Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз миёни якчанд намуди рамзҳои пешниҳоднамудаи рассомони ҷавон беҳтарин рамзи «Соли ҷавонон»-ро тасдиқ намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, рамзи мазкур намуди доирашакл дошта, дар атрофаш ҳалқаи сабз тасвир ёфтааст, ки аз сарсабзии кишвар ва озодии ҷавонон шаҳодат медиҳад. Дар ҳалқа матни «СОЛИ ҶАВОНОН» ва «2017» ҷойгир шудааст, ки ифодагари моҳияти рамз мебошад.

Гуфта мешавад, дар мобайни рамз курраи замин, дар рӯи он харитаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Парчами миллӣ ва тоҷ ҷойгир буда, аз ягонагӣ ва соҳибистиқлолии давлат далолат медиҳад.

Зикр мегардад, ки дар болои харитаи Тоҷикистон ба таври рамзӣ се нафар ҷавонони дастбадаст бо рангҳои ҳамшабеҳи Парчами миллӣ тасвир ёфтаанд, ки ифодагари муттаҳидӣ, хушбахтӣ ва созандагии насли наврас мебошад.

Ба вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ва воситаҳои ахбори омма тавсия дода шудааст, ки аз рамзи «Соли ҷавонон» васеъ истифода баранд.

Ёдрас мекунем, ки зимни ироаи Паёми солонаи худ ба парлумон санаи 22 декабри соли 2016 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуда буд, ки соли 2017 дар Тоҷикистон Соли ҷавонон эълон шавад.