Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 78,7 ҳазор зан аз Тоҷикистон ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 10,7 ҳазор кам аст.
Зимнан, теъдоди заноне, ки дар ин муддат аз муҳоҷирати меҳнатӣ ба ватан баргаштанд, 80,5 ҳазорро ташкил медиҳад, ки нисбат ба нимсолаи аввали соли гузашта 16,5 ҳазор нафар бештар аст. Дар ин бора Бунафша Файзиддинзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 5-уми август, дар нишасти матбуотӣ хабар дод.
Файзиддинзода сабаби коҳиши теъдоди занонеро, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ, махсусан, ба Русия мераванд, ба ҷорӣ гардидани қонунҳои шадид барои муҳоҷирон рабт дод.
Воқеан, чанд вақти охир дар Русия талабот оид ба ҳуҷҷатгузорӣ шадид гардида, муҷозот барои нақзи қонунҳои муҳоҷират сангин шуд. Ҳамчунин, вуруд ба Русия низ барои муҳоҷирон, махсусан аз Тоҷикистон душвор гардид.
Раиси Кумита ҳамчунин иттилоъ дод, ки дар ин муддат қариб 39,3 ҳазор зан ба Агентии меҳнат муроҷиат намуданд, ки нисбат ба нимсолаи аввали соли 2023 2,3 ҳазор зиёд аст. Аз ин теъдод 30 ҳазор зан барои кор муроҷиат кардаанд, ки нисбат ба соли гузашта 2,2 ҳазор бештаранд. Ҳамзамон, 17 ҳазор зан мақоми бекорӣ гирифта, 19,8 ҳазор зан бо кори доимӣ таъмин шуданд. Аксарияти онҳо занҳое буданд, ки аз муҳоҷирати корӣ ба ватан баргаштаанд.
Дар зарфи 6 моҳ зиёда аз 9,3 ҳазор зан касбу ҳунарҳои гуногунро азхуд карданд. Онҳо дӯзандагӣ, нонпазӣ ва мисли ин ҳунарҳоро омӯхта, дар корхонаҳо ба фаъолият пардохтанд.
“Онҳое, ки маълумот ва малакаи касбӣ надоранд, барои гирифтани шаҳодатнома ва дарёфти ҷойи кор махсус омӯзиш дода мешаванд.” – гуфт раиси Кумита.
Солҳои охир ҳукумати Русия дар робита ба муҳоҷират қонуну қоидаҳои нав ҷорӣ кардааст, ки дарёфти иҷозатномаи кор ва будубош дар ин кишварро мушкилтар сохт. Ба гуфтаи муҳоҷирон баъди моҳи марти имсол онҳоро бидуни сабаб ё сабабҳои кӯчак аз қаламрави кишвари Русия ихроҷ мекунанд. Ҳабибулло Назарзода, директори Агентии авиатсияи гражданӣ 24-уми июл зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки дар 6 моҳи соли ҷорӣ 3400 шаҳрванди Тоҷикистон аз фурудгоҳҳои Русия ихроҷ карда шудаанд.