Соли 2020 бар пайи интихоботи президентӣ ва ташкили ҳукумати нав, аксаран аз омадани се вазири забондону технократ – Шералӣ Кабир, Ширин Амонзода ва Далер Ҷумъа ба кобинаи нав ва тими Эмомалӣ Раҳмон истиқбол карданд.
Ин се вазир, ки то ин вақт низ дар симматҳои дигар кор мекарданду дар миёни ҷомеа бо коркардҳояшон маъруф буданд, барои тими ҳукумат чеҳраҳои нав ба шумор мераванд. Ҳарчанд бархеҳо омадани онҳоро ба кобина “тағйироти косметикӣ” низ унвон карда буданд. Ин се тан, кадрҳои забондон, хатмкардаи донишгоҳҳои борнуфузи хориҷи кишвар ва ба таъбири омиёна то ин дам ҳам “худро нишон дода буданд”.
Шералӣ Кабир аз мақоми раиси Шӯрои директорони ширкати “Талко” ба симмати вазири саноат ва технологияҳои нав омад. Далер Ҷумъа аз раёсати ширкати “Помир Энерҷӣ” вазири энергетика ва захираҳои об шуд. Ширин Амонзода Кумитаи навтаъсиси рушди сайёҳиро раҳо карду вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва ҳамин тавр яке аз ду зан дар миёни вазирони ҳукумати нав шуд. Ин се бахш аз сермушкилтарин бахшҳои Тоҷикистонанд, ки мудирияти дурусти ин бахшҳо метавонад такони бузурге ба иқтисодиёти Тоҷикистон бидиҳад.
Фикре он замон дар ҷомеа ба чархиш даромад, ки инҳо маҳз барои дониш, маҳорат ва коркардҳояшон ба ҳукумат оварда шудаанд ва акнун бояд дар бахшҳои худ “инқилоб” кунанд. Аммо оё инқилобе карданд?
Шералӣ Кабир ва барномаи рақамисозии саноату иқтисодаш
Шералӣ Кабир ба раъси соҳаи саноати кишвар дар замоне омад, ки ҳукумати Тоҷикистон саноатӣ кардани кишварро яке аз ҳадафҳои стартегии миллӣ унвон кард. Гузашта аз ин солҳои 2022-20026 панҷсолаи рушди саноат эълон шуд. Ба таъбире кору барномаҳои миёншикан барои Шералӣ Кабир.
Шералӣ Кабир то ин вақт дар Биржаи молу мулк, “Ориёнбонк” ва “Талко” ба унвони як мудир ё менеҷери муваффақ ном бароварда буд. Ҳарчанд баъди раёсати “Талко”-ро ба даст овардани ӯ дар ин корхонаи бузурги пасошӯравӣ ва ягона дар Осиёи Марказӣ, истеҳсол ба шиддат кам шуд, аммо ғайриинтизор дар доираҳои расмиву ғайрирасмӣ аз ӯ ба унвони як мудири фавқулода ном мебаранд. Аммо ин ширкат, дар бахшҳои дигар корхонаҳои нав сохт ва фаъолиятҳояшро густариш бахшид, ҳарчанд сарнавишти ин ширкат бо баҳсҳои калоне дар дохилу хориҷи Тоҷикистон гиреҳ хӯрд.
Дар вазорати саноат ва технологияҳои нав низ корро аз тарҳҳое оғоз кард, ки барои Тоҷикистон то андозае нав буд. Хусусан бахшҳоее, ки то ин вақт ниҳодҳои дигари кишвар бо он “ҷанг” мекарданд. Аз ҷумла таъсиси порки технологӣ, иҷозат ба биткоин ва блекчейнфановариҳо дар Тоҷикистон ва ҳуши сунъӣ.
Шералӣ Кабир дар аввали кораш гуфт, ки барои рушди ин фановариҳо Тоҷикистон зарфиятҳои лозимро дорад. “Кадрҳои ҷавон дорем, 28 ҳазор ҷавон ариза додааст, ки мехоҳанд мутахассиси фановариҳои иттилоотӣ шаванд. Бояд ин зарфиятҳоро истифода кард, бояд мутахаассисони хориҷиро даъват карду ин соҳаро рушд дод”,-гуфта буд ӯ.
Дар давраи иқтисоди рақамӣ ин бахш соҳаи хеле даркорист, -гуфт Шералӣ Кабир.
Дар нахустин нишасти матбуотияш вазири саноат аз рушди саноати сабук дар кишвар нигаронӣ кард. Ӯ гуфт, ки дар Қирғизистоне, ки зарфиятҳояш дар ин бахш камтар аз мо ҳастанд, дар саноати сабук 158 ҳазор кас кор мекунад, дар мо ин омор ба маротиб камтар аст.
Дар ин нишаст ӯ ҳамчунин аз ин интиқод кард, ки соли 2020 дар кишвар 2274 корхона ҳисоб шудааст, ки аз ин 110 корхона ба делелҳои гуногун аз кор мондаанд. Вазири саноат ҳамчунин аз ин интиқод кард, бархе корхонаҳо ҳанӯз баъди солҳоои 90-уми асри гузашта аз кор мондаанд, вале сол то сол ба омор ворид ва аз соле ба соле кашола карда мешаванд.
Шералӣ Кабир ҳанӯз дар оғози ба кор пардохтанаш ба сифати вазири саноат, зимни як сафараш ба Суғд ва боздид аз корхонаҳои саноатии ин вилоят гуфта буд, ки вазораташ як тарҳи панҷсолаеро то соли 2025 барои рушди саноат рӯйи даст гирифтааст.
“Вазорат тарҳҳои гуногунеро барномарезӣ кардааст, ки ба рушди бахшҳои гуногуни саноат, аз ҷумла металургияи ранг ва сиёҳ, саноати хӯрокӣ, мошинолот, саноати сабук, пилла то соли 2025 нигаронида шудаанд”.
Шералӣ Кабир баъди расидан ба курсии вазорат яке аз ташаббускорони сохтани парки технологӣ - IT Park дар Тоҷикистон шуд. Ӯ ин корро дар шароите мекунад, ки омилҳои ҷиддии иҷроӣ кардани ин идея дар Тоҷикистон - андозҳои баланд, норасоии кадрҳо ва интернети заъифу инҳисорӣ ва дар инҳисори шадид қарор доштани иқтисоди кишвар пеши ин роҳро мегиранд.
Кишварҳои пасошӯравӣ, аз қабили Укроин, Гурҷистон ва ҳатто Қирғизистони ҳамсояи Тоҷикистон ва дар ин авохир Ӯзбекистон бо эҷоди ин поркҳо тавонистанд иқтисоди плонии вомонда аз шӯравии худро такони ҷиддӣ бидиҳанд. Бархе коршиносон, рақамӣ кардани иқтисодро ба далели ин ки дар кишвар “ҷанг”-и эълоннашуда бо фановариҳои навин ва интерент ҷараён дорад ва кишвар яке аз заъифтарин суръати интернетро дар ҷаҳон дорад, номумкин донистанд. Аммо Шералӣ Кабир ҳамеша дар ин давраи вазораташ ба зарфиятҳои калони истифоданашудаи Тоҷикистон таъкид мекунад.
Шералӣ Кабир ба ҳукумат пешниҳод кард, ки ширкатҳое, ки дар ин порк номнавис мешаванд бояд аз пардохти андоз озод карда шаванд. Ӯ андозбандии Тоҷикистонро дар ин бахш 8 маротиба баландтар аз Ӯзбекистон хонда буд ва гуфт, ки яке аз далелҳои рушд накардани ин бахш ва бахшҳои дигари иқтисод маҳз ҳамин мебошад.
Вазири нави саноат аз рушди фановариҳои навин, аз ҷумлаи вориди иқтисоду хизматрасониҳо кардани ҳуши сунъӣ ҳимоят кард. Дар назди Вазорати саноат Шӯрои ҳуши сунъӣ таъсис ва раиси он Азизиҷон Азимӣ таъин шуд. Ӯ шахсан дар кушодани дафтари ширкати “TajRupt” - Маркази омӯзиши ҳуши сунъӣ иштирок ва дар яке аз дарсҳои онлайнии ин марказ ширкат кард. Азизҷон Азимӣ, мудири ин марказ ва хатмкардаи донишгоҳи маъруфи Ҳорвард дар як мусоҳибааш гуфта буд, ки Шералӣ Кабир тими ӯро дар ин бахш хеле ҳимоят мекунад.
Вазорати саноат, дар тобистони соли гузашта Форуми байналмилалии рушди ҳуши сунъӣ дар Тоҷикистонро низ баргузор кард.
Шералӣ Кабир дар якуним соли вазирияш дар форумҳову конфронсҳои милливу байналмилалӣ ширкату суханронӣ кард ва ҳамеша аз зарфиятҳо бузургу истифоданашудаи Тоҷикистонро барои рушд ва сармоягузорӣ суҳбат мекунад.
Ҳамчунин яке аз тарҳои дигаре, ки Шералӣ Кабир дар нишастҳои гуногун рӯйи он пойфишорӣ кард баргаштани Тоҷикистон ба низоми ягонаи энергетикии Осиёи Миёна буд. Аз ҷумла, ӯ дар Маскав дар яке аз форумҳо гуфт, ки Тоҷикистон дар соли 2022 ба ин низом бармегардад. Аз назари ин вазири мудир, бо ба кор андохтани Роғун, Тоҷикистон метавонад аз тариқи ин низом камбуд ва мушкилоти барқ дар Осиёи Марказиро то андозае ҳал кунад.
Ҳамин тур Шералӣ Кабир, дар ин даврони вазирияш, ки аз сӯйе бо даврони буҳрони замони ковид рост омад, яке аз вазирони фаъоли ҳукумати Тоҷикистон буд. Хусусан тобистон имсол дар Дарвоз ва манотиқи дигари кишвар корхонаву тарҳҳоеро ба раисҷумҳур муаррифӣ ва бозкушоӣ кард, ки гуфта мешуд тарҳои инфиродии замони вазораташ мебошанд.
Шералӣ Кабирро ҳамчунин яке аз тоҷирони бузурги Тоҷикистон медонанд, ки тиҷоратҳои фарогир дорад ва бо шуморе аз шахсиятҳои таъсиргузор дар иқтисоду сиёсати Тоҷикистон шарик аст.
Аммо аз сӯйи дигар, чунон, ки мебоист ва ҷомеаи Тоҷикистон интизор дошт, Шералӣ Кабир ҳам дар мудирияти соҳаи саноати Тоҷикистон таҳаввулоти инқилобӣ оварда натавонист ва балки корро ба таъбири коршиносон “марҳила ба марҳила” идома медиҳанд. Сурат нагирифтани ин “инқилоб” далелҳои ҷиддии худро дорад, ки дар поёни ин матлаб ба он мепардозем.
Ширин Амонзода ва истиқболи инқилобӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Ширин Амонзода, хатмкардаи чандин донишгоҳи бонуфузи хориҷӣ, донандаи чандин забони хориҷӣ ва бо таҷрибаи кофии кор дар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, корро дар симати вазири меҳнату муҳоҷират аз иқдомҳои ҳамаписанде оғоз кард, ки то ин дам дар миёни мансабдорони тоҷик намуна надошт.
Ӯ дар нахустин рӯзҳои кории худ ба мардикорбозори занонаи шаҳри Бохтари вилояти Хатлон рафт ва ҳузурӣ бо ҳар кадоме аз занҳои ин бозор суҳбати инфиродӣ кард. Ба мақомоти зертобеи вазораташ дар вилоят дастур дод, ки мушкилоти ин занонро ҳал кунанд ва гуфт худаш ин барномаро назорат мекунад.
Вуҷуди ин бозор, то ин дам боиси баҳсу барасиҳое дар ҷомеаи Тоҷикистон шуда буд ва бисёриҳо ин бозорро як саҳнаи нангин барои ҷомеаи суннатии Тоҷикистон медонистанд. Ин иқдоми вазирхонум Амонзода истиқболи бисёр инқилобие аз сӯйи корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ касб кард.
Суханрониҳои Ширин Амонзода дар форуму нишастҳои байналмилаӣ ба забонҳои хориҷӣ ҳам борҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ мояи фахри ҳамаватанонаш шуд ва бисёриҳо ӯро дар ин росто месутуданд.
Соҳае, ки вазирбону раҳбарӣ мекунад, аз соҳаҳои хеле сермушкил аст. Муҳоҷират, бекорӣ ва мушкилу камии нафақа аз мушкилоти музмину ҳалношудании Тоҷикистон дар солҳои ахир боқӣ мондаанд. Ҳарчанд ҷомеаи Тоҷикистон, то кунун шоҳиди тарҳҳои хоси Ширин Амонзода барои ҳалли ин мушкилот нашудааст, вале ҳамагӣ ба тавоноиҳо ва таҷрибаи кори ӯ ишора мекунанд ва мегӯянд, ки агар дар худи ҳукумат ва низомӣ сиёсӣ ҳозир ба роҳандозии ислоҳот дар ин заминаҳо бошанд, Амонзода метавонад вазоратро аз пешгомони ин ислоҳот қарор бидиҳад.
Бо вуҷуди ин, бархеҳо аз вазирбону Амонзода интиқод ҳам карданд, ки ба унвони вазири меҳанту муҳоҷират ва вазир ба суроғи муҳоҷирони тоҷик, хусусан занони муҳоҷир дар Русия кам рафтанд. Тарҳҳои хосе барои ҳалли мушкилоти муҳоҷирон пешниҳод накарданд.
Ҳарчанд дар ин авохир яке аз гуфтаҳои Амонзода дар мусоҳиба бо нашрияи ҳукумати Тоҷикистон “Ҷумҳурият” дар мавриди эҷод шудани 1,6 миллион ҷойи корӣ дар 9 соли ахир хеле хабарсоз шуд. Бисёриҳо бо дар назар гирифтани сатҳи баланди бекорӣ ва раванди рӯ ба рушди муҳоҷират ба ин изҳороти вазир бо шубҳа нигаристанд.
Амонзода ҳамчунин дар ин авохир дар ҷаласаи ҷамъбастии вазорат гуфт, ки Тоҷикистон муваффақ шуд маоши миёнаро 157,8 сомонӣ боло бирабард. Бо ин вуҷуд Тоҷикистон дар миёни кишварҳои пасошӯравӣ аз ҳисоби андозаи ин маош аз ҳама охир аст.
Нақши меҳварии вазорати зери раҳбарии Амонзода дар омӯзиши ҷидии бозори меҳнат, тавонмандиҳои ин бозор ва омӯзиши масирҳои нав барои муҳоҷират мебошад, ки Тоҷикистон ҳанӯз шоҳин ин гуна таҳлилу омӯзишҳо нашудааст. Ё шояд шуда бошаду дар дохили ниҳодҳо раду бадал шуда бошад. Аммо ҷомеа аз ин тарҳҳо камтар огаҳӣ пайдо кардааст.
Далер Ҷумъа ва боқӣ мондани “лимит” дар Тоҷикистон
Далер Ҷумъа ба унвони раиси ширкати “Помирэнерҷӣ”, ки ҳамчуни ширкати муваффақ дар ВМКБ-и сермушкил хеле ном бароварда буд, баробари ба курсии вазири энергетика такя задан, шаҳрвандони кишварро ба сарфаву сариштакории истифодаи барқ даъват кард. Ин вазир дар нахустин нишасти матбуотияш ба хабарнигорон гуфт, ки чӣ гуна дар хонаводааш ба сарфакории ҳадди аққали барқ риоят мекунанд. Суханоне буд, ки ҷомеаи Тоҷикистон шуниданашро аз як вазири технократ мунтазир набуд.
Сарфи назар аз таҷриба ва донишҳо, дар даврони вазорати Далер Ҷумъа ҳам мардуми Тоҷикистон меҳмондори “лимит”-и барқ буданд. Аммо бо вуҷуди таҷрибаи кори вазири нав дар хориҷи кишвар ва гузоришдеҳ будани масъулон дар назди мардум, ҳеч вақти вазорати энергетика мавҷудияти расмии лимитро напазируфт ва худи вазир ҳам хомӯш шудани барқро ба корҳои таъмиру бозсозии хатҳои барқ марбут дониста буд.
Далер Ҷумъа ҳам яке аз ҷонибдорони пайвастани Тоҷикистон ба низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ ҳаст. Ӯ дар яке аз мусоҳибаҳояш гуфта буд, ки дубора пайвастани Тоҷикистон бо ҳадафи ёфтани бозори мусоид аст. “Мақсади мо ташкили бозори энергетикии минтақавӣ аст ва он дар чорчӯбаи Барномаи ҳамкориҳои минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ, ки яке аз самтҳои калидии он бозори минтақавии энергетикии Осиёи Марказӣ маҳсуб меёбад, татбиқ гардида истодааст”,-гуфта буд вазир.
Далер Ҷумъа, бештар дар мавриди ёфтани бозор барои фурӯши барқ ва дигар зарфиятҳои энергетии Тоҷикистон суҳбат мекунад. Ӯ аз ҷумла гуфта буд, ки Тоҷикистон метавонад дар соли 2022 ба Покистон барқ содир кунад. Аммо ҳоло бо тағйироте, ки дар низоми сиёсӣ ва энергетии минтақа ба амал омад, ба назар мерасад, ки умедвориҳои Тоҷикистон ба ин пружаҳо ва хусусан поёни татбиқи лоиҳаи CASA – 1000 камтар аст. Зеро Покистон мехоҳад дар доираи Даҳлези иқтисодии Чину Покистон (СPEC) ниёзмандиҳои худро бо барқ ҳал кунад.
Бархе огоҳон бар ин назаранд, ки Далер Ҷумъа дар вазорати энергетика бештар ба дунболи дарёфт ва ҷалби сармоягузориҳо барои рушди энергетика мебошад ва дар ин роҳҳо талошҳои зиёде мекунад.
Дар даврони вазорати Далер Ҷумъа нархи маводи сӯзишворӣ, аз ҷумла газу бензин ба таври бесобиқа боло рафт. Ҳамчунин имсол нархи ангишт, ки Тоҷикистон захираҳои бузурги ин маводи сӯхтро дорад, ҳам боло рафт.
Далер Ҷумъа дар замоне вазири энергетика ва захираҳои об шуд, ки дар замони тағйирёбии иқлим ин ду бахш аз соҳаҳои осебпазири Тоҷикистонанд, дар ҳоле, ки кишвари мо мехоҳад дар оянда бори аслии иқтисодро обу энержӣ бикашад.
Аммо дар ин авохир Далер Ҷумъа ба унвони зодаи Бадахшон ва вазири ҳукумат ба масъалаи вазъи Бадахшон ҷалб шуд ва дар ҷаласаи ахири ҳукумати ин вилоят изҳороти бепешинае дод, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар миёни зодагони Бадахшон бисёр ба сахтӣ рӯ ба рӯ шуд ва ӯро хеле интиқод карданд. Бисёриҳо барои он интиқод карданд, ки ӯ масъули вазорати ғайринизомӣ асту ба масъалае дахл мекунад, ки соҳаи кори ӯ нест.
Билахира чаро ин технократҳо “инқилоб” накарданд?
Дар низомҳои баҷомонда аз шӯравӣ ва ҳукуматҳоии дарозумр як вижагӣ вуҷуд дорад. Низоми ягонае бо қонуну қоидаҳои хос шакл мегирад, ки сарфи назар аз омадани кадрҳои технократ ва халлоқ (креатив), онҳо бояд ба ин қоидаҳо тан диҳанд ва ҷузъе аз низоми шаклгирифта шаванд. Омадани се вазири технократ дар кобинаи нави ҳукумат ҳам дар ҳамин формат буд.
Хусусан дар низомҳое, ки қоидаҳои бозӣ ва мансабдорӣ бисёр шафоф нест ва салоҳияти ниҳодҳо хеле маҳдуд аст. Ҳамин аст, ки ҳанӯз дар оғоз, ба фарқ аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, коршиносон мегуфтанд, ки ин се вазир ҳам ба ҷузъе аз низом табдил мешаванд ва кори зиёде дар бахши худ карда наметавонад. Зеро барои овардани таҳаввулот ниёз ба ислоҳоти фарогир дар тамоми низом аст, ки мутаассифона то ҳанӯз барномаи фарогире барои ислоҳот пешниҳод нашудааст.
Аммо сарфи назар аз ин, бисёриҳо бар ин назаранд, ки агар ҳузури вазирони технократе, ки таҷриба ва дониши кор дар ширкату созмонҳои байналмилалиро доранд, дар кобина ва ниҳодҳои дигари давлат зиёд шавад, ба фоида кор хоҳад буд. Зеро муштаракан онҳо метавонад дар дохили кобина як тими алтернативе барои мансабдорони суннатӣ ва шахшуда бо меъёрҳои куҳна бошанд, ки имкон дорад ба фоидаи технократҳо анҷом шавад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
"Я твердо знал, что буду летчиком": о чем рассказывают таджикские пилоты
Турецкие СМИ: жена бежавшего в Россию экс-президента Асада решила с ним развестись
Таджикские самолеты смогут проходить техобслуживание в Актау
Куда сводить ребёнка на Новый год? Программы развлекательных центров Душанбе
Сомона Махмадбекова признали лучшим спортсменом года в Таджикистане
Парковки пустуют, а дороги запружены машинами. Почему жители Душанбе не оставляют свои автомобили на подземных стоянках?
ФАО ООН выявила возможности для цифровизации сельского хозяйства в Таджикистане
Китайские продавцы осваивают российские маркетплейсы
Минобрнауки: В Таджикистане запрещены ёлки и чаепития в вузах, школах и детских садах
Российский ученый поставил под сомнение прогнозы о существенном обмелении Амударьи
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста