Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон имрӯз дар нишасти хабарӣ гуфт, ки дар бораи оғози сохтмони метро дар Душанбе сухан гуфтан ҳанӯз барвақт аст. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло танҳо масъалаи зарур будани сохтмони метро баррасӣ мешавад.
«Вақте ки ҳоло таҳлили техникию иқтисодӣ (ТТИ) надорем, чӣ гуна метавонем дар бораи муҳлати сохтмон сухан ронем? – гуфт ӯ имрӯз, 29 январ, дар нишасти матбуотӣ дар Душанбе.
Вай зикр кард, ки дар айни ҳол раванди таҳияи таҳлили пешакии техникию иқтисодӣ идома дорад, ки дар моҳи март – апрели соли ҷорӣ ба анҷом мерасад. Пас аз ин, ба гуфтаи ӯ, таҳияи он оғоз гардида, баъдан лоиҳаи муфассали сохтмони метро омода хоҳад шуд.
Дар маҷмӯъ, вазир илова кард, ки дар марҳилаи аввал нақшаи сохтмони се хатти метро мавҷуд аст – аз Сирки давлатӣ то дарвозаҳои ҷанубӣ, шимолӣ ва шарқии пойтахт.
Қаблан, Вазорати нақлиёт хабар дода буд, ки сохтмони метро дар шаҳри Душанбе дар моҳҳои июн-июли соли ҷорӣ шурӯъ мегардад. Баъдан онро иваз кард ва навишт, ки “корҳои омодагӣ ба сохтмони метро дар Душанбе тобистони соли равон оғоз мешавад”.
Дар он хабар гуфта мешуд, ки аввалин шохаи метро бо дарозии 10,5 км аз қисмати ҷануби шаҳр (Дарвозаи Ҷанубӣ) ба марказ то маҳалли Сирки давлатӣ сохта мешавад.

Бояд гуфт, ки метрои Душанбе бо кӯмаки молиявии Кореяи Ҷанубӣ сохта мешавад. Бонки Кореяи Ҷанубӣ барои гузаронидани корҳои пешакӣ 200 ҳазор доллар ҷудо мекунад ва он зеризаминӣ мешавад.
Ёдрас мешавем, ки 1-уми марти соли 2022 миёни Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва ширкати “Роҳи оҳани миллии Корея” дар бораи сохтмони метрои пойтахт ёддошти тафоҳум ба имзо расид.
Баъдан 22-юми августи соли 2023 Вазорати нақлиёт бо Бонки содиротию воридотии Корея (“Эксимбонк”) ҷиҳати маблағгузории омӯзиши пешакӣ ва асосноккунии техникию иқтисодии сохтмони метро дар Душанбе созишнома бастанд. Намояндагони бонк розӣ шуданд, ки ҳамчунин таҳияи муфассали лоиҳаро низ маблағгузорӣ кунанд.
Қабан, як манбаъи “Азия – Плюс” аз шаҳрдории Душанбе гуфта буд, ки нахустин хатти метрои пойтахт охири соли 2040 мавриди истифода қарор мегирад.
Моҳҳои охир тамбашавии нақлиёт дар Душанбе боиси нороҳатии сокинон ва меҳмонони пойтахт гардидааст. Мақомот барои кам кардани тамбашавӣ чораҳо меандешанд, вале бенатиҷа. Ҳам мақомот ва ҳам сокинони кишвар бовар доранд, ки сохтмони метро сатҳи тамбашавӣ дар пойтахтро аз байн мебарад.
Тоҷикон кадом намуди мошинҳоро меписанданд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 марти соли 2025
Воридоти гӯшт аз Беларус ва Қазоқистон метавонад нархи онро поин кунад?
Модар фаришта аст... Рӯзи модар муборак, бонувони азиз!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 марти соли 2025
Ҳаяҷону шодӣ, тақдими туҳфаҳо ва хандаҳои самимӣ. Иқдоми “Модарони мо” чӣ гуна гузашт?
Омори занон дар “Роғун”, ҳиссаи занон дар дар фазои сиёсӣ ва тақдими “Шоҳнома”. Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури бонувон боз чӣ гуфт?
“Анора”. Чаро намоиши филме, ки “Оскар” гирифт, дар Ӯзбекистон манъ шуд?
Тавонмандсозии иқтисодии деҳқонону ҳунармандон дар Хатлон
Кумитаи тафтишотӣ қонунӣ будани онро месанҷад. Боз тақдими хона ба оилаи тоҷик дар Русия баҳсбарангез шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста