Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба вилояти Суғд ба ноҳияи Зафаробод ташриф овард.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Зафаробод нахуст бинои дуошёнаи Маркази ташхисию табобатии “Диёр”-ро мавриди истифода қарор дод, ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Абдусамад Нормаматов бо харҷи 1 миллион сомонӣ сохта ва бо муосиртарин дастгоҳу таҷҳизот таъмин карда шудааст.
Дар идома Эмомалӣ Раҳмон Корхонаи коркарди шири ҶДММ “Шири Зафаробод”-ро мавриди истифода қарор дода, аз намоиши истеҳсолии корхона дидан намуд.
Дар ин корхонаи нави саноатӣ истеҳсоли зиёда аз 10 намуди маҳсулот, аз ҷумла қаймоқ, творог, кефир, ҷурғот, кефири мевагӣ, дуғу дуғоб ва маска ба роҳ монда шудааст.
Сипас дар ин ноҳия сарвари давлат маҷмааи хизматрасонии “Ваҳдат”-ро, ки аз тарафи соҳибкори ҷавон Дилшод Раҳматуллоев бо дастгирӣ ва маслиҳати падараш бунёд гардидааст, ба истифода дод.
Дар ҳамин ҷо президенти Тоҷикистон бо 40 нафар ятимон, 17 нафар духтар ва 23 нафар писар, ки бо амри тақдир аз падар ва ё модар ятим мондаанд, суҳбату мулоқоти самимимона анҷом дода, ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ, аз қабили сару либоси мактабӣ, либосҳои зимистона, шириниҳо ва туҳфаҳои пулӣ тақдим намуданд, ки боиси шодиву нишоти онҳо гардид.
Президент ҳамчунин ба фаъолияти марҳилаи аввали фермаи парандапарварии ҶСК “Ҷасур” дар шаҳраки Зафаробод оғози расмӣ бахшид. Корхона дорои 5 мурғхона буда, 3 адади дигари он то ҷашни 30- солагии Истиқлоли давлатии Точикистон ба истифода дода мешавад.
Сарвари давлат инчунин аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дидан намуда, дар хоҷагии ёрирасони ҶСК “Ҷасур” ба ҷамъоварии пахта оғоз бахшид. Дар намоиш дастранҷи аҳли заҳмат ва ҳунармандони ноҳия ба таври васеъ муаррифӣ карда шуд.
Суратҳо аз хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.