Хизматрасонии нав барои шаҳрвандони Тоҷикистон: метавонед пешакӣ корти Сберро дар ташкилоти қарзӣ – шарики Сбер дар кишвари худ фармоиш диҳед ва баъдан онро дар идораи интихобшудаи хизматрасонии муштариёни Сбер дар Москва гиред.
Акнун шаҳрвандони Тоҷикистон, ки нияти сафар ба Маскавро доранд, метавонанд фосилавӣ корти Сберро дар бонкҳои худ кушоянд. Барои ин ба бонки худ муроҷиат карда, метавонанд маҷмӯи минималии маълумотро дар бораи худ пешниҳод намоянд ва интихоб кунанд, ки дар кадом шӯъбаи Сбер дар Москва барои Шумо гирифтани корт қулай аст. Сбер ба бонки шарик оид ба омода будани корт хабар медиҳад ва баъди он муштарӣ бояд танҳо ба идораи интихобшудаи Сбер ояд, раванди тасдиқро гузарад, шартномаи хизматрасонии бонкиро бандад, суратҳисоб кушояд ва кортро гирад.
СберКорт бартариятҳои зиёд дорад. Дар моҳи судури корт ва 3 моҳи баъди он барои хизматрасонии корт пардохт кардан лозим нест, сипас онро метавон минбаъд ҳам ройгон истифода бурд, агар ба маблағи аз 5 ҳазор рубл дар як моҳ харид намоед ё маошро ба корт гиред. Бо чунин корт метавонед дар банкоматҳо ва хазинаҳои Сбер то 300 ҳазор рубл дар як шабонарӯз бе комиссия гиред ва маблағро ба кишвари худ гузаронед (комиссия аз 1% зиёд намешавад).
Ҳамин тариқ, бо як ташриф ба идораи Сбер, муштарӣ метавонад аз муҳимтарин хидматрасониҳои бонкӣ истифода кунад: метавонад маблағи патенти кор дар Русияро супорад, ба наздикон маблағ гузаронад, амонат кушояд, маблағи нақд гирад ва ғайра.
Шарики аввалини СБер дар ин лоиҳаи муҳими иҷтимоӣ ТАҚҲ “Матин” дар Тоҷикистон мебошад. Ҳамзамон, имсол рӯйхати бонкҳо ва кишварҳо васеъ карда мешавад.
Дар мурофиаи чоруми чеҳраҳои шинохта 3 шоҳид алайҳи онҳо баромад кардааст
Таблиғи тарс: чӣ гуна муҳоҷирони тоҷик ҳамчун василаи таблиғ истифода мешаванд?
Озмуни “Фурӯғ...”. Рақобат барои “Шоҳҷоиза” чӣ гуна ҷараён гирифт?
Огоҳии дуюм. Вазорати меҳнат хабари пардохти кумакпулиро ба шаҳрвандон рад кард
“Дурӯғ, дурӯғи маҳз ва омор” Оё ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирон дар Русия афзудааст?
Даромади операторони хусусии алоқа дар Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд
Қонунӣ шуд. Додрас шудан мехоҳӣ? Забони хориҷӣ омӯз!
“Лағви комили раводид”. Сафири Тоҷикистон дар Эрон омили асосии рушди тиҷоратро гуфт
Заминҳои номуносиб барои зиндагӣ. Ҳолати 30%-и заминҳои кишт дар Тоҷикистон хуб нест
Ҷаримаи як сокини Душанбе барои парвариши асп
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста