Палатаи поёнии парлумон имрӯз аз тағйироту иловаҳои аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба қонун «Дар бораи реклама» ҷонибдорӣ намуд.

Мутобиқи тағйироту иловаҳои қабулшуда ба қонуни мазкур, минбаъд зимни реклама (таблиғ)-и маҳсулоту хизматгузориҳо дар Тоҷикистон, истифодаи истилоҳҳое аз қабили «рақами як», «беҳтарин», «сифати баланд», «бо нархҳои паст» манъ мешавад.

Ғайр аз ин, тағйироту иловаҳои мазкур минбаъд ба дар барномаи телевизиону радио ҷой додани рекаламаи давомнокиаш беш аз 3 дақиқа иҷозат намедиҳанд.

Ба гуфтаи роҳбари Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода, манъи ҷойгиркунии ҳама гуна реклама ба китобҳои дарсӣ, дафтару рӯзномаҳои мактабӣ ва ғайра дахл дорад.

Лимонади №1, ки дар шимоли Тоҷикистон истеҳсол мешавад

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.