Имрӯз, 17-уми январ дар бинои нави ҳукумати Тоҷикистон ҷаласаи солонаи ҳукумати кишвар баргузор шуд. Дар ҷаласа натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии соли 2024 баррасӣ шуда, вазифаҳо барои соли 2025 муайян шудаанд.

Ба иттилои хадамоти матбуоти раисҷумҳур, дар маҷлис аъзои ҳукумат, роҳбарону ниҳодҳои давлатӣ, раисони вилоятҳову шаҳру ноҳияҳо, инчунин намояндагони бонкҳо ва дигар шахсони масъул иштирок карданд.

Қоҳир Расулзода, сарвазири кишвар дар робита ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ дар соли 2024 щшисобот дод.

Қоҳир Расулзода

Ба таъкиди сарвазир, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) дар соли 2024-ум 154,3 миллиард сомонӣ расидааст, ки нисбат ба соли 2023-юм 22,6 миллиард сомонӣ бештар аст. 

Соли гузашта нақшаи қисми умумии даромади буҷети давлатӣ иҷро гардида, воридоти маблағҳо ба буҷет 46,9 млрд. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 1,8 млрд. сомонӣ зиёд мебошад.

Ҳамҷунин ба иттилои сарвазири кишвар дар соли 2024 нақшаи ҷамъоварии андозу пардохтҳо пурра иҷро шудааст. 

1/7

Аз ҷумла, нақшаи ҷамъоварии андозу пардохтҳо аз ҷониби Кумитаи андоз 20,4 миллиард сомонӣ ё 105,3 фоиз иҷро шудааст, ки нисбат ба нақша18 миллион сомонӣ зиёд аст. 

Хадамоти гумрук нақшаро 9,7 млрд сомонӣ ё 106,8 фоиз кардааст, ки нисбат ба нақша 618 миллион сомонӣ зиёд аст.

Даромади суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз андози иҷтимоӣ 3,8 миллиард сомонӣ иҷро шудааст, ки нисбат ба нақша 9,4 фоиз зиёд аст.

Ба иттилои Қоҳир Расулзода дар соли 2024-ум 740 корхонаву коргоҳҳои нави истеҳсолӣ, аз ҷумла 528 корхонаи саноатӣ бо 20 ҳазор ҷойи кори нав ба истифода дода шудааст.

Сармояи хориҷӣ воридшуда ба кишвар дар соли 2024 - 4,9 миллиард доллар расидааст, ки нисбат ба соли 2023 - 2,1 миллиард доллар бештар аст.

Лоиҳаҳои сармоягузории давлатии амалкунанда дар соли 2024 - 90 адад бо маблағи 51,9 миллиард сомонӣ аст;

Гардиши савдо дар соли 2024 - 65,8 миллиард сомонӣ, ки нисбат ба соли 2023 - 13,6 фоиз афзоиш ёфтааст;

Шумораи муассисаҳои томактабӣ дар умум - 744 адад, ки дар муқоиса ба соли 2023-юм - 27 муассиса зиёд аст;

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар соли 2024 - 273 адад бо 57 ҳазору 610 ҷойи нишаст дар як баст бунёд гардидааст;

Гуфта мешавад, ки дар соли 2024 тавассути ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ 22 ҳазору 500 нафар дар Тоҷикистон бо кор таъмин шудаанд. Дар соли 2024-ум 247 ҳазор ҷойҳои кории нав таъсис ёфтааст.

Ба иттилои манбаъ дар идомаи маҷлис Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молия Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдо, Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андоз, Хуршед Каримзода, сардори Хадамоти гумрук ва Дилмурод Давлатзода, директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз фаъолияти ниҳодҳояшон ҳисобот додаанд.

1/2

Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони вазорату идораҳои самти иқтисод ва молия дар пайи ҳисоботашон доир ба дарёфти сарчашмаҳои нави даромад ба буҷети давлатӣ супоришҳои мушаххас доданд.

Ҳамчунин, дар робита ба пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, бартарафсозии қонуншиканиҳо дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва риояи ҳатмии қонунҳои амалкунандаи кишвар Юсуф Раҳмон, Додситони кулли Тоҷикистон Сулаймон Султонзода, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Қарахон Чиллазода, раиси Палатаи ҳисоб ҳисобот додаанд.

1/3

Дар идома, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Султон Раҳимзода, Раиси Бонки Миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода, Раиси Бонки давлатии амонатгузории Амонатбонк Алиҷон Салимзода, вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир, вазири кишоварзӣ Қурбон Ҳакимзода, вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа оид ба рафти иҷрои супоришҳои ҳукумати Тоҷикистон ва вазъи рушди соҳаҳо ба сарвари давлат гузориш доданд.

1/4

 

Ҳисоботи Рустами Эмомалӣ ва раисони вилоятҳо ба Эмомалӣ Раҳмон

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе зимни ҳисоботи худ иттилоъ додааст, ки соли 2024 маҷмуи маҳсулоти пойтахт ба 31,3 миллиард сомонӣ расида, суръати афзоиши он нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз афзоиш ёфт. Ҳиссаи пойтахт дар маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар 20,4 фоизро ташкил кардааст.

Корхонаҳои саноатии шаҳри Душанбе дар ин давра ба маблағи 5,2 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд ва суръати рушд нисбат ба соли гузашта 25 фоиз афзоиш ёфт. Ҳаҷми содироти корхонаҳои шаҳр ба хориҷи кишвар ба беш аз 170 миллион сомонӣ расонида шуд.

Рустами Эмомалӣ

Ба таъкиди раиси шаҳр соли гузашта дар пойтахт 141 коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ бо беш аз 7600 ҷойи кории нав ба фаъолият шуруъ намуд.

Соли 2024 дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоии шаҳр аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо зиёда аз 43 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шудааст.

Таъкид гардид, ки соли 2024 дар корхонаҳои барқу гармидиҳӣ 1,7 миллиард киловатт - соат неруи барқ истеҳсол карда шуд, ки нисбат ба соли гузашта 31 фоиз зиёд мебошад. Барои эҳтиёҷоти шаҳр 4,2 миллиард киловат-соат неруи барқ истифода гардид, ки ин нишондиҳанда, нисбат ба соли гузашта 535 миллион киловатт-соат зиёд аст.

Маблағи умумии барқи истифодашуда 1,5 миллиард сомониро ташкил дода, ҷамъоварии маблағи он ба 96 фоизи нақша баробар гардид.


Соли 2024 беш аз 635 ҳазор метри мураббаъ ва дар ҳашт соли охир зиёда аз 3 миллион метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ва марказҳои савдову хизматрасонӣ ба истифода супорида шуд.

Соли сипаришуда барои иҷрои корҳои сохтмону лоиҳакашӣ 927 миллион сомонӣ маблағҳои буҷетӣ равона гардида, як қатор иншооту инфрасохтори соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва шабакаҳои муҳандисӣ ба таври замонавӣ тарҳрезӣ ва навсозӣ гардиданд.

Давоми соли 2024 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо дар шаҳри Душанбе 32 километр роҳҳо ба маблағи 617 миллион сомонӣ сохтмону навсозӣ шуд.

Бо мақсади гузариш ба «иқтисоди сабз» соли 2024 30 электробус ба истифодаи сокинон қарор дода шуд ва харидории боз 60 электробус дар назар аст. Барои татбиқи консепсияи нақлиёти барқӣ якҷо бо ширкатҳои кироякаш ва соҳибкорон 4350 мошини барқӣ ворид гардида, парки нақлиётии ширкатҳои кироякаш пурра ба нақлиёти барқӣ гузаронида шуд.

Буҷети шаҳр дар соли 2024 ба маблағи 4,6 миллиард сомонӣ ё 11 фоиз барзиёд иҷро гардид, ки нисбат ба нақша 452 миллион сомонӣ зиёд мебошад.


Соли 2024 ба иқтисоди пойтахт 4,7 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ҷалб гардида, дар ҳашт соли охир ин рақам ба 30 миллиард сомонӣ расид.

Ба ин хотир соли 2024 дар шаҳри Душанбе 7 муассисаи таълимӣ бо 13 ҳазору 620 ҷойи нишаст ва 3 муассисаи томактабӣ барои беш аз 500 тарбиятгиранда сохта, ба истифода дода шуд.

Дар 8 соли охир, 53 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо 96 700 ҷойи нишаст ва 25 муассисаи томактабӣ барои 4 ҳазору 800 тарбиятгиранда бунёд карда шуд.


Ҳоло дар шаҳр сохтмони боз 21 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо 40 ҳазор ҷойи нишаст дар ду баст ва 60 муассисаи томактабӣ барои беш аз 12 ҳазор тарбиятгиранда бомаром идома дорад.

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид доир ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар соли 2024 ҳисобот доданд.

Таъкид шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ иҷрои нақшаи буҷети маҳаллии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз рӯи даромадҳои худӣ ба андозаи 107,9 фоиз иҷро шуд.

1/2

Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ба бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ диққати зарурӣ дода шуда, 43 коргоҳи саноатӣ ба истифода дода шуд.

Дар вилояти Суғд бошад, тибқи нақша дар соли 2024 166 корхонаву коргоҳи нав бо 2060 ҷойи корӣ ба фаъолият шуруъ кард. Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят ба 30 миллиард сомонӣ расонда шуд.

1/3

Дар вилояти Хатлон давоми соли 2024 155 иншоот ба истифода дода шуд, ки 58 адади он бо маблағи умумии 90 миллион сомонӣ аз ҳисоби соҳибкорони маҳаллӣ бунёд гардидааст.

Гуфта шуд, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба ифтихори 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 1663 иншоот сохта шуд, ки 134,1 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад.

1/3

Эмомалӣ Раҳмон ба раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар барои густариш бахшидани раванди омодагӣ ба ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ, татбиқи нишондиҳандаҳои паёми Тоҷикистон, зери назорат гирифтани раванди таълиму тарбияи насли наврас, баррасии саривақтии арзу шикоятҳои мардум, дастгирии соҳибкорӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ ва бештар намудани ҳаҷми содироти онҳо дастуру супоришҳои мушаххас додааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.