Шаҳрдории Душанбе рӯзи 13 май ба минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон кумаки башардӯстона фиристод, ки байни аҳолии рӯзи 11 май аз офати табиӣ осебдида тақсим карда мешавад.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт, кумак аз 300 тонна масолеҳи сохтмонӣ аз қабили сементу арматура ва тахта иборат аст.
Гуфта мешавад, ба аҳолии аз офати табиӣ осебдидаи ин минтақа инчунин беш аз 170 тонна маҳсулоти хурокворӣ, аз ҷумла орду шакар, гӯшту равған, биринҷ, пиёзу картошка ва 1200 дона ҷиҳози рахти хоб фиристода шуд.
Ёдрас мекунем, ки бар асари офати табиӣ дар қаламрави ҷамоати деҳоти Даштиҷум, деҳаи Порвори ноҳияи Шамсиддини Шоҳин таҳхонаи 26 хона ва иншооти ёридиҳанда, қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва роҳҳои байни деҳаҳо зери об монданд.
Дар шаҳри Кӯлоб манзилҳои воқеъ дар кӯчаҳои Завод, Содиқов, қитъаҳои 3, 4, 5 ва маҳаллаи Файзободи боло, Первомай, Раҳимзода ва Пошодара зери обу лойқа монда, ғайр аз ин, ба боғҳо ҳам зарар расонида шуд.
Дар ҷамоати деҳоти Сангтӯдаи ноҳияи Данғара пули роҳи байни Данғара-Леваканд қисман осеб дид.
Дар ноҳияи Муъминобод хонаву қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, пулу роҳҳои байни деҳаҳо аз сел хисорот диданд.
Ҳангоми омадани сел дар шаҳри Кӯлоб се нафар ҳалок шуданд, ки ду нафарашон дар дохили мошин қарор дошта, якеро маҷрои сел бурд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Тақдири талхи муҳоҷир: чӣ гуна сокини Хуҷанд бе хонаву оила монд?
“Ҳуҷҷатҳоро мехаранд”. Чаро дар Тоҷикистон фарҳанги ронандагӣ коста аст?
Ҳеҷ гоҳ қаламро раҳо накард. Нигоҳе ба рӯзгори ятимӣ ва нақди адабии Соҳиб Табаров
Газ аз поруи чорво: биодайджестерҳо дар Тоҷикистон мушкили мардумро осон мекунанд
Дар мурофиаи чоруми чеҳраҳои шинохта 3 шоҳид алайҳи онҳо баромад кардааст
Таблиғи тарс: чӣ гуна муҳоҷирони тоҷик ҳамчун василаи таблиғ истифода мешаванд?
Корти бонкиро дар ватан фармоиш диҳед, дар Русия гиред
Озмуни “Фурӯғ...”. Рақобат барои “Шоҳҷоиза” чӣ гуна ҷараён гирифт?
Огоҳии дуюм. Вазорати меҳнат хабари пардохти кумакпулиро ба шаҳрвандон рад кард
“Дурӯғ, дурӯғи маҳз ва омор” Оё ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирон дар Русия афзудааст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста