Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дархост кардааст, ки фаъолияти молиявию хоҷагидории мақомоти шаҳрдориро санҷиш намояд. Дар ин бора сомонаи расмии ин ниҳод хабар медиҳад.
Дархости мазкур бо мақсади таъмини шаффофият ва самаранокии истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе равона шудааст.
“Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади таъмини шаффофият ва самаранокии истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати санҷиши фаъолияти молиявию хоҷагидории мақомот дар соли 2022 дархост ирсол намуданд”, - гуфта мешавад дар хабари нашргардида.
Ин маротибаи аввал нест, ки раиси шаҳри Душанбе аз ин мақоми тафтишотӣ санҷиши фаъолияти молиявиии ниҳоди зери роҳбариашро дархост мекунад.
Солҳои қаблӣ низ Рустами Эмомалӣ аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия айнан чунин хоҳишро карда буд, аммо то кунун натиҷаи санҷишҳои қаблӣ расонаӣ нагардидааст.
Исцеляющий суманак. Легенды, традиции и тайны древнего символа Навруза
АБР запланировал реализацию 20 проектов в Таджикистане
Суд признал неконституционным закрытие USAID Маском и DOGE
Сотрудники милиции Душанбе теперь будут чаще посещать театр
Coca-Cola поддерживает инициативы по расширению прав и возможностей женщин в Таджикистане
Стало известно, когда в квартирах душанбинцев отключат отопление
«Бируни» из Лаккона. Кто он, первый провизор из Таджикистана
Первая сессия нового парламента: Что сказал депутатам Эмомали Рахмон и кто избран спикером
Парламент Кыргызстана одобрил ратификацию Договора о таджикско-кыргызской границе
Узбекский футболист вошел в топ-5 самых дорогих футболистов Азии и постсоветских стран
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста