Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 13 май бо раиси ноҳияи Вахши вилояти Хатлон Қурбоналӣ Юсупов суҳбати телефонӣ анҷом дод.

Ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, раиси ноҳияи Вахш ба президент доир ба тадбирҳои бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ ҳисобот дод.

Бо дастури сарвари давлат бо роҳбарии муовини сарвазир Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ва роҳбарони дигар сохторҳои марбута ҷиҳати муайян кардани хисороти ба хоҷагии халқи ин ноҳия расида ва бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ гурӯҳи корӣ сафарбар гардид.

Эмомалӣ Раҳмон раиси ноҳияи Вахшро вазифадор намуд, ки ба мардуми зарардида кӯмакҳои саривақтӣ расонанд ва ҳарчи зудтар манзилҳои истиқоматӣ ва дигар иншооти харобгардидаро барқарор намоянд.

Тибқи маълумоти КҲФ, дар ноҳияи Вахш бар асари обхезиву сел манзилҳои сокинон, заминҳои наздиҳавлаигӣ ва пули роҳҳои байни деҳаҳо зарар диданд.

Қаблан хабар дода будем, ки шаҳрдории Душанбе ба минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон кумаки башардӯстона фиристод.

Бино ба маълумоти ахири КҲФ Тоҷикистон, дар натиҷаи офати табиии рӯзи 11 май 9 нафар ҳалок шуданд. Аз селу обхезиҳо ҳадди ақалл 15 ноҳияи вилояти Хатлон ва навоҳии тобеи марказ осеб диданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.