Корфармоёни Русия ҳоло ҳам ба ҷустуҷӯи кормандон дар Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд. Дар ин бора ба хабаргузории ТАСС муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Шаҳноза Нодирӣ изҳори назар кардааст.

Ба корфармоёни Русия чӣ гуна кадрҳо лозиманд?

Ба гуфтаи ӯ, корфармоёни Русия асосан тариқи ҷалби муташаккилона сохтмончиён ва кормандони анборҳоро барои маркетплейсҳо (тиҷорат ё савдои электронӣ) меҷӯянд.

"…Ба ҳар ҳол, сохтмон дар ҷои аввал қарор дорад. Дар ҷои дуюм ҳоло анборчиён, кормандони соҳаи логистика, коргарони умумӣ мебошанд. Баъдан соҳаи хидматрасонӣ, сипас корхонаҳои саноатӣ ва кишоварзӣ ҷойгиранд", - гуфт Нодирӣ.

Ба гуфтаи ӯ, барои дарёфти кормандони баландихтисос, масалан табибон ва муҳандисон дархостҳо ворид нашудаанд.

Шаҳноза Нодирӣ инчунин зикр кардааст, ки дар ҷумҳурӣ бо ҳолатҳое ҳам дучор шудаанд, ки корфармо теъдоди зарурии кормандонро дар Тоҷикистон ҷалб карда, аммо баъдан онҳо натавонистаанд дар Русия кор кунанд.

"Масалан, дар Русия аз санҷиши донистани забони русӣ, қонунгузорӣ ва таърихи Русия нагузаштанд. Мо бо бисёр чунин нозукиҳо рӯ ба рӯ мешавем. Дар натиҷа ҳамаи ин ба хоҳиши шаҳрвандони мо барои сафар ба Русия таъсир мерасонад", - гуфтааст Нодирӣ.

Ба гуфтаи ӯ, бинобар сабаби як қатор омилҳо ҳоло дар бозори меҳнати Русия камбуди зиёди кадрҳо ба мушоҳида мерасад.

"Ба камбудӣ натанҳо тағйирот дар қонунгузории муҳоҷират, балки таҷрибаи мавҷудаи роҳ надодани шаҳрвандони Тоҷикистон ба қаламрави Русия ва ҳамарӯза бозпас баргардонидани теъдоди зиёди шаҳрвандон бо ҳавопаймо ба Тоҷикистон таъсир расонидааст", - иброз доштааст муовини вазир.

Дар баробари ин Нодирӣ таъкид доштааст, ки шаҳрвандони тариқи ҷалби муташаккилона интихобшуда аз санҷиши вуруд ба Русия ва супурдани изи ангуштон (дактилоскопия) дар Маркази шиносномадиҳӣ ва раводиди ВКД Русия дар Тоҷикистон мегузаранд. Ин Марказ моҳи майи соли 2024 ба фаъолият оғоз намуд.

Ба гуфтаи ӯ, Вазорати меҳнати ҷумҳурӣ барои ҷалби кормандон ба ҷойҳои корие, ки корфармоёни Русия дархост мекунанд, дар ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон маъракаҳои иттилоотӣ баргузор мекунад, инчунин ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар бораи тағйирот дар қонунгузории муҳоҷирати Русия маълумот медиҳад.

"Дар ҷараёни вохӯриҳо кормандони вазорат зарурати риояи қонунгузорӣ ва эҳтироми анъанаҳо ва фарҳанги кишвареро, ки ба он ҷо сафар мекунанд, шарҳу тавзеҳ медиҳанд", - зикр кардааст Нодирӣ.

Ҷалби муташаккилонаи кормандон дар Тоҷикистон барои фаъолияти муваққатии меҳнатӣ дар Русия дар доираи созишномаи байниҳукуматӣ анҷом дода мешавад.  Дар доираи он пешбинӣ мешавад, ки корфармоёни Русия пешакӣ бо кормандони эҳтимолӣ суҳбат мекунанд, шартномаи меҳнатӣ мебанданд, ба онҳо музди меҳнат ва имтиёзҳои иҷтимоии дигар, масалан иқомат, хӯрок, пардохти маблағи парвоз ва патенти кориро кафолат медиҳанд. Дар навбати худ, корманд уҳдадор мешавад, ки шартҳои қарордоди меҳнатӣ ва қонунгузории кишвари будубошро риоя кунад.

Дар бораи мушкилоти ҷалби муташаккилона

Шаҳноза Нодирӣ ба сифати мушкилоти асосӣ дар ҷалби муташаккилона "маоши паст ва вазъияти вобаста ба рӯйдодҳои ахир"-ро номбар кардааст.

Дар шарҳи "рӯйдодҳои ахир" муовини вазир сангинтар шудани қонунгузории муҳоҷират дар Русия пас аз ҳамлаи террористӣ дар толори консертии "Крокус Сити Холл"-ро зикр кардааст.

Сурат: Centre1.com

"Дар ҷалби муташаккилона ба кормандон манзил, хӯрок, пардохти хароҷоти парвоз ва патенти корӣ пешниҳод мешавад. Вазорати меҳнати Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, афзалиятҳои ҷалби муташаккилонаро шарҳ медиҳад, аммо мардум бештар ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва шиносҳои худ бовар доранд", - гуфтааст муовини вазир ва таъкид доштааст, ки бо ин роҳ муҳоҷирати меҳнатии бидуни танзим идома дорад, ҳарчанд коҳиши он мушоҳида шавад ҳам.

Нодирӣ бар ин назар аст, ки барои ба ҷалби муташаккилона моил кардани шаҳрвандон ҳавасмандкуниҳои иловагӣ зарур аст, то ки муҳоҷирони меҳнатиро ташвиқ кунанд.

"Талабот ба бозори меҳнати Русия ҳанӯз ҳам хеле баланд боқӣ мемонад ва инро таҳлилҳои дахлдори пажуҳишгоҳҳои демографияи Русия тасдиқ мекунад, - гуфтааст ӯ. - Ҷалби муташаккилона ҳамчун механизми муҳоҷирати танзимшуда, қонунӣ ва ҳимояшуда амал карда, ба манфиати ҳарду кишвар - ҳам кишвари фиристанда ва ҳам қабулкунанда мебошад. Ва кишвари қабулкунанда бояд барои пешбурди ташаббусҳои ҷалби муташаккилона ҳавасмандкуниҳои муайянро пешниҳод кунад, то шаҳрвандон ҳавасманд ва ба кор дар асоси ин механизм равона гарданд".

Сафари муҳоҷирон ба Русия камтар шудааст

Бино ба маълумоти Вазорат, дар нимсолаи аввали соли 2024 шумораи касоне, ки барои кор ба Русия сафар мекунанд, 15% коҳиш ёфтааст. Дар шаш моҳи аввали сол 387 ҳазор нафар аз Тоҷикистон ба Русия сафар кардаанд, ки 62,3 ҳазор камтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст.

Нодирӣ таъкид кардааст, ки маҳдудиятҳои қонунгузорӣ ҳамеша вуҷуд доштанд ва онҳо натанҳо ба шаҳрвандони Тоҷикистон, балки ба ҳамаи кишварҳои дорои низоми вуруди бидуни раводид (виза) ба Русия дахл доранд.

"Агар муҳоҷирони кории тоҷик қонунӣ барои кор ба Русия равона шаванд, хатари ихроҷшавӣ хеле коҳиш меёбад. Шуғли қонунӣ ва риояи ҳамаи қоидаҳо ва талаботи муқарраршуда ба муҳоҷирон имкон медиҳад, ки дар Русия бе таҳдиди ихроҷ ва ҷазоҳои маъмурӣ кор кунанд", - зикр намудааст ӯ.

Ёдрас мекунем, ки дар шаш моҳи аввали соли 2024 барои риоя накардани қонунҳо беш аз 17 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон аз Русия ихроҷ шудаанд, ки ин бештар аз теъдоди ихроҷшудагони тамоми соли 2023 мебошад.

Муовини вазири меҳнат гуфтааст, ки онҳо бо дарки вазъият ба тағйирот дар қонунгузории муҳоҷирати Русия муносибат дошта, "танзими қонунӣ"-ро дар ин соҳа дастгирӣ мекунанд. Бо вуҷуди ин, ба гуфтаи ӯ, зарур аст, ки чораҳои андешидашуда ба муҳоҷирони меҳнатии ростқавлу поквиҷдон зиён нарасонанд.

"Ман зарурати роҳандозии тартиботи ҳамаҷониба дар соҳаи муҳоҷират дар худи Русияро комилан мефаҳмам ва дастгирӣ мекунам. Мо медонем, ки бисёриҳо бе донистани забони русӣ ба ягон роҳ ин сертификатҳоро харидорӣ кардаанд (дар Русия), ин ҳама ҷой дошт. Аммо ин ҳамаро бояд боэҳтиёт анҷом дод", - гуфтааст Шаҳноза Нодирӣ.

Соли 2024 дар Русия тағйирот дар қонунгузории муҳоҷират, аз ҷумла ҷорӣ гардидани реҷаи ихроҷи муҳоҷирон, ки  бидуни асосҳои қонунӣ дар Русия қарор доранд, қабул шуд. Инчунин, муҳлати будубоши хориҷиён дар Русия, ки бе раводид ворид шудаанд, то 90 рӯз дар як сол кам шуд. Қаблан онҳо метавонистанд тӯли шаш моҳ 90 рӯз дар Русия бошанд.

Сурат: "Коммерсантъ"

Шаҳноза Нодирӣ таъкид кард, ки шаҳрвандоне, ки дар ҳудуди Русия қонунӣ машғули коранду ҳамаи меъёрҳои қонунро риоя мекунанд, набояд бо сабаби ин тағйирот ба мушкилӣ дучор шаванд.

"Мардуми одӣ, ки воқеан барои кор омаданд ва ростқавлона бо патент фаъолият мекунанд, зарар мебинанд", - гуфт муовини вазир.

Ба гуфтаи ӯ, омори расида ба Вазорати меҳнати Тоҷикистон нишон медиҳад, ки шумораи патентҳои амалкунанда дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия кам мешавад.

"Агар соли гузашта 726 ҳазор патент амал мекард, ҳоло он то 644 ҳазор поин рафтааст. Бисёриҳо рафтаанд", - зикр кардааст ӯ.

Муҳоҷирон ба иқтисоди ҳарду кишвар саҳм мегузоранд

Нодирӣ изҳор доштааст, ки муҳоҷирати корӣ натанҳо ба манфиати кишвари фиристанда, яъне Тоҷикистон тавассути интиқоли пул, балки бештар ба манфиати кишвари қабулкунанда, ки дар он муҳоҷири меҳнатӣ кор мекунад, ҷавобгӯ аст.

"Дар ин масъала мо бо мақомоти ваколатдори Русия —Вазорати меҳнат, Роструд, Вазорати корҳои дохилӣ ҳамкории хуби дуҷониба ба роҳ мондаем ва ҳоло ҳам кор дар ин самт ҷараён дорад ва идома хоҳад ёфт", - гуфтааст ӯ.

Дар ҳамин ҳол, муовини вазир саҳеҳан шарҳ додааст, ки беш аз 60% муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳр ва вилояти Маскав машғули коранд, ки арзиши патент дар он ҷо 7,5 ҳазор рублро ташкил медиҳад.

"Агар шумораи умумиро ҳисоб кунем, ҳар моҳ ба буҷети шаҳри Маскав ва вилояти Маскав маблағҳои хеле зиёд ворид мешаванд", - зикр намудааст ӯ.

Сурат: ОО Центр по правам человека (ТҶ Маркази ҳуқуқи инсон)

Ҳамзамон Нодирӣ шарҳ додааст, ки муҳоҷирони меҳнатӣ пулро натанҳо ба ватан мефиристанд, балки маоши худро дар ҳудуди Русия низ сарф мекунанд — барои иҷораи манзил, хӯрок, либос, хидматрасонии ширкатҳои мобилӣ ва дигар корҳои лозимӣ.

Аммо аз ҳама муҳимтар ба ақидаи ӯ, натиҷаи кори муҳоҷирон дар ҳудуди Русия боқӣ мемонад, "масалан, агар дар бораи сохтмон ҳарф занем, ин иншооте ҳастанд, ки бо дасти шаҳрвандони мо сохта шудаанд ва дар ин бора ҳамеша бояд сухан гуфт".

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.