Имрӯз, 17-уми январ, сафари давлатии Масъуд Пизишкиён, раиси ҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон ба анҷом расид. Ӯ Душанберо бо мақсади сафар ба Маскав тарк намуд.

Дар ин сафаре, ки ду рӯз идома кард, Масъуд Пизишкиён бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон мулоқот ва гуфтугӯи расмӣ намуд. Миёни ду давлат 23 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Дар ҷараёни ин сафар ва дидору суҳбатҳои сарони ду давлат, суханҳои берун аз протоколи расмӣ зиёд гуфта шуд.

Масалан, Эмомалӣ Раҳмон ба тоҷирони эронӣ гуфт, “сармоягузорӣ мекунед ё не, ҳар вақт ва бо оилаатон биёед ба Тоҷикистон”.

Масъуд Пизишкиён ҳам бо хитоб ба тоҷикон таъкид кард, ки “эҳсос кунед, ки Эрон як сарзамини дигаре аст, ки метавонед дар онҷо зиндагӣ кунед”.

Ҳар ду раиси ҷумҳур шеър ҳам хонаданд. Аз “ёди ёр”-у “дидори рӯйи дӯстон” гуфтанд.

Мо суханҳои ҷолибу самимии раисони ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Эронро дар як мавод гирд овардем.

 

“Ба хонаи худатон хуш омадед”

Бояд зикр кард, ки ин аввалин сафари Масъуд Пизишкиён ба Тоҷикистон пас аз интихобаш ба курсии раиси ҷумҳури Эрон буд. Ӯро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Эмомалӣ Раҳмон пешвоз гирифт.

Баъдтар, зимни вохӯрии расмӣ дар Қасри миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Масъуд Пизишкиён гуфт: “Ба хонаи худатон хуш омадед”.

“Сафари Шумо қувваи нав дар равобити гуногунсамти Тоҷикистону Эрон мегардад. Сафари шумо сафари бобаракат хоҳад буд. Хуш омадед!”,-гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Дар ҷавоб Масъуд Пизишкиён зикр кард, ки аз сафар ба Тоҷикистон “хеле хушҳол аст”.

“...эҳсоси ғурбат ҳам намекунам, мисли кишвари худамон аст. Хиёбонҳо, сохтмонҳо, майдонҳо ҳамааш ошност барои мо. Ҳамаи исмҳое, ки шумо дар хиёбонҳо, майдонҳо гузоштаед, ҷузъи китобҳои мост. Мехонем ва эҳсос мекунем, ки воқеан дар Эрон ҳастем, хеле барои ман ҷолиб ва қашанг аст, чун дар ҳеҷ нуқтае аз дунё чунин ҷойро мо суроғ надорем”, - гуфт Пизишкиён.

Пас аз суханҳои расмӣ, Эмомалӣ Раҳмон Масъуд Пизишкиёнро ба ҷашни Наврӯз даъват карда, гуфт, “ҷашни Наврӯзи мо ҷашни хонаводагӣ нест, ҷашни умумимиллӣ аст. Ҳама хурсандӣ мекунанд, 12 рӯз не, 1 моҳ тамоми гӯшаву канори мамлакат хурсандӣ мекунад”.

 


“Маблағгузорӣ мекунед, намекунед бо хонаводаатон ба Тоҷикистон биёед”

Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳи Масъуд Пизишкиён баъди нисфирӯзӣ дар бинои “Маркази ош”-и шаҳри Душанбе дар ҳамоиши тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва гардишгарии ду кишвар иштирок ва суханронӣ карданд.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ин ҳамоиш аз соҳибкорон ва меҳмонон низ даъват кард, ки дар ҷашни Наврӯз бо аҳли оилаашон ба Тоҷикистон ташриф оранд.

“Биёед, маблағгузорӣ мекунед, намекунед, ҳамчун хонаи худатон ҳамроҳи хонаводаатон дар фасли баҳору тобистону тирамоҳ, ҳар вақте, ки барои худатон қуллай бошад, ба Тоҷикистон биёед. Рафту омад кунед, мо таърихи миллии гузаштаи худро бояд дубора эҳё кунем”,- афзуд Эмомалӣ Раҳмон.

Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сӯҳбати худ гуфт, ки “мо як мардум ҳастем, фарҳанги муштарак дорем”.

“Мо мегӯем, ки Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ моли мост, бародарони эронӣ мегӯянд, ки сардафтари адабиёти форс аст. Мо хафа намешавем, бигзор бошад. Мо мегӯем, ки Фирдавсӣ моли мост, мо “Шоҳномахонӣ”-ро эълон кардем, бародарони эронӣ низ ҳамин корро сар карданд....мо якдигарро пур кардем, нагузоштем, ки ба гӯшаи фаромӯшӣ равад”, - иброз дошт ӯ.

 


“Мо дар Тоҷикистон, шумо дар Эрон”

Масъуд Пизишкиён дар ин ҳамоиш гуфт, ки Эрон омодааст, ки ҳамаи монеаҳое, ки дар соҳаи тиҷорат ва сармоягузорӣ мавҷуд аст, аз байн бардорад.

“Ҳеҷ монеа барои он ки бо Тоҷикистон робита барқарор кунем, тиҷорат кунем, илму санъату фанноварию кишоварзӣ ва таҷрибаҳои мухталиф дар ин робитаро бо ҳамдигар табодул кунем, намебинем. Балки истиқбол мекунем, ки бо ҳамдигар ин робитаҳоро самимонатар бикунем”, - зикр намуд ӯ.

Ӯ дар идома гуфт, ки “эҳсос кунед, ки Эрон як сарзамини дигаре аст, ки метавонед дар онҷо зиндагӣ кунед”.

“Яъне эҳсоси ғурбат накунем, шумо дар Эрон, мо дар Тоҷикистон. Агар битавонем чунин сохтореро дуруст кунем, яқинан ҳам шумо баранда хоҳед буд, ҳам мо”,- гуфт Пизишкиён.

Дар поёни суханронӣ, вақте ҳарду президент аз минбар мехостанд поён шаванд, Масъуд Пизишкиён шеъри машҳури Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро қироат намуд:

“Бӯи ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме,
Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме.

Реги Омуву дуруштиҳои ӯ,
Зери поям парниён ояд ҳаме.

Сахтии роҳ осон аст, дидору ёру дӯст ғанимат аст”, - гуфт Пизишкиён.

Эмомалӣ Раҳмон дар ҷавоб дубайтии маъруфи Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро қироат кард:

“Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон,

 Бартар аз дидори рӯи дӯстон”.

 


“Мо аз ҳар ҷанг ва зуроварӣ нафрат дорем”

Масъуд Пизишкиён дар идомаи сафари худ ба Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино рафт ва бо донишҷӯёну табибон вохӯрӣ кард. Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба Масъуд Пизишкиён унвони профессор ва дипломи фахрӣ эҳдо кард.

Ӯ зимни суханронӣ бо донишҷӯён гуфт, ки “мо аз ҳар ҷанг ва зӯроварӣ нафрат дорем ва бо нигоҳи саломат ба мардум менигарем, мо бо нигоҳи кинаву душманию интиқом ба касе нигоҳ намекунем”.

“Мо пизишкҳо мехоҳем мардум саломат зиндагӣ кунанд, аз ҳар танаффур, ҷангу хушунат мутанаффир ҳастем. Аз нигоҳи тиб касе, ки ҷанг мекунад, дар майнааш мушкил дорад. Чун агар мушкил надошта буд инсон бо инсон ҷанг намекунад”,-таъкид кард Пизишкиён.

 


"Раводид бекор шуд"

Дар ҷараёни ин сафар раиси ҷумҳури ҳарду кишвар ба бекор шудани раводид ишора карданд.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “тарзе кор кунем, ки таваҷҷуҳамон бештар ба тарбияи кадрҳо, ба илм, маориф, технология ва фанҳои дақиқ бошад. Ихтироъкорон, муҳандисон дошта бошем, муҳтоҷу пойбанди дигарон набошем” ва таъкид намуд, ки “аввалин шуда раводид миёни Тоҷикистон бо Эронро аз байн бурд то робитаи дӯстии ду кишвар қавитар гардад”.

Масъуд Пизишкиён ҳам дар мулоқот бо эрониёни муқими Тоҷикистон гуфт, ки “пеш аз сафари худ ба Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳукумати Эрон раводид бо Тоҷикистонро бекор кардам”.

“То ҷое ки имкон дорад, мо кӯшиш хоҳем кард раванди ҳаракат байни Эрон ва Тоҷикистонро соддатар созем, ки ин ба манфиати ҳар ду кишвар хоҳад буд”, - иброз дошт раиси ҷумҳури Эрон.

Аммо ҳоло расман маълум нест, ки раводид миёни ду кишвар пурра бекор шудааст ё бо маҳдудиятҳое, ки қаблан вуҷуд дошт.

Ҳамин тавр, Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон, пас аз анҷоми сафари давлатиаш ба Тоҷикистон, субҳи имрӯз, 17-уми январ, ба Русия сафар кард.

Масъуд Пизишкиёнро Маҳмадтоир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва дигар шахсони расмӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе гусел карданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.