Вазъият дар Афғонистон тамоили минбаъд бадшавиро дорад. Тибқи пешгӯиҳои мо, боз ҳам бадтар мешавад, изҳор дошт президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 21 июл дар Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар Чолпон-Отаи Қирғизистон.
Ба ақидаи ӯ, рӯйдодҳои айни замон дар Афғонистон ҷараёндошта метавонанд натанҳо ба Осиёи Марказӣ таъсири манфӣ расонанд. Онҳо метавонанд ба тағйироти геополикии тавозун ва неру дар тамоми минтақаи авруосиёӣ боис гарданд, хабар медиҳад АКИpress.
“Раҳбарияти “Толибон” тайи муддати гузашта барои мутақоид кардани ҷомеаи ҷаҳонӣ ва аҳолии Афғонистон ба қонунӣ будани ҳукумати худ, тавоноии назорат болои вазъият дар кишвар ва таъмини амнияти шаҳрвандон, инчунин ҳаллу фасли мушкилоти бамиёномадаи иҷтимоиву иқтисодӣ чорае наандешидааст.
Баръакс, бар хилофи ваъдаҳо, Толибон бо ҳар роҳ ба таъсиси ҳукумат бо иштироки васеи тамоми нерӯҳои сиёсӣ ва этникӣ монеъ мешаванд”, - гуфт ӯ.
Эмомалӣ Раҳмон бар ин назар аст, ки маъмурияти харакати Толибон дар шакли ҳозирааш аз ухдаи ҳалли масоили идоракунии мамлакат намебарояд. "Дар ҳамин ҳол, Толибон сиёсати таҷовузкоронаи табъиз алайҳи гурӯҳҳои мухталифи этникӣ ва муҳофизакорӣ (консерватизм)-и шадиди мазҳабиро роҳандозӣ кардаанд", - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.
Баъди ин пахши мустақим қатъ шуд. Намоиш баъди чанде барқарор шуда, суханронии президенти Туркманистон Сардор Бердимуҳамедов оғоз гардид.
В Гамбурге исламисты провели митинг, где потребовали создания халифата в Германии
Генсек НАТО приехал к Зеленскому с необъявленным визитом
В Грузию – без пересадок. Между Душанбе и Тбилиси запустили прямые авиарейсы
Правительство Таджикистана рассмотрело закон о показателе для расчетов и концепцию оценки качества образования в стране
МИД Таджикистана вручил ноту протеста послу России в Таджикистане
ЕБРР и Таджикистан договорились разработать Кодекс финансирования женщин-предпринимателей
Россия построит АЭС в Джизакской области Узбекистана
В Таджикистане детей, нарушивших закон, больше не будут судить
Совет директоров ИБР одобрил выделение 150 млн долларов для достройки Рогуна
«Вместе»: Выставка картин сразу трёх художников проходит в Душанбе
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста