ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 17 ЯНВАР

Соли 1995 – Гвардияи президентии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки баъдтар, дар соли 2004 номи Гвардияи миллиро гирифт.

Соли 2012 – Маркази миллии протсессингӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ гардид. Вазифаи асосии ин марказ коркард, идоракунӣ ва ҳамоҳангсозии маълумоти молиявӣ, пардохтҳо ва транзаксияҳо мебошад.

Соли 2014 – Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар дар бораи таҷдиди сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон фармон ба имзо расонид.

Соли 2017 – Дар шаҳри Хуҷанд филиали КВД “Коргоҳи протезӣ ва ортопедӣ” ифтитоҳ гардид.

Соли 2020 – Ба номзадҳо ба вакилӣ манъ карда шуд, ки маводи таблиғотии пешазинтихоботии худро дар ёдгорӣ, объектҳои таърихиву фарҳангӣ, биноҳои муассисаҳои томактабӣ ва масҷидҳо насб намоянд.

Соли 2021 – Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба Палатаи ҳисоби Тоҷикистон дархост фиристод, то фаъолияти молиявию хоҷагии шаҳрдории пойтахт дар соли 2020 санҷида шавад. Бояд гуфт, рӯзи 15 январи соли равон ҳам Рустами Эмомалӣ ҳамчунин ба Палатаи ҳисоби Тоҷикистон ҷиҳати санҷиши фаъолияти молиявӣ ва хоҷагидории шаҳрдории пойтахт дар соли 2024 дархост ирсол намуд. Вале натиҷаи ин санҷишҳо боре расонаӣ нашудааст.

Соли 2022 – Аморати Муттаҳидаи Араб (АМА) барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба ин кишвар сафар мекунанд, талаботи нав ҷорӣ кард.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1893 – Зодрӯзи Розия Озод, шоира, модари академик Бобоҷон Ғафуров.

Розия Озод

Розия Озод яке аз занони равшанзамир дар даврони пурталотум буд ва дар ташаккули шахсияти фарзандаш Бобоҷон Ғафуров нақши боризе доштааст. Ӯ ҳамчунин офарандаи як қатор шеъру достонҳо аст. Махсусан, дар даврони ҷанг баҳри рӯҳбаландии ҳомиёни ватан ашъори ватандӯстона месурудааст.

Маҷмуаҳои “Муҳаббат ба Ватан”, “Гулистони ишқ”, “Аз водии тилоӣ” ва “Иқбол” намунаҳои осори ӯро ҷамъ овардаанд.

Соли 1927 – Зодрӯзи Аҳмад Бобоқулов, Ҳофизи халқии Иттиҳоди шӯравӣ, сарояндаи опера.

Аҳмад Бобоқулов, ки шӯҳраташ бо иҷрои суруди “Республикаи ман” дучанлд гардид, фарзанди Бобоқул Файзуллоев, овозхон ва навозандаи тоҷик аст. Ӯ дар саҳнаи театри тоҷик беҳтарин опреаҳоро барои намоишномаҳои иҷро кардааст.

Аҳмад Бобоқулов ҳамчунин сарояндаи сурудҳои мардумӣ ва классикӣ – “Шашмақом” буда, дар фаъолияти овозхониаш бо тозакориҳо даст задааст.

Колеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи ин овозхони шаҳир номгузорӣ шудааст.

Соли 1932 –  Зодрӯзи Ҷанобиддин Лафизов, ходими давлатӣ, вазири молияи Тоҷикистони шуравӣ.

Соли 1950 – Мавлуди Матлубхон Давлатов, раиси пешини Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқ муовини аввали Сарвазири Тоҷикистон ва собиқ роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент.

Матлубхон Давлатов

Соли 1961 – Зодрӯзи Абдулқодири Раҳим, рӯзноманигор ва адиби тоҷик.

Соли 1961 – Мавлуди Анвар Тағоймуродов, генерал-майори милиса, вакили пешини парлумони Тоҷикистон.

Соли 1914 – Мирзо Сироҷи Ҳаким, пизишк, шоир, рӯшанфикри тоҷик аз олам даргузашт.

Соли 2000 – Шамсӣ Қиём, ҳунарпеша, коргардон, драматург ва тарҷумони тоҷик дар 80-солагӣ аз олам даргузашт.

Соли 2012 – Саидмуҳаммад Каримов, доктори илмҳои физикаю математика дар 75-солагӣ аз олам даргузашт.

Соли 2021 – Дӯстмурод Уроқов, иқтисоддони тоҷик дар 78-солагӣ аз олам даргузашт.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Соли 1773 – Ҷеймс Кук аввалин шуда, доираи қутби ҷанубиро убур кард.

Соли 1920 – Дар Русияи Шӯравӣ ҳукми қатл расман бекор карда шуд.

Соли 1991 – Дар ҷаҳон бори нахуст ба воситаи кураи ҳавоӣ парвоз тариқи Уқёнуси Ором анҷом дода шуд.

Ҳамасола 17-уми январ дар саросари дунё Рӯзи байналмилалии ихтирооти кӯдакон ҷашн гирифта мешавад. Ин сана ба зодрӯзи Бенҷамин Франклин, яке аз арбобони шинохтаи амрикоӣ, олим, ихтироъкор ва рӯзноманигор рост меояд, ки дар синни 12-солагӣ бори аввал дастпушҳо барои шиновариро ихтироъ кард.

Бенҷамин Франклин

Дар ин санаи соли 1377 Папаи Рим, Григорий XI-ро ба Ватикан – давлати аз ҳама хурдтарин бо масоҳати ҳамагӣ 44 гектар гусел карданд. Аз ҳамон замон Ватикан қароргоҳи Папаи Рим қарор гирифт.

Ҳозира Папаи Рим Хорхе Марио Берголо

Соли 1942 - Зодрӯзи Муҳаммад Алӣ, "шоҳ"-и бокси муосир. Ин муштзани ҳирфаии амрикоӣ, яке аз муштзанҳои маъруф дар таърихи бокси ҷаҳонӣ. Муштазни сиёҳпӯсти амрикоӣ дар солҳои 1960-ум номдор шудт. Ӯ дар синни 75 солагӣ 3 июни соли 2016 дар Амрико вафот кард.

Муҳаммад Алӣ

 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 17 ЯНВАРИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2+3º, рӯзона 3+8º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5-10º сард, рӯзона -2+3º.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2+3º, рӯзона 7+12º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона -2+3º, рӯзона 4+9º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ –  Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5º гарм, рӯзона 9+14º гарм,  дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 7-9º сард, рӯзона 1+6º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 0-2º сард.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят барф (дар ноҳияи Дарвоз) меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 8-13º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 0-2º сард, рӯзона -4+1º, дар баъзе ноҳияҳо то 5+7º гарм, дар шарқи вилоят шабона аз 33-38º то 25-30º сард, рӯзона аз 12-17º то 20-25º сард.             

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш (0,0-0,5мм). Ҳарорат: шабона 2+4º гарм, рӯзона 11+13º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона -1+1º, рӯзона 6+8º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои  тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 0+2º гарм, рӯзона 10+12º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм). Ҳарорат: шабона 10-12º сард, рӯзона 0-2º сард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.