Тибқи тағйирот ба Кодекси “Ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ”, шахсони ба вазифаҳои давлатӣ пешбаришуда барои пинҳон доштани шаҳрвандии худ муҷозот хоҳанд шуд.
Бино ба иттилои Радиои Озодӣ бо истинод ба дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, дар ҷаласаи Шӯрои парлумон лоиҳаи қонуни “Ворид кардани тағйироту иловаҳо ба Кодексиҳуқуқвайронкунии маъмурӣ” баррасӣ шуд ва дар ин санад банди наве дар мавриди таъйини ҷазо барои чунин ашхос ворид гардидааст.
Гуфта мешавад, ба моддаи 501-и Кодекси “Ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ” моддаи нави “Пинҳон кардани иттилоот дар бораи доштани шаҳрвандии давлати дигар” илова шудааст, ки тибқи он, афроди муҷрим ба миқдори аз 20 то 30 нишондиҳанда (аз 1000 то 1500 сомонӣ) ҷарима хоҳанд шуд.
Бар пояи санадҳои ҳуқуқӣ, ки соли гузашта аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тасвиб шуд, сокинони Тоҷикистон, ки шаҳрвандии кишвари дигарро доранд, аз ҳаққи таъйин шудан ба вазифаҳои давлатӣ маҳрум шуданд. Интизор меравад, ки ин тарҳ рӯзи 12 апрел дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон баррасӣ шавад.