ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 18 ЯНВАР
Соли 1993 – Тоҷикистон узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) шуд.
Соли 1999 – Радиои “Садои Душанбе” ба фаъолият оғоз намуд.
Соли 2020 – Дар Тоҷикистон ҷарима барои иштирок дар ҳамоишҳои созмонҳои диниву ҷамъиятӣ, ки дар Тоҷикистон расман сабти ном нашудаанд, 4 баробар зиёд шуда, ба 200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (1 нишодиҳанда барои ҳисобҳо дар соли 2025-ум 75 сомонӣ) расид.
Соли 2022 – Алишер Ҷалилов, капитани дастаи футболи “Истиқлол” ва беҳтарин футболбози чемпионати Тоҷикистон дар соли 2021, ба тими ӯзбекии АГМК гузашт.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1927 – Мавлуди Солеҳ Салоҳ, ховаршинос ва нависандаи тоҷик.
Солеҳ Салоҳ дар соҳаи тарҷума ва таҳқиқи адабиёт бо эҷоди ҳикояҳову баргардони як зумра ҳикоёту аз забони русӣ саҳм гузоштааст. Ӯ яке аз муҳаррирони Энсиклопедияи советии тоҷик ва “Луғати русӣ-тоҷикӣ” аст.
Солеҳ Салоҳ як қатор ҳикояҳои хурду ҳаҷвӣ ҳам эҷод карда, соли 1978 китоби “Мусиқии баҳор” ва соли 1989 маҷмӯаи “Ёди чашмони ашколуд”-ро таълиф намуд. Ӯ ҳамчунин як қатор ҳикояҳои Чехов ва Чингиз Айтматовро ба тоҷикӣ тарҷума кардааст.
Солеҳ Салоҳ 13-уми декабри соли 2004 дар синни 77-солагӣ аз олам даргузашт.
Соли 1964 – Мавлуди Ғаффор Мирзоев, файласуфи тоҷик, доктори илмҳои фалсафа.
Ғаффор Мирзоев яке аз пажӯҳишгарони масоили иҷтимоӣ ва фалсафаи дин буда, дар ин ришта як зумра таҳқиқот анҷом дода, китобҳо таълиф намудааст.
Ӯ аз ҷумла китоби “Таърихи динҳо”-ро ҳамчун китоби дарсӣ барои донишҷӯёни макотиби олӣ ва аспирантону унвонҷӯён таълиф кардааст.
“Ислом дар матни шуури иҷтимоии мардуми тоҷик”, “Вижагиҳои ташаккул ва таҳаввули тафаккури динии тоҷикон” низ аз ҷумлаи осори ӯ мебошанд.
Соли 1385 – Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, файласуф, шоир ва нависандаи форс-тоҷик дар синни 70-солагӣ аз олам даргузашт.
Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ орифи бузург, шоир ва мутафаккири исломии асри XIV буд, ки дар рушди фарҳанг ва илми форсу тоҷик нақши бузург дорад. Ӯ пайрави тариқати Суфии Кубравия буд ва таълимоти ирфонӣ ва ахлоқии худро дар сарзаминҳои гуногун, аз Ҳиндустон то Осиёи Миёна паҳн кардааст. Осори ӯ, аз ҷумла маҷмӯаи ашъори ирфонӣ ва фалсафии “Захират-ул-мулук” ҳамчун сарчашмаи илму маърифат то имрӯз арзишманд боқӣ мондааст.
Соли вафоти Сайид Алии Ҳамадониро баъзе муҳаққиқон 1384, қисми дигар 1385-и мелодӣ гуфтаанд ва дар ин хусус баҳсу муназираҳои зиёде мавҷуданд. Алҳол аҳли адаби кишвар аз рӯйи ақидаи Саида Ашраф Зафар, муҳаққиқ соли 1386-и мелодиро соли вафоти Сайид Алии Ҳамадонӣ меҳисобанд.
Дар Тоҷикистон ноҳияе ба номи ин мутафаккир гузошта шуда, дар шаҳри Кӯлоб мақбарааш макон дорад ва рӯйи пули миллии даҳ сомона акси ӯ дарҷ гардидааст.
Соли 2007 – Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ, шоир ва нависандаи тоҷик дар синни 83-солагӣ аз олам даргузашт.
Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ бо оғози Ҷанги бузурги ватанӣ ба майдони ҷанг рафт ва соли 1944 бо ҷароҳати вазнин ба зодгоҳаш Конибодом баргашт ва минбаъд ба кори адабиву илмӣ рӯ овард. Ӯ Шоири халқии Тоҷикистон буда, дар ин баробар драма ва асарҳои насрӣ низ эҷод кардааст.
Қаҳҳорӣ шоири ҷанговар буда, дар навиштаҳояш тараннуми ғояҳои ватандӯстӣ, озодихоҳӣ ва ишқу муҳаббат эҳсос мешаванд. Маҷмуаҳои шеърии “Шукуфаҳои аз хун дамида”, “Шаби пеш аз марг”, “Шаҳиди зинда”, “Қиссаи нави “Юсуфу Зулайхо” аз ин қабиланд. Асарҳои мансураш дар китобҳои “Гардиши айём”, “Умри ғанимат” ба табъ расидаанд. Ҳамчунин, як қатор драмаҳояш дар театрҳои ҷумҳурӣ саҳнагузорӣ шудаанд.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
18 январи соли 1943 нерӯҳои Шӯравӣ муҳосираи Ленинградро рахна карданд. Гарчанде шаҳр боз як сол дар муҳосира буд, рахнаи муҳосира шароити ҷабҳаи Ленинградро хеле беҳтар кард. Долони паҳноиаш 8-11 километр, ки аз ҷабҳаи Волхов то Шлисселбург тӯл мекашид, робитаи хушкӣ байни Ленинград ва кишварро барқарор кард.
Дар соҳили ҷанубии кӯли Ладога сохтмони роҳи оҳани Шлисселбург – Поляна бо дарозии 36 км оғоз ёфт. Рӯзи 6 феврали соли 1943, тавассути ин роҳ аввалин қатораҳо ба Ленинград ворид шуданд. Ин як қадами муҳими озодии Ленинград буд.
18 январи соли 1964 табибони амрикоӣ аз Конгресс даъват карданд, ки ширкатҳои тамокуфурӯширо ба навиштани ҳушдор дар бораи зарари сигоркашӣ дар қуттиҳои сигор уҳдадор кунанд.
Аз он замон то имрӯз беш аз 60 сол гузашт, аммо навиштаҷот дар бораи зарари сигоркашӣ аксар вақт аз ин амал бознамедорад.
Дар ҳоли ҳозир, дар қуттиҳои сигори бисёр кишварҳо на танҳо навиштаҷот, балки тасвирҳои даҳшатноке ҷой дода шудаанд, ки таъсири зараровари он ба саломатии инсонро нишон медиҳанд ва мардумро ба даст кашидан аз сигор даъват мекунанд.
Тибқи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, дар асри XX сигоркашӣ сабаби марги 100 миллион нафар дар саросари ҷаҳон шудааст ва дар асри XXI ин рақам метавонад ба 1 миллиард расад.
Соли 1995 – Дар натиҷаи заминҷунбӣ дар шаҳри Кобеи Ҷопон зиёда аз 5 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.
ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 18 ЯНВАРИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борон ва барф борида, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2+3º, рӯзона 2+7º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5-10º сард, рӯзона 0-5º сард.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борон ва барф борида, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2+3º, рӯзона 0+5º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона -2+3º, рӯзона 1+6º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борон ва барф меборад ва дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2+3º, рӯзона 1+6º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 8-10º сард, рӯзона 0+5º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 1-3º сард.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят барф меборад ва дар шарқи вилоят ҳавои бебориш дар назар аст. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 8-13º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 0-2º сард, рӯзона -4+1º, дар баъзе ноҳияҳо то 5+7º гарм, дар шарқи вилоят шабона 26-31º сард, дар баъзе минтақаҳо то 40-42º сард, рӯзона аз 12-17º то 20-25º сард.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, боришоти сусти борон дар назар аст. Ҳарорат: шабона 1+3º гарм, рӯзона 4+6º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: шабона 0-2º сард, рӯзона 4+6º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм). Ҳарорат: шабона 0+2º гарм, рӯзона 3+5º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм). Ҳарорат: шабона 9-11º сард, рӯзона 0-2º сард.
Эрон раводидро пурра лағв кардааст. Акнун навбати Тоҷикистон
Идомаи тағийроти кадрӣ. Раисони чанд шаҳру навоҳӣ ва муовини якуми Рустами Эмомалӣ иваз шуданд
Дарвозаҳои электронӣ дар фурудгоҳи Душанбе аз 15 марти соли 2025 ба кор медароянд
Дар кадом кишвари Осиёи Марказӣ ҳаҷми маош аз ҳама баландтар аст?
То 300 нафар дар як ҳафта. Баъди ҳодисаи “Крокус” бозгашти муҳоҷирон тавассути фурудгоҳи Кӯлоб зиёд шудааст
Ширкати “Сомон Эйр” хатсайри Душанбе - Лондонро роҳандозӣ мекунад
Азим Иброҳим ҳадафи таъсиси Фонди роҳро дар Тоҷикистон шарҳ дод
Вазири нақлиёт гуфт, дар бораи оғози сохтмони метро дар Душанбе “сухан гуфтан ҳанӯз барвақт аст”
Раиси нави Хадамоти алоқа сабаби суст будани интернетро гуфт ва ваъдаи арзон кардани нархи онро дод
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Баҳои ҳар кас ба миқдори ҳиммати ӯст”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста