Ноиби президенти Комиссияи Аврупо Маргаритис Схинас дар доираи баромаи бештар васеъ дар Осиёи Марказӣ бо сафари корӣ аз Тоҷикистон боздид кард.
Дар иттилоияи нашршудаи намояндагии Иттиҳоди Аврупо (ИА) дар Душанбе зикр мешавад, ки сафар ба баррасии самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва иттиҳод имкон дод.

Маргаритис Схинас бо сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Сироҷиддин Муҳриддин ва вазири саноат ва технологияҳои нави кишвар Шералӣ Кабир дидору гуфтушунид кард.
Масоили робитаи мутақобила дар заминаи стратегияи Иттиҳоди Аврупо «Global Gateway» дар меҳвари баррасиҳо қарор доштанд.
Аз ҷумла ҷонибҳо ба масъалаҳои бахшҳои нақлиёт, алоқаи рақамӣ ва робитаи мутақобилаи “об-энергия” таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Байни намояндагони Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон ҳамчунин Форуми қарибулвуқӯъи сармоягузорон “Иттиҳоди Аврупо - Осиёи Марказӣ”, ки рӯзҳои 29-30 январ дар Брюссел доир мегардад, низ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни мулоқоти намояндаи ИА бо роҳбари ин ниҳод Сироҷиддин Муҳриддин ҷонибҳо рӯзномаи феълии равобити дуҷонибаро матраҳ карда, вобаста ба роҳҳои рушд ва тавсеаи ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ табодули афкор намуданд.
“Инчунин, тарафҳо масоили амнияти минтақавӣ, вазъ дар Афғонистон, таҳдиди терроризму экстремизм ва дигар масоили мубрами мавриди эҳтимоми тарафҳоро муҳокима карданд”, - омадааст дар хабари Вазорат.
Дар иттилоияи намояндагии ИА дар Душанбе гуфта мешавад, ҷонибҳо таъкид доштаанд, ки «муносибатҳо байни ИА ва Тоҷикистон дар самти мусбат қарор дошта, гуфтушунидҳои давомдор оид ба Созишномаи густариши шарикӣ ва ҳамкорӣ, ки муносибатҳоро ба сатҳи нав мебарорад, аз ин гувоҳӣ медиҳад».
“Тоҷикистон шарики калидии Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ аст ва ИА ҷонибдори идомаи ҳамкориҳои густарда дар соҳаҳои афзалиятнок, аз қабили иқтисоди сабз ва рақамӣ, рушди имконоти инсон ва идоракунии захираҳои табиӣ мебошад”, - зикр мешавад дар иттилоия.
Как Душанбе готовится к встрече Навруза?
«Душанбе Сити Банк» стал официальным спонсором ФК «Душанбе»
В Узбекистане введут экспортные пошлины на 86 видов товаров
Трамп анонсировал телефонный разговор с Путиным
«Лучший молодой предприниматель в сфере IT»: как необычные идеи приводят к успеху
10% кешбэка за все покупки: оплачивайте картой Visa от «Алифа» через Google Pay
В России «Паспортно-визовый сервис» увеличил часы приема желающих легализоваться мигрантов
В Казахстане арестовали 38-летнего мужчину за брак с несовершеннолетней девочкой
Экс-президенту Грузии Саакашвили добавили срок заключения
В Таджикистане с 1 апреля вырастут тарифы на электроэнергию. Насколько?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста