Русия нисбат ба ҳафт моҳи соли гузашта имсол 55% бештар муҳоҷирони кориро аз қаламрави худ ихроҷ кардааст. Дар ин бора Ирина Волк, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Русия хабар медиҳад.
Ӯ дар “Телеграм-канал”-и худ навиштааст, ки аз моҳи январ то июли соли ҷорӣ ВКД Русия 176 ҳазор санҷиш дар байни муҳоҷирони корӣ барои ошкор кардани ҳолатҳои вайрон кардани қонунгузории муҳоҷирати ин кишвар гузаронидааст.
Ин масъули ВКД Русия гуфтааст, ки дар 7 моҳи соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта теъдоди муҳоҷироне, ки дар боздоштгоҳҳои муваққатӣ барои ихроҷ нигоҳ дошта мешаванд, 28,2% афзудааст.
Ӯ гуфтааст, соли равон “тадбирҳо ҷиҳати маҳдуд кардани вуруди шаҳрвандони хориҷие, ки талаботи қонунгузории Русияро риоя намекунанд, пурзӯр карда шудаанд”.
Ба гуфтаи ӯ, ин аст, ки дар ин давра пулиси Русия дар бораи манъи вуруди муҳоҷирон ба ин кишвар 143,1 ҳазор қарор қабул кард, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 53,1 ҳазор нафар зиёдтар мебошад.
Дар ин давра мақомоти Русия 1 ҳазору 53 нафарро аз шаҳрвандии Русия маҳрум кардаанд.
Ирина Волк навиштааст, ки аз моҳи январ то июли соли 2024 баъд аз сахттар кардани назорат бар ҷараёни муҳоҷират, корфармоён дар бораи бастани қарордоди корӣ бо муҳоҷирон ба мақомот бештар хабар медиҳанд.
“Пурзӯр кардани фаъолият дар самти ошкор ва пешгирӣ намудан аз мавридҳои сӯистифодаи шаҳрвандони хориҷӣ аз ҳуқуқи гирифтани иҷозаи иқомати муваққатӣ, иҷозаи иқомат ва шаҳрвандӣ бо роҳи соддашуда, шумораи тақдими иҷозатномаи муваққатии зистро 44,2% ва додани ҳаққи иқоматро 18,4% кам кард”, - гуфтааст Ирина Волк.
Зимнан, Радиои Озодӣ бо такя ба Ирина Волк навиштааст, ки Русия дар 6 моҳи соли равон қарори ихроҷи 92 ҳазор муҳоҷир ва манъи вуруди қариб 150 ҳазор хориҷиро содир кардааст. Ин рақамҳо дар куҷо гирифта шудааст, маълум нест. Дар оморе, ки Ирина Волк дар саҳифааш дар “Телаграм” нашр кард, чунин омори мушаххас нест ва танҳо бо фоиз нишон дода шудааст.

Ёдовар мешавем, ки Гулнора Ҳасанзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар нишасти матбуотии охир гуфт, дар ним соли 2024 барои содир намудани қонуншиканиҳои гуногун 17,1 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон аз Русия хориҷ карда шуданд.
Бояд гуфт, ки баъди ҳамлаи террористӣ ба “Крокуси Сити Ҳол” ва боздошти 4 шаҳрванди Тоҷикистон ҳамчун гумонбари асосии ҷиноят, фаъолияти муҳоҷирон дар Русия тариқи меъёрҳои қонун сангинтар гардид.
Инро ҳатто Шаҳноза Нодирӣ, муовини вазири меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар нишасти хабарии охир таъкид кард ва гуфт, “баъди ҳодисаи фоҷиавӣ дар "Крокус Сити Ҳол" дар Маскав, ки дар он шаҳрвандони Тоҷикистон ба гумони даст доштан дар ҳамлаи террористӣ боздошт шуда буданд, тадбирҳои қонунгузорӣ сахттар истифода мешаванд”.
Баъди ҳамлаи террористӣ ба “Крокус” дар Русия эҷоди маҳдудиятҳои гуногун нисбати муҳоҷирон идома дорад. Агар пештар онҳо асосан ба масоили риоя накардани қонунгузории муҳоҷират ва дарёфти шаҳрвандӣ дахл доштанд, пас ҳозир вакилон пешниҳод доранд, ки кори хориҷиён дар соҳаҳои муҳим, аз ҷумла маорифу тандурустӣ ва бахши хидматрасонӣ манъ шавад.
Тибқи иттилои ғайрирасмӣ аз моҳи апрел ба ин сӯ Русия беш аз 30 тағйиру иловаҳоро ба қонунгузории муҳоҷират пешниҳод кардааст, ки аксари онҳо аллакай қабул гардида, аз соли дигар нисбати муҳоҷирон татбиқ мешаванд.
Таджикские овощи и фрукты теряют рынок в Казахстане. Почему это происходит?
Труженик и патриот своей страны: Юсуфджону Ахмадову – 75 лет
«Газпром нефть - Таджикистан» презентовал новый бензовоз и рассказал о контроле качества топлива
Таджикистан и Армения договорились о создании совместных предприятий
«ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» подписал соглашение о партнёрстве с Федерацией футбола Таджикистана
На исправление террористов в Таджикистане выделят 38,5 млн сомони
В России предложили запретить рекламу услуг астрологов и гадалок
Кто назначен новым начальником управления уголовного розыска МВД Таджикистана?
Футбольная сборная Таджикистана нашла нового спарринг-партнера перед игрой с Филиппинами
Власти Узбекистана решили продать госдолю в 29 крупных компаниях
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста