Бино ба маълумоти омории Русия, танҳо дар семоҳаи аввали соли 2024 зиёда аз 545 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои кор ба Русия рафта, аз ин миқдор ҳамагӣ 20 ҳазор ё худ 3,6% тариқи ҷалби маташаккилона вориди ин кишвар шудаанд.
Кӣ ба ҷалби муташаккилона машғул аст?
Лоиҳаи Фармони Президенти ФР "Дар бораи таъсиси ширкати ҳуқуқӣ-оммавии "Работа в России” (Кор дар Русия) ҳанӯз моҳи апрели соли 2024 аз ҷониби Вазорати меҳнати Русия таҳия шуда буд.
Ширкат "бо корфармоён, ки ҷалби муҳоҷиронро ташкил мекунанд, созишномаҳо баста, рӯйхати чунин корфармоёнро тартиб медиҳад ва интихоби кормандонро тибқи таъинот ва эҳтиёҷоти корфармоёни Русия анҷом медиҳад", - навишта буд ТАСС бо истинод ба Вазорати мазкур.
Дар Тоҷикистон ба ҷалби муташаккилона Агентии бо кор таъминкунӣ дар хориҷаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ҳамроҳ бо ширкати "Кор дар Русия" машғул аст.
"Тавассути кабинети шахсии агентӣ дар портали "Работа в России” мо метавонем корфармоёни Русияро пешакӣ дар мавриди мавҷуд будани қонуншиканиҳо бисанҷем”, - шарҳ додаанд мутахассисони Агентии Тоҷикистон.
Агентии назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар соли 2023 тақрибан 6,5 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистонро тариқи ҷалби муташаккилона бо кор таъмин карда, аз ин теъдод 77% ё худ ҳудуди 5 ҳазор муҳоҷирони корӣ ба Русия сафарбар шудаанд.
Бино ба маълумоти Вазорати меҳнат, зиёда аз 100 ширкат аз Русия барои ҷалби беш аз 20 ҳазор коргар аз ҷумҳурӣ дархост пешниҳод кардаанд.
"Ёрдамчиён" ба касе лозим нест
Дар ҷалби муташаккилона даъвати коргарони соҳибихтисос пешбинӣ мешавад. Агар довталаб малакаҳои касбӣ надошта бошад, ӯро ба кор намегиранд. Коргарони ғайрикасбӣ, ки ба иҷрои корҳои ёрирасон умедворанд, ба касе лозим нестанд.
Мувофиқи қарордодҳои ҳосилшуда, Тоҷикистон корҳоро оид ба омода кардани муҳоҷирон тақвият дода, ба гирифтани ихтисосҳои корӣ мусоидат мекунад. Дар МД "Маркази таҳсилоти калонсолони Тоҷикистон" беш аз 100 касб таълим дода шуда, ҳар сол касбҳои нав илова карда мешаванд.
Ғайр аз ин, "Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ" фаъолият доранд, ки дар он ҷо мутахассисони дар бозори меҳнат талаботдошта омода карда мешаванд.
Тавре ки қаблан ба "Азия-Плюс" муовини вазири меҳнат Шаҳноза Нодирӣ гуфта буд, Русия яке аз кишварҳои афзалиятнок барои қувваи кории Тоҷикистон боқӣ мемонад.
Ба гуфтаи ӯ, аз ҷалби муташаккилонаи дуруст муҳоҷирон бештар манфиат мегиранд. Илова бар кори кафолатнок бо музди устувор, ин инчунин сатҳи баланди ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳуқуқиро низ таъмин мекунад.
Чӣ гуна метавон ба муҳоҷир дар ватан кумак кард?
Президенти Иттифоқи “Международный альянс "Трудовая миграция" (Эътилофи байнулмилалии “Муҳоҷирати корӣ” Николай Курдюмов зикр мекунад, ки “низоми ҷалби муташаккилона суст инкишоф меёбад, зеро созишнома хусусияти қолабӣ дошта, барои муҳоҷирони дар он иштирокдошта шароити махсус фароҳам намеорад”.
"Ва азбаски таҷрибаи шуғли ғайрирасмӣ роиҷ аст, интизор шудан душвор аст, ки низом худ аз худ дигар мешавад. Ҳам дар мо ва ҳам дар давлатҳои фиристанда бисёр сохторҳо ва шахсони манфиатдор ҳастанд, ки шуғли ғайрирасмӣ барои онҳо муфидтар аст. Бо ин бояд мубориза бурд ва корфармоён ва муҳоҷиронро аз ин соҳа баровард", - мегӯяд ӯ.
Ба гуфтаи коршинос, муҳоҷирон ҳоло ба ҷалби муташаккилона начандон бовар доранд.
“Чунки мо ҳоло ба онҳо дар интихоби кори арзанда ва манзили арзон чандон ёрӣ намерасонем. Мо бояд он ҷо, дар ватанашон ба онҳо кумак кунем. Ва баъдан пас аз омадани онҳо ба ин ҷо, дар ин равандҳо ҳамроҳӣ кунем, ба онҳо дар ҳалли мушкилот, аз ҷумла мутобиқшавӣ ба фарҳанг ёрӣ расонем”, - гуфтааст Курдюмов.
Вакилон раванди ҷалби муташаккилонаро душвор карданд
Моҳи марти имсол лоиҳаи қонуне қабул шуд, ки муҳоҷиронро дар ҳолати тибқи ҷалби муташаккилона омадан ва кор накардан аз рӯи ихтисос, ба тарки Русия уҳдадор мекунад. Дар ҳолати рад кардан, масалан, кор на дар сохтмон, балки ба ҳайси боррасон (курйер), ба онҳо лозим меояд, ки Русияро дар муддати 15 рӯз тарк кунанд.
Вакили Думаи давлатӣ Ярослав Нилов зарурати тақвияти сиёсати муҳоҷиратро бо такя ба ба принсипи "муҳоҷирати меҳнатӣ аз рӯи дархост" таъкид дошт. Вакили дигар Николай Арефйев пешниҳод кард, ки системаи патентҳо бо ниҳод (институт)-и "ҷалби муташаккилона" аз ҷониби корфармо иваз карда шавад.
Муовини раиси Думаи давлатӣ Петр Толстой бо дастгирии ин идея чунин пешниҳодҳо кард: маҳдуд кардани муҳлати будубоши муҳоҷирони меҳнатии ғайрикасбӣ, ба онҳо рад шудани дарёфти иҷозати иқомат (ВНЖ) ва шаҳрвандии Русия, манъи вуруди аъзои оилаи онҳо ба Русия ва маҳдуд кардани озодии равуои онҳо дар қаламрави кишвар.
Кӣ ихтиёран ба чунин ғуломӣ меравад, бахусус дар худи Русия ин лоиҳаи қонунро "ҳуқуқи крепостноӣ (крепостное право ) барои муҳоҷирон" номидаанд?
Аз ҳама муҳимаш даромад
Дар Русия бархе аз мансабдорон ва ходимони ҷамъиятӣ муҳоҷиронро танқид мекунанд, ки онҳо дар ҷойи даъватшуда кор кардан намехоҳанд ва ба ҷойҳое мераванд, ки музди меҳнати баландтар доранд.
Масалан, ҳоло аксари муҳоҷирон аз Тоҷикистон ҳамчун ронандаи таксӣ, боррасон (курйер) ва таъмиргари хонаҳо кор карда, лекин ба соҳаи кишоварзӣ, Хоҷагии манзилию коммуналӣ ва корхонаҳое, ки корфармоён муҳоҷиронро фаъолона ба онҳо даъват мекунанд, рафтан намехоҳанд.
Гап сари он аст, ки дар муқоиса бо корхонаҳое, ки коргаронро тибқи ҷалби муташаккилона фармоиш додаанд, дар дигар соҳаҳо метавон даромади зиёдтар ба даст овард.
Ба андешаи коршиносон, маҳз фарқияти зиёд дар маош байни муҳоҷирон тибқи ҷалби муташаккилона ва ғайримуташаккил сабаби интихоб кардани варианти дуюм мегардад.
Чаро ин иқдом натиҷа намедиҳад?
Низоми ҷалби муташаккилона кор намекунад, чунки он на ба корфармоён ва на ба муҳоҷирон манфиатовар нест. Аз нуқтаи назари корфармоён, ин низом бидуни овардани фоидаҳои махсус, мушкилоти иловагии ҳуқуқӣ ва молиявӣ ба бор меорад. Ширкатҳои корфармое, ки муҳоҷиронро ҷалб мекунанд, аз афзалияти асосӣ – имконияти сарфа аз хароҷот ба қувваи корӣ маҳрум мешаванд.
Ба муҳоҷирон осонтар аст, ки корро тавассути хешовандон ва шиносҳои аллакай дар Русия қарордошта пайдо кунанд. Нисбат ба ҷустуҷӯи кор тавассути воситаҳои расмӣ, дар ниҳояти кор чунин низом самарабахштар аст.
Музди ғайрирасмӣ ба корфармоён ва муҳоҷирон имкон медиҳад, ки аз пардохти андозҳо канорагирӣ карда, ба ин васила хароҷоти худро кам кунанд. Вақте ки ин ба ҳарду ҷониб манфиатовар аст, ивази ин низоми мураттаб ба ҷалби муташакилона осон нахоҳад буд.
Коршиноси Русия дар соҳаи муҳоҷират Вадим Коженов мегӯяд: “Тибқи ҷалби муташаккилона ҳеҷ кас намеояд, чунки он кор намекунад ва кор нахоҳад кард. Ҷалби муташаккилона механизми мураккабест, ки ҳоло вуҷуд надорад. То вақте ки мо муайян накунем, ки чӣ тавр ин механизмро сохтанӣ ҳастем ва бо кадом хароҷот, он кор нахоҳад кард. Ман ҳашт сол пайгирона ҷалби муташаккилонаро танқид мекунам ва фикр мекунам, ки ин иқдомест бенатиҷа”.
Барои самара додани он, як равиши нав лозим аст, ки ҳамаи ҳолатҳои зикршударо ба инобат гирад. Кӣ бо ин машғул мешавад?