амният” ташкил карда шавад.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.