Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон санҷиши фаъолияти молиявию хоҷагидории мақомоти шаҳрдориро дархост намуд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, ин дархост бо мақсади таъмини шаффофият ва самаранокии истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе равона шудааст.
Ёдрас мекунем, ки 15 феврали соли гузашта зимни мулоқот бо фаъолони пойтахт Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия хост, ки санҷиши "истифодаи пулҳои буҷаи кишвар ва пойтахтро" барои сохтмони биноҳо дар Душанбе то 1 июл ба охир расонад.
Қобили зикр аст, ки аввали моҳи апрели соли сипаришуда Суди шаҳри Душанбе собиқ сардори Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе Саидшариф Анваровро барои порадиҳӣ ва камомад дар харҷи воситаҳои буҷетӣ дар сохтмони маркази тиббии “Истиқлол” ба 18 соли зиндон ва пардохти 9 млн. сомонӣ ҷубронпулӣ маҳкум кард.
Ҳамчунин вобаста ба ин қазия Фазлиддин Маҳмудов, роҳбари ширкати “Тоҷикколхозсохтмон” ба 18 соли зиндон ва муовини ӯ Фирӯз Раҳмонов ба 5 соли зиндон маҳкум шуда, дигар иштирокчиёни парвандаро Суди шаҳри Душанбе ба пардохти ҷаримаҳои ҳаҷмашон ниҳоят зиёд уҳдадор кард.
Маҷмааи тандурустии “Истиқлол”дар майдони беш аз 10 гектар, дар байни Маркази ҷумҳуриявии ташхис ва бозори Султони Кабир ҷойгир шудааст. Марказ аз 38 иншоот, аз ҷумла бемористон бо 650 кат, дармонгоҳ барои қабули 800 беморон дар як баст ва ғайра иборат аст. Барои сохтмони марказ аз буҷети пойтахт зиёда аз 706 млн. сомонӣ маблағ ҷудо шудааст.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.