Ба муносибати 73-юмин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ) собиқадорони ин ҷанг, ҳамчунин ҳамсарони ҷанговарони дар ҶБВ ҳалокгардида ҳар кадоме ба андозаи 1 ҳазору 500 сомонӣ кумаки молии якдафъаина мегиранд.
Мутобиқи қарори баимзорасидаи раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ ба ин муносибат, ба шахсони бо ордену медалҳои ҳарбӣ дар ақибгоҳ солҳои ҶБВ сарфарозгардида, шахсоне, ки зиёда аз шаш моҳ дар ақибгоҳ дар давраи ҶБВ кор кардаанд, маъюбони амалиётҳои ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар (Афғонистон), маъюбони садамаи Нерӯгоҳи барқӣ-атомии Чернобил ва оилаҳое, ки саробони онҳо ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионӣ ҳалок гардидаанд, ба ҳар кадоме ба андозаи 800 сомонӣ дода мешавад.
Ба муовини якум ва муовинони раиси шаҳри Душанбе дастур дода шудааст, ки маблағҳои ҷудогардидаро ба иштирокчиён ва маъюбони ҶБВ шаҳри Душанбе зимни аёдати шахсӣ дар манзили истиқоматиашон, бо тантана аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе на дертар аз 4 майи соли ҷорӣ супоранд.
Барои бо мукофотпулии якдафъаина сарфароз гардонидани собиқадорони ҷангу меҳнат аз ҳисоби фонди захиравии раиси пойтахт 720 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо мешавад.
Қобили зикр аст, ки имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 345 нафар собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ) боқӣ мондаанд. Собиқадорони ҶБВ айни замон дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд. Дар ВМКБ шумори онҳо - 4 нафар, вилояти Суғд - 102 нафар, Хатлон - 136 нафар, ноҳияҳои тобеи марказ - 66 нафар ва шаҳри Душанбе - 46 нафарро ташкил медиҳад.
Солҳои Ҷанг Бузурги Ватании 1941-1945 аз аҳолии ҳудуди 1,25 млн. нафараи Тоҷикистон наздики 300 ҳазор нафар тоҷикистониён ба ҷабҳаи набард рафтанд. Наздики 100 ҳазор нафари онҳо ҳалок ва 55 ҳазор нафар тоҷикистониён бо ордену медалҳо қадрдонӣ шуда, 64 нафар бо унвони олӣ - Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
Генсек ОДКБ анонсировал принятие программы по обустройству таджикско-афганской границы
Уголовные дела за лайки. Изменится ли ситуация после критики президента?
Международный форум Digital Tajikistan собрал в Душанбе более 1000 делегатов
В Таджикистане археологи обнаружили уникальные артефакты на могильнике Шахидон
Ятимов и Ташиев встретились на севере Таджикистана. Договоренности не раскрыты
Минэнерго: 80% климатических изменений в Таджикистане связаны с водой
Илон Маск побил собственный рекорд и снова стал богатейшим человеком в истории
Глава СПЧ РФ призвал власти не допускать маргинализации детей мигрантов
Путин пригласил Эмомали Рахмона в Москву
Эмомали Рахмон выразил соболезнования в связи с атаками на автоколонны в Пакистане
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста