Девони вазирони Эрон созишномаи лағви раводид бо 33 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла бо Тоҷикистонро ба тасвиб расонидааст. Дар ин бора Иззатуллоҳ Зарғамӣ, вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва ҳунарҳои мардумии Эрон ба хабаргузории “IRNA” иттилоъ додааст.
Манбаъ гуфтааст, ки лағви раводид бо 33 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати мероси фарҳанг, гардишгарӣ ва ҳунарҳоми мардумиии ин кишвар пешниҳод гардида, аз ҷониби ҳукумати ин кишвар дастгирӣ ёфт.
Иззатуллоҳ Зарғамӣ ин иқдомро “тасмими шуҷоона” номида, гуфтааст, ки “акнун сафари шаҳрвандони 33 кишвари олам ба Эрон осон шуд ва онҳо метавонанд аз ҷозибаҳои таърихӣ, табиӣ, фарҳангӣ ва мазҳабии Эрон аз наздик ошно шаванд”.
Ӯ аз мавқеи гардишгарии Эрон дар арсаи ҷаҳонӣ ёдовар шуда, таъкид кардааст, ки “кишвари мо бо 27 осори мероси моддӣ башарият дар ҷои 10-ум ва 24 осори ғайримоддии башарият дар ҷои 5-ум қарор дорад. Ин тасмими шуҷоона аст”.
Боз бо кадом кишварҳо раводид лағв шуд?
Миёни кишварҳое, ки низми раводидаш бо Эрон лағв шуд, давлатҳои 4 қитъаи олам ворид мешаванд. Аз он ҷумла, низоми раводиди Эрон бо 17 кишвари осиёӣ барҳам дода шудааст.
Хабаргузории “IRNA” аз кишварҳое, ки низоми раводидаш бо Эрон якҷониба лағв шуд, чунин ном бурдааст: Ҳиндустон, Русия, Аморати Муттаҳидаи Араб, Баҳрайн, Арабистони Саудӣ, Қатар, Кувайт, Лубнон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Тунис, Мавритания, Танзания, Зимбабве, Маврикий, Сейшел, Индонезия, Бруней-Доруссалом, Ҷопон, Сингапур, Камбоҷа, Малайзия, Ветнам, Бразилия, Перу, Куба, Мексика, Венесуэла, Босния ва Ҳерсеговина, Сербия, Хорватия ва Беларус.
Низоми раводиди Тоҷикистон бо Эрон кай барҳам мехурад?
Як моҳи пеш дар ҷараёни сафари Иброҳим Раисӣ, расиҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон ёддошти тафоҳум дар бораи лағви раводид ба имзо расид.
Он вақт гуфта мешуд, ки лағви раводид барои як моҳ дар назар аст ва он пас аз гузаштани расмиёти дохилӣ, эҳтимол баъди як моҳ, расман ҷорӣ мегардад. Аммо то ҳол, он аз расмиёти дохилии ду кишварро пурра нагузаштааст.
Ин санадро Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон имзо кард ва ҷузъиёти онро махзани ягонаи иттилоотию ҳуқуқии Вазорати адлияи Тоҷикистон нашр кардааст.
Дар он, ҳадафи лағви раводид рушди муносибатҳои дӯстона миёни мардумони ду кишвар гуфта шудааст.
Бар асоси ин санад, шаҳрвандони Тоҷикистон ва Эрон метавонанд бидуни раводид то 30 рӯз ба кишварҳои ҳамдигар сафар карда, то ин муддат иқомат дошта бошанд.
Сафари бидуни раводид бо мақсадҳои тиҷоратӣ, корӣ, сайёҳӣ ва ҳамлу нақли байналмилалии бор ва мусофирон имконпазир аст. Аммо шаҳрвандони ду кишвар, ки барои таҳсил, фаъолияти меҳнатӣ ва матбуотӣ мехоҳанд ба кишварҳои ҳамдигар сафар кунанд, бояд раводид бигиранд.
Шарти асосӣ ин аст, ки шиносномаҳои хориҷии шаҳрвандон бояд на камтар аз 6 моҳ эътибор дошта бошад.
Имзои ёддошти тафоҳум ва тасдиқи он аз ҷониби девони вазирони Эрон ҳоло ҳуҷҷати ниҳоӣ нест ва онро бояд парлумони ду кишвар ба тасвиб расонанд. Он кай амалӣ мешавад маълум нест. Бо ин вуҷуд, то лағви раводид ё виза ҳам шаҳрвандони Тоҷикистон барои тиҷорат, таҳсил, табобату гардишгарии фарҳангӣ ба Эрон мераванд.
«Музыка – моя основная страсть». Валиджон Азизов о хайпе, секретах успеха и настоящем живом исполнении
«Молодежь в бизнесе»: нетворкинг, поддержка и истории успеха
«Меня, последнего динозавра советской культуры, забыли…» Хошим Гадо обратился с открытым письмом к президенту Таджикистана
Зарплаты курьеров в России превзошли доходы IT-специалистов
Рогунскую ГЭС назвали «ядром регионального рынка электроэнергии в Центральной Азии»
Безразличие и коррупция. Президент Таджикистана раскритиковал представителей судебной системы
ЕБРР и НБТ при поддержке Европейского Союза обучают специалистов финсектора Таджикистана
Как увеличить срок службы автомобиля: лайфхаки, о которых вам не расскажут автосервисы
Глава «Спитамен Иншуренс» вошел в ТОП-100 успешных людей Таджикистана
ЕАБР занес в единую базу данные о финансировании стран региона международными донорами
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста