Ҳукумати Тоҷикистон ба парлумон пешниҳод намуд, ки Хазинаи суғуртаи пасандози шахсони воқеӣ аз пардохти боҷҳои давлатӣ дар судҳо озод карда шавад.
Лоиҳаи дахлдори тағйироту иловаҳо ба қонун «Дар бораи боҷи давлатӣ» аз ҷониби ҳукумат таҳия ва ҷиҳати баррасӣ ба парлумон ирсол шудааст, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон.
Мувофиқи тағйироту иловаҳои пешниҳодшуда, Хазинаи суғуртаи пасандози шахсони воқеӣ аз пардохти боҷҳои давлатӣ дар судҳо озод карда мешавад.
Хазинаи суғуртаи пасандози шахсони воқеӣ соли 2011 бар асоси қонуни ҶТ “Дар бораи суғуртаи пасандози шахсони воқеӣ” бо мақсади ҳимоя аз манфиатҳои қонунии амонатгузорон ва таҳкими эътимоди мардум ба низоми бонкӣ таъсис дода шудааст.
Хазина шахси ҳуқуқии ғайритиҷоратӣ буда, дорои тавозуни мустақилу мӯҳр аст ва дар асоси шартномаи байни бонкҳо ва Оинномаи вай, ки муассисони Хазина тасдиқ кардаанд, фаъолият мекунад.
Маблағи Хазина аз пардохтҳо, даромад аз сармоягузорӣ, маблағи аз Ҳукумати Тоҷикистон қарз гирифташуда, маблағи барои қонеъгардонии шикояти пасандоздорон гирифташуда, ки манфиатҳои онҳо мутобиқи Қонуни мазкур ба Хазина вогузор шудаанд, инчунин аз дигар маблағҳое иборат мебошад, ки қонун манъ накардааст.
Хазина метавонад танҳо ба коғазҳои қиматноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, коғазҳои қиматноки Бонки миллии Тоҷикистон, коғазҳои қиматноки давлатҳои хориҷӣ ё бонкҳои марказии (миллии) хориҷии бонуфуз сармоягузорӣ кунад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Какими заболеваниями мы будем болеть в 2025 году?
В Кыргызстане принят закон о реабилитации жертв политических репрессий
На трассе в Казахстане столкнулись около 100 автомобилей
Президента Южной Кореи не смогли арестовать из-за сопротивления службы безопасности
В Таджикистане провели первую эндоваскулярную операцию на головном мозге
В Таджикистане с 1 января подорожала аренда недвижимости
В России вступают в силу ограничения на получение РВП и ВНЖ по браку
В Афганистане мужчинам запретили брить бороды и стричься в «западном стиле»
Цены на золотые слитки Нацбанка Таджикистана в 2024 году взлетели почти на 26%
В Шугнане сошла лавина. КЧС предупреждает: до 5 января в Таджикистане лавиноопасно
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста