Дар Русия эҷоди маҳдудиятҳои гуногун нисбати муҳоҷирон идома дорад. Лекин агар пештар онҳо асосан ба масоили риоя накардани қонунгузории муҳоҷират ва дарёфти шаҳрвандӣ дахл доштанд, пас ҳозир вакилон пешниҳод доранд, ки кори хориҷиён дар соҳаҳои муҳим, аз ҷумла маорифу тандурустӣ ва бахши хидматрасонӣ манъ шавад.

Дар ҳамин ҳол, дар Русия ҳазорон табибони тоҷик машғули кор буда, дар соҳаи хидматрасонӣ бошад, теъдоди шаҳрвандони мо бамаротиб зиёдтар аст.

 

Нисфи табибон дар минтақаҳо зодагони Осиёи Марказӣ мебошанд

Максуди 31-сола (ном иваз шудааст) ду сол аст, ки ҳамчун кардиолог (духтури бемориҳои дил) дар яке аз беморхонаҳои давлатӣ дар Нижний Тагил кор мекунад.

Ба гуфтаи ӯ, тӯли тамоми зиндагияш дар Русия то ҳол бо табъиз ё фишори вобаста ба миллаташ дучор нашудааст. Баръакс, ӯ дар байни ҳамкасбони русаш ва беморон эҳтироми зиёд дорад.

"Дар беморхонаи мо қариб нисфи табибон аз Осиёи Марказӣ мебошанд. Дар минтақаҳои Русия камбудии ҷиддии табибон вуҷуд дорад. Аблаҳӣ мебуд, агар мутахассисонро танҳо барои он ки онҳо тоҷику ӯзбек ё қирғиз ҳастанд, аз кор озод кунанд", - мегӯяд табиб.

Камол (ном иваз шудааст), як ҷарроҳи ҷароҳатбанди тоҷик бо 40 соли собиқаи корӣ, ки дар яке аз дармонгоҳҳо (клиникаҳо)-и давлатии Калуга кор мекунад, низ ҳоло ягон тағйироти манфиро эҳсос накардааст.

Дармонгоҳи шаҳрӣ дар Калуга
Сурат: Яндекс

"Ҳатто агар чунин лоиҳаи қонун қабул шавад, аксарияти сардухтурон бинобар норасии шадиди мутахассисон намехоҳанд, ки табибонашонро аз даст диҳанд. Аз даҳ табиб, ҳадди ақалл се-чор нафарашон тоҷик ё ӯзбеканд. Агар ҳамаи онҳоро аз кор озод кунанд, барои бисёре аз беморхонаҳо ин мушкили бузург мешавад, зеро барои ивази онҳо касеро ёфта наметавонанд", - мегӯяд табиб.

Бо назардошти таҷрибаи худ, ӯ зикр мекунад, ки барои мардум миллати табиб аслан фарқ надорад, муҳимаш хушсифат ва дар сатҳи тахассусӣ кумаки тиббӣ расонида тавонад.

"Шояд на дар ҳама ҷо чунин бошад. Ман фақат дар бораи Калуга сухан гуфта метавонам, дар омади гап, дар беморхонаҳои ин ҷо тоҷикон хеле зиёд кор мекунанд", - илова мекунад ҳамсуҳбат.

 

Сафар каму бозгашт зиёд шудааст

Тибқи маълумоти Вазорати меҳнат, дар нимсолаи аввали соли 2024 тақрибан 393 ҳазор нафар аз Тоҷикистон барои кор ба хориҷи кишвар рафтаанд, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16% камтар аст.

Дар ҳамин ҳол, теъдоди бозгаштагон сол то сол зиёд мешавад. Ба иттилои вазорат, танҳо дар зарфи шаш моҳи соли ҷорӣ аз Русия бо сабаби қонуншиканиҳои гуногун 17 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон ихроҷ шудаанд.

Сурат: IslamNews

Бо назардошти истифодаи ихроҷ бо манъи ворид шудан ба кишвар аз 1 сол то ба муҳлати номаҳдуд, ин маънои онро дорад, ки барои ҳазорон муҳоҷирони тоҷик Русия барои чанд соли оянда баста шудааст.

Мақомот итминон медиҳанд, ки барои бозгашти муҳоҷирон омодаанд. Дар Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ барои солҳои 2023-2027 зикр мешавад, ки дар доираи барнома барои мутобиқшавии муҳоҷирони бозгашта як қатор чораҳо пешбинӣ шудаанд.

Аз ҷумла, тақрибан 17 ҳазор нафар метавонанд барои таъмин бо шуғл кумак гиранд. Беш аз 20 ҳазор метавонанд аз таҳсилоти касбӣ гузашта, зиёда аз 3,5 ҳазор нафар ба дарёфти қарзҳои имтиёзнок барои роҳандозии тиҷорат умедвор бошанд.

Аммо, агар чораҳои муассири Ӯзбекистон барои ҳифзи муҳоҷирон ва дастгирии оилаҳои онҳо дар ватанро бо тадбирҳои Тоҷикистон муқоиса кунем, дар ин самт Тоҷикистон ҳанӯз бояд корҳои зиёдеро ба сомон расонад.

Сурат: orskayagazeta.ru

Лекин агар ҳатто ба рақамҳои барнома бовар кунему кишвар тавонад даҳҳо ҳазор бозгаштагонро бо кор таъмин кунад, эҳтимол сатҳи пасти маош барои таъмини оилаҳои серфарзанди тоҷик кифоягӣ накунад.

Тибқи маълумоти Вазорати меҳнат, маоши номиналии миёнаи моҳона, ки то моҳи июни соли ҷорӣ ба коргарони кироя пардохта шудааст, беш аз 2100 сомонӣ ($200) буд. Дар ҳоле ки масалан, даромади миёнаи ронандагони таксӣ ё боррасонҳо (курйерҳо) дар Русия, ба гуфтаи коршиносони соҳаи муҳоҷирати Русия, тақрибан 70 ҳазор рубл (ҳудуди 817 доллар ё каме бештар аз 8,6 ҳазор сомонӣ) мебошад.

 

Занон ҳам бармегарданд

Шадидтар (сахттар) шудани қонунгузории муҳоҷират дар Русия ба коҳиши шумораи занони тоҷик, ки барои кор ба ин кишвар мераванд, сабаб шуд.

Тибқи маълумоти Кумитаи кор бо занон ва оила, дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ тақрибан 79 ҳазор занон ба муҳоҷират рафтаанд, ки 14% камтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст.

Дар ҳамин ҳол, теъдоди занони бозгашта дар ин давра 20% афзоиш ёфта, тақрибан 81 ҳазор занон ба ватан баргаштаанд.

Ба ақидаи ҷомеашиноси тоҷик Нодира Раҳмонбердиева, мушкили аввалиндараҷа барои занони муҳоҷир баъд аз бозгашт - ин набудани шуғл ва надоштани имконияти ба даст овардани даромад аст. Дар ин замина, таъмини шуғли занони синнусоли корӣ ба таваҷҷуҳи махсус ниёз дорад.

Сурат: «Комсомольская правда»

Барои онҳо фароҳам овардани имкониятҳои шуғли мустақилона, роҳандозии давраҳои омӯзишии кӯтоҳмуддат барои баланд бардоштани сатҳи огаҳӣ, таҳияи барномаҳои таълимӣ ва пешниҳоди грантҳо барои пешбурди тиҷорати хурд зарур аст.

«Мушкилоти дигаре, ки ҳангоми бозгашти оилаҳо ба вуҷуд меояд (ва бо занон одатан кӯдакон низ бармегарданд, - эзоҳи идора) - норасоии муассисаҳои томактабӣ, мактабҳо ва омӯзгорон, бахусус дар минтақаҳо мебошад. Бале, ҳамасола мактабҳои нав сохта мешаванд, аммо онҳо кофӣ нестанд. Синфхонаҳои мактабҳо аллакай аз ҳад зиёд пуранд», - зикр мекунад коршинос.

 

Ҷойгузин мебояд ҷуст

Сарфи назар аз хушбинии мақомот, коршиносон мутмаинанд, ки бозгашти оммавии муҳоҷирони корӣ ба ватан метавонад ба оқибатҳои ҷиддии иҷтимоиву иқтисодӣ боис гардад.

Бахусус камшавии интиқоли пул, ки қисми зиёди ММД-и кишварро ташкил медиҳад, натанҳо ба некӯаҳволии оилаҳои муҳоҷирон таъсири манфӣ мерасонад, балки дар маҷмӯъ, иқтисоди кишварро низ зери таъсир қарор медиҳад.

«Афзоиши шумори бозгаштагон ба ватан бояд ҳукуматҳои кишварҳои Осиёи Марказиро водор созад, ки барои шуғли шаҳрвандони худ алтернатива ба Русия ҷустуҷӯ кунанд ва ба гуногунсозӣ (диверсификатсия)-и самтҳои муҳоҷирати корӣ талош варзанд. Ин махсусан ба Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дахл дорад, ки шаҳрвандони онҳо дар рӯйхати муҳоҷирони меҳнатӣ ба Русия пешсафанд», - чунин ибрози андеша кардааст сиёсатшиноси қирғиз Алмаз Тажибай.

Ҳамзамон, коршинос бар ин назар аст, ки дар оянда раванди коҳиши муҳоҷирони меҳнатӣ аз Русия натанҳо бо сабаби қонунҳои табъизкорона, балки бинобар бадтар шудани вазъи иқтисодии кишвар дар натиҷаи таъсири дарозмуддати муноқишаи низомӣ бо Украина сурат хоҳад гирифт.

«Агар чораҳои зарурӣ андешида нашаванд, минбаъд афзоиши ҷараёни бозгаштагони зиёд метавонад ба афзоиши танишҳои иҷтимоӣ ва боз ҳам бадтар, ба афзоиши ҳодисаҳои ифротгароӣ ва терроризм сабаб гардад», - хулоса мекунад коршинос.

 

Вақти бозбинии сиёсат дар самти муҳоҷират фаро расидааст

Ҷомеашиноси тоҷик Гулнора Бекназарова мегӯяд, шадидтар шудани қонунгузории муҳоҷират дар Русия асосан ба муҳоҷироне дахл хоҳад кард, ки шаҳрвандии Русия надоранд ё мақоми ҳуқуқии будубоши худро дар кишвар танзим накардаанд.

Ба гуфтаи коршинос, ҳар як муҳоҷир бояд фаҳмад, ки бо ворид шудан ба ҳар кишвар, аввалин коре, ки бояд анҷом диҳад, ин қонунӣ кардани мақоми ҳуқуқии худ аст. Аммо бисёриҳо ин корро намекунанд ва кӯшиш мекунанд роҳҳои қонуниро нодида гирифта, бо истифода аз роҳҳои ғайриқонунӣ дар кишвар, аз ҷумла дар Русия, боқӣ монанд.

“Ҳамчунин касоне низ ҳастанд, ки ҳатто барои омӯзиши забони кишвари ҳузурдоштаашон ё азхуд намудани ягон малакаи касбӣ талош намекунанд ва ҳамаро таваккал кардаву дар вақти ноомади кор онро аз тақдир медонанд, - зикр мекунад Бекназарова. - Вақте ки ин ё он лоиҳаи қонун дар бораи сангинтар кардани қоидаҳои муҳоҷират қабул мешавад, маҳз ҳамин гурӯҳи шаҳрвандон дар минтақаи хавфу хатар қарор мегиранд”.

Ба ақидаи ӯ, ин вазъият бояд ба бозбинии хусусиятҳои муҳоҷирати корӣ боис гардида, аз он бештар огаҳӣ пайдо шавад ва раванди мазкур босифату боэътимодтар гардад. Ин як имкониятест барои тақвияти корҳо дар самти омодагии пеш аз сафар ва баланд бардоштани худшиносии муҳоҷирон.

 

Муҳоҷиратро набояд боздошт

Ба ақидаи доктори илмҳо Наталя Зотова, ки ба масоили муҳоҷират аз Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ ба Русия машғул аст, чунин манъкуниҳо бештар таҳдид барои он муҳоҷиронест, ки дар вазифаҳои сатҳи тахассусашон паст, бахусус дар соҳаи хидматрасонӣ фаъолият мекунанд.

«Ба муаллимон ва табибон эҳтимол ба кор бо патент иҷоза намешавад, зеро дар ин ҷо шартномаҳои дарозмуддат ва вазъияти тамоман дигар ҳукмфармост. Аммо агар манъкуниҳо ба муҳоҷирати мутахассисони соҳибкасб (ҳирфаӣ) низ дахл кунанд, ин, албатта як хавфи ҷиддӣ барои иқтисоди Русия хоҳад буд. Ба гумон аст, ки мақомот ба чунин иқдом даст зананд», - мегӯяд коршинос.

Ӯ зикр мекунад, ки ҷараёни бозгашти зиёди муҳоҷирон барои Тоҷикистон хатари ҷиддӣ дорад. Ва ин танҳо хавфи болоравии сатҳи бекорӣ ва камбизоатӣ нест. Ин метавонад ба ташаннуҷи вазъи иҷтимоӣ ва хавф ба оилаҳо боис гардад: афзоиши талоқ, хушунати оилавӣ ва мушкилоти солимии равонӣ.

Фурудгоҳи Душанбе
Сурат: your.tj

«Одамоне, ки солҳо дар муҳоҷират кор кардаанд, ин равандро ба доираи зиндагии худ мутобиқ кардаанд. Тамоми зиндагии онҳо ба ин чаҳорчӯба мутобиқ шуда, тағйир додани он барояшон хеле мушкил хоҳад буд. Бо вуҷуди ин, муҳоҷиратро наметавон қатъ кард — он мисли маҷрои дарё аст. Агар муҳоҷирон аз Русия ронда шаванд, онҳо кишварҳои дигареро меҷӯянд, ки зиндагӣ дар онҳо аз ватани худашон беҳтар бошад», - изҳори итминон мекунад коршинос.

Ҳамзамон, ӯ бар ин назар аст, ки марказҳои омӯзиши калонсолон, ки аз ҷониби Вазорати меҳнат дар ҳар як ноҳия ва шаҳр ташкил шудаанд, як захираи бузурге мебошанд, ки бояд истифода ва рушд ёбанд.

Ин марказҳо як шабакаи комил бо мутахассисони соҳавие мебошанд, ки омодаанд кӯмак расонанд, роҳнамоӣ кунанд, донишҳои худро мубодила намоянд ва маслиҳатҳои арзишманд диҳанд. Аммо аксаран одамон дар бораи ин марказҳо огаҳӣ надоранд ё ба онҳо муроҷиат намекунанд.

«Тақвияти ин барномаҳо  ва кушодани чунин марказҳо дар ноҳияҳои дурдаст мувофиқи мақсад мебуд, то ки барои кор дар ватан имконият фароҳам оварда шавад. Ғайр аз ин, дар Тоҷикистон ҷавонон хеле зиёданд. Чаро барои онҳо дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ барномаҳои таълимӣ ташкил накунем ва мисли Ҳиндустон пеш наравем? Бозори IT чунон бузург аст, ки барои ҳама ҷой мерасад», - хулоса мекунад Зотова.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.