Давлаталӣ Саид – муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон – ҳамзамон раҳбари як комиссияи вижа барои таъмини риояи ҳуқуқи инсон дар кишвар шудааст.
Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, ин комиссия дар аввали моҳи апрели имсол дар назди ҳукумати Тоҷикистон ташкил шуда, ба ҳайаташ 18 нафар, аз ҷумла муовинони аввали раиси Додгоҳи олӣ ва Додситонии кулл шомиланд.
Гуфта мешавад, ҳадаф аз таъсиси ин комиссия дар қарори расмии ҳукумат, ки дар аввали моҳи апрел содир шудаааст, дақиқ гуфта намешавад, аммо баъзе аз манобеи расмӣ гуфтаанд, ҳукумат саъй дорад, ки “иҷрои уҳдадориҳои Тоҷикистон дар назди кишвару созмонҳои байналмилалиро дар бахши ҳуқуқи инсон ҷиддан назорат карда ва аз ҳама гуна гузориш дар бораи бад шудани вазъи ҳуқуқи башар ҷилавгирӣ намояд”.
Зикр мегардад, ки бар асоси қарори ҳукумат, ин комиссия муваззаф шудааст, ки гузоришҳои Тоҷикистонро дар бораи риояи ҳуқуқи инсон ба ниҳоду созмонҳои байналмилалӣ омода карда, барои бартараф намудани камбудҳо дар ин бахш талош кунад.
Тоҷикистон чанд сол қабл барои таъмини риояи ҳуқуқи инсон дар кишвар ниҳоди Омбудсмен ё Ваколатдори ҳуқуқи инсон ва дертар Омбудсмени кӯдакро таъсис дода буд. Аммо дар гузашта ин ниҳод барои бетарафӣ ба баъзе масоил, аз ҷумла боздошту зиндонӣ шудани бархе вакилони дифоъ ва аъзои ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ танқид шуда буд.